Рустам Латифзода аз нав раиси ҲАТ интихоб шуд

№154 (4104) 24.12.2019

DSC_163220 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Анҷумани VII Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) баргузор гардид. Дар он роҷеъ ба вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат ва ширкати ҲАТ дар интихобот раиси он Рустам Латифзода маърӯза кард.

Зикр шуд, ки дар панҷ соли охир беш аз 1,5 ҳазор шаҳрванди кишвар ба узвияти ҲАТ пазируфта шудааст. Ҳоло ҳизб беш аз 50 ҳазор узв дорад.

Рустам Латифзода перомуни омодагӣ ба интихоботи дарпешистода гуфт:

- Ҳизби мо деҳқонони олиҳиммат, кормандони муассисаву ташкилотҳои комплекси агросаноатӣ, зиёиён, олимону донишҷӯён ва касонеро, ки ояндаи соҳаи кишоварзӣ барояшон авлавият дорад, муттаҳид месозад. Мақсади асосии иштироки ҲАТ дар интихобот, саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа, таҳким ва тақвият бахшидани қонунгузории миллӣ мебошад. Айни ҳол панҷ аъзои ҳизб дар парламенти мамлакат фаъолият менамоянд. Фраксияи ҲАТ бо аъзои фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон 21 лоиҳаи қонун, аз ҷумла, 8 қонуни мукаммали соҳавиро таҳия намуд.

Сипас, чанде аз вакилон суханронӣ ва бори дигар якдилона Рустам Латифзодаро ба сифати раиси ҲАТ интихоб намуданд. Ҳамин тариқ, муовинони раиси ҲАТ, Барномаи пешазинтихоботии он ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар ҳайати 13 нафар тасдиқ шуданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»