Сабаби диабет хӯрдани қанди зиёд нест

№92 (4042) 30.07.2019

487Бисёриҳо гумон мекунанд, ки агар кас қанди зиёд нахӯрад, гирифтори диабет намешавад. Аммо гирифторшавӣ ба диабет танҳо аз ин вобаста нест. Диабети типи 1 бештар ирсӣ буда, аксар вақт баъди бемориҳои сироятӣ сар мезанад. Диабети типи 2 асосан бо сабабҳои пурхӯрӣ, камҳаракатӣ, асабоният ва зарбаҳои рӯҳӣ пайдо мешавад. Сокинони шаҳр нисбат ба деҳотиҳо камҳаракат буда, зиёдтар дучори стресс мегарданд. Аз ин рӯ, гирифторони диабет миёни шаҳрнишинон бештар аст.

Духтури ғадудшиноси Маркази саломатии № 15-и шаҳри Душанбе Орзухонум Маҳмудӣ мегӯяд, ки дар давраҳои аввали беморӣ агар шахси гирифтори диабет ба парҳез ва тавсияҳои табибон риоя кунад, муддати дароз муътадил зиндагӣ хоҳад кард. Масалан, теннисбози шинохта Билл Талберт, ки дар 12-солагиаш ба бемории диабет гирифтор шуд, 82 сол умр дид. «Шоҳ»-и футбол Пеле ва хокейбози маъруфи канадагӣ Бобби Кларк бо вуҷуди диабети қанд будан солҳои зиёд ба мухлисон бозии хуб нишон дода тавонистанд. Яъне, барои мубориза бурдан бо диабет иродаи мустаҳкам доштану тарзи ҳаёти солим (худдорӣ аз машруботу тамоку, машғул шудан ба варзиш)-ро пеша намудан муҳим аст. Аксари гирифторони диабет аз камшавии муҳаббати атрофиён шиква мекунанд. Барои ғолиб омадан ба ин беморӣ бояд ҳадаф гузошт ва барои расидан ба он кӯшиш намуд.

Олимони коллеҷи Империал ва Донишгоҳи Лондон тайи солҳои 2009-2011 зимни назарпурсии 20000 сокини Англия ба чунин хулоса омаданд, ки дучархасаворӣ, пиёдагардӣ, истифода аз нақлиёти умумӣ хатари фарбеҳшавӣ ва гирифтор шудан ба бемории диабети қандро 40 фоиз коҳиш медиҳад. Муайян гардид, ки бо таксӣ ва мошини шахсӣ ба ҷойи кору таҳсил рафтан боиси зиёд шудани вазн мегардад. Ашхоси пиёда ба ҷойи кор мерафта нисбат ба мошинсаворон 17 фоиз камтар ба фишорбаландӣ дучор мешудаанд, — мегӯяд Орзухонум Маҳмудӣ.

Дар муайян кардани бемории диабети қанд на танҳо духтури эндокринолог, балки мутахассисони дигар соҳаҳо низ саҳм мегузоранд. Масалан, духтурони бемориҳои пӯст вақте мебинанд, ки табобати беморӣ дурудароз давом меёбад, тавсия медиҳанд, ки мариз аз ташхиси таҳлили хун барои муайян кардани меъёри глюкоза гузарад. Духтурони даҳонпизишк (стоматолог) низ ҳангоми бесабаб афтодани дандонҳо, парадонтоз, хуншоршавии милки дандонҳо беморро ба назди духтури ғадудшинос мефиристанд. Духтурони чашм (офталмолог), гӯшу гулӯю бинӣ (оториларинголог), духтурони асаб, уролог, терапевт ва ғайра низ ба аломатҳои муайян таваҷҷуҳ намуда, беморони қандро ба ташхис роҳнамоӣ мекунанд. Агар меъёри глюкозаи хун аз 5,5 миллимол зиёд бошад, гумони ғолиб он аст, ки шахс гирифтори диабет шудааст.

Ба гуфти Орзухонум Маҳмудӣ, беморони навъи дуюми диабети қанд аз инсулин вобаста нестанд ва бисёр ҳолат дар натиҷаи мушкилоти равонӣ, пурхӯрӣ, камҳаракатӣ ва ирсият гирифтори беморӣ шудаанд. Агар падару модар гирифтори диабет бошанд, хавфи бемор шудани кӯдаки онҳо зиёд мешавад.

Нишонаҳои сар задании бемории диабет зуд-зуд ташна мондан, бисёр омадани пешоб, хориши пӯст, дар бадан баромадани ярачаҳои римдор, хирашавии чашмон ва суст шудани неруи ҷинсӣ мебошад. Диабети қанд метавонад якбора ва ҳатто ногаҳон баъди садамаи сахти рӯҳӣ ё осеби ҷисмонӣ пайдо шавад.

Парҳездармонӣ, машқҳои ҷисмонӣ, истеъмол намудани доруҳои қандфурор (бо тавсияи духтур) ва инсулиншифоӣ (барои гирифторони диабети навъи I) усулҳои асосии табобати касалии диабети қанд ба шумор мераванд. Табиби ғадудшинос вобаста ба ҳолати бемор ба таври фардӣ (индивидуалӣ) парҳез мефармояд. Дар сурати риояи парҳез дараҷаи хуни гирифторони диабет муътадил нигоҳ дошта мешавад. Бояд ғизои диабетикҳо аз витамину сафеда, ғози набототӣ ва элементҳои зарурӣ бой бошад. Дар маҷмӯъ, диабети қанд бемории доманадор (бардавом) буда, муолиҷаи он низ бояд тамоми умр идома ёбад.

Нарзибой Ашӯров, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон