Аз фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Саҳмгузорӣ дар ободии диёр шаҳодати болоравии ҳисси ватандӯстист

№49 (3999) 02.05.2019

0-02-05-cea91d2724ca94f3274d3a7312edab3dd5cc482441b928c0e4d969c982395052_daa0fcb1Бародарон Саъдуллоевҳо — сокинони деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат, бо ташаббуси қиблагоҳашон маб­лағи барои адои ҳаҷ ҷамъовардаи падар ва пасандозашонро ҷиҳати бунёди мактаб барои 800 хонанда, мумфарш намудани 2 километр роҳ, эъмори варзишгоҳ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ харҷ карданд.

Сокини дигари деҳа Ашӯралӣ Ҳомидов низ аз ин раванд дар канор намонда, варзишгоҳ ва толори варзишӣ бунёд карду ба ихтиёри ҳамдеҳагон гузошт. Илова бар ин, ӯ ният дорад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳаммоми замонавӣ бунёд намояд.

Дар деҳоти номбурда ба маънои том ҳаёт ҷӯш мезанад. Санаторияи «Оби шифо», маркази фарҳангӣ, ду китобхона, як маркази ҷавонон, ҳашт бунгоҳи тиббӣ, се маркази саломатӣ, беморхонаи минтақавии деҳаи Гулобод, ду муассисаи томактабӣ, 11 муассисаи таълимӣ ва 21 кумитаи маҳалла фаъолият доранд.

Кишоварзӣ соҳаи асосии ҷамоат маҳсуб шуда, кооперативи тиҷоратии ба номи А. Кенҷаев, ки дар ихтиёр 9043,4 гектар замин дорад, хоҷагиҳои деҳқонии «Саховат», «Сомониён», «Холмуродӣ», хоҷагии деҳқонии коллективии «Муслим», хоҷагии ёрирасони «Малик — М», Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, ки дорои 920 гектар замин мебошанд, дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳм доранд. Дар  ҷамоат якчанд гарм­хона ҳам мавҷуд аст. Яке аз онҳо аз ҷониби Алишер Зокиров дар масоҳати 0,40 га бунёд гардида, сокинони шаҳр ва берун аз онро бо помидору бодиринг ва дигар полезиҳо таъмин менамояд.

Таваҷҷуҳ ба соҳибкории истеҳсолӣ низ зиёд аст. Корхонаҳои хиштбарории аз тарафи соҳибкорон Ҷаҳонгир Маҳмадалиев, Ашӯралӣ Ҳомидов ва Зафар Қодиров сохташуда, дар як шабонарӯз аз 20 то 40 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунанд.

Дар маҷмӯъ, нишондиҳандаҳои фаъолият ва рӯҳияи сокинони деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки соли 1936 таъсис ёфтааст ва аз 19 деҳа иборат асту дар онҳо 26740 нафар маскунанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки бо азми қавӣ ва боварӣ ба фардои дурахшон кору пайкор менамоянд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки масъулин муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» — ро дар сатҳу сифати баланд иҷро мекунанд.

Рушди соҳибкории хурд ҳам дар мадди назари масъулини деҳот қарор дорад. Ҳоло дар ин ҷо чор корхонаи калони истеҳсоли хишти пухта, ҶДММ «Новопласт», сехи дуредгарӣ, сехи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, ду нуқтаи таъмир ва шустушӯи нақлиёт, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва сехи қаннодӣ фаъолият доранд.

Зимни суҳбат раиси ҷамоати деҳот Неъматулло Бобозода аз муқаррароти моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ки тибқи он фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот «ба қонуният ва адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, демократия, ошкорбаёнӣ, ба эътибор гирифтани афкори омма, мустақилият, худидоракунӣ ва масъулият дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, ҳисоботдиҳанда будан дар назди аҳолӣ, иштироки шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ, мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ, коллегиалӣ будани фаъолияти ҷамоат» асос меёбад, ёдовар шуда, иҷрои онҳоро асоси пешрафти фаъолият арзёбӣ кард.

Доир ба фаъолияти вакилони ҷамоат сухан ронда, Неъматулло Бобозода гуфт, ки теъдоди онҳо 27 нафар аст. Тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» онҳо дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Ҳамчунин, дар ҳама ҷанба фаъолияти арзанда доранд.

Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки дар партави ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — эълон намудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аксар ҳунарҳои аз мадди назар дурмонда, аз қабили қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, попурзанӣ, табақтарошӣ, кандакорӣ эҳё гардиданд. Маҳсули дасти ҳунармандон Ҳилолбӣ Ғаниева, Дилхоҳ Шарипова, Файзимоҳ Ёдгорова, Даврон Орифбоев, Ҷонмаҳмад Ҷалолов, Нуъмон Қобилов, Умаралӣ Холов, Тағоймурод Қосимов ва дигарон на танҳо дар шаҳри Ваҳдат, балки берун аз он низ шуҳрат доранд.

Дар назар аст, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019 — 2021 дар деҳоти мазкур 43 иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳашт сартарошхона, ду ҳаммоми замонавӣ, чор бунгоҳи тиббӣ, ду чойхона, ду варзишгоҳи хурд, се сехи дӯзандагӣ, се кошонаи ҳусн, ду маркази ҷавонон, беморхона, истгоҳи замонавӣ ва 14 мағоза бунёд гардад. Илова бар ин, аз ҷониби соҳибкорону ашхоси саховатманд роҳи дохили деҳаҳо таъмир ва аҳолии се деҳа бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин хоҳанд гашт.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»