Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушду такомули ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосӣ бояд бошад

№5 (3955) 12.01.2019

45556770705_8b4343da85_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян намуданд.

Сарвари давлат соли 2018-ро бо рӯйдодҳои муҳиму хотирмон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки «Бис­ту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид».

Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст нишондодҳои рушди иқтисодии ҷумҳуриро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, зикр намуданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузург дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолиятро барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олӣ эълон намудааст.

Бори дигар собит гардид, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Таъкид шуд, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд». Қайд гардид, ки оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ҳар чӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд. Ин аз баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеаи Тоҷикис­тон дарак медиҳад.

Дар Паём бурдубохти соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, махсусан, боло бардоштани сифати таълиму тарбия, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф маҳсуб меёбанд, таҳлил ва вазифаҳои минбаъда мушаххас карда шуданд.

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ вазифадор гардиданд, ки бо ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд. Таъкид шуд, ки муқовимат бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президент ҳаёти ҷомеаро ба дигаргуниҳои куллӣ роҳнамоӣ менамояд ва дар асоси он давлату ҷомеаи навини тоҷикон рушду такомул меёбад.

Соиб САИДЗОДА, таҳлилгар