Садамаҳои нақлиётӣ. Барои чӣ СҶТ дар робита ба онҳо «аз пашша фил сохт»?

№70 (4020) 18.06.2019

dscn0038Таҳриф шудани далелу рақамҳои мавҷуда ва сарфи назар намудани дастовардҳо аз ҷониби баъзе ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир падидаи маъмул буда, аксар маврид ин омил аз ҷониби ашхоси манфиатдор суиистифода мешавад.

Чанде пеш Созмони ҷаҳонии тандурус­тӣ  гузориш дод, ки ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ 18 нафар бар асари садама ҳалок мешаванд. Бо дарназардошти шумораи аҳолӣ ин нишондиҳанда, агар воқеият дошта бошад, бояд боиси ташвиш бошад. Нигаронкунанда он аст, ки гузориш зимни баргузории ҳамоиш бо ширкати масъулини вазорату идораҳои мамлакат таҳти унвони «Бехатарии роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» рӯнамоӣ гардид. Мутаассифона, касе аз коршиносону мутахассисон онро амиқ таҳлил ва воқеият доштанашро  аниқ накард.  Пайгирии масъала собит намуд, ки омори дар гузориш нашршуда воқеият надошта, коршиносони  СҶТ «аз пашша фил сохтанд».

Аз Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар дар робита ба ин масъала гуфтанд, ки  соли 2016 бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ 427 нафар ба ҳалокат расид, ки вобаста ба теъдоди аҳолии кишвар, ба 100 ҳазор нафар 4,9 нафар рост меояд, на 18 нафар.

Илова бар ин, теъдоди ҳалокшудагон аз  садамаҳои нақлиётӣ сол то сол коҳиш ёфтааст.  Масалан, соли 2007-ум 468 нафар, 2008 — 497, 2009 – 482, 2010 – 412, 2011 – 438, 2012 — 442, 2013 – 472, 2014 — 446 ва 2015  — 449 кас.

Аз шабакаи интернет низ маълум гардид, ки СҶТ на танҳо  маълумоти ба кишвари мо рабтдошта, балки дигар давлатҳои ИДМ-ро низ таҳриф намудааст. Далел меорам: Соли 2016 дар Федератсияи Россия, мувофиқи маълумоти оморӣ аз 100 ҳазор кас  14,7 нафар фавтидаанд, вале СҶТ ин нишондиҳандаро 18 нафар арзёбӣ кардааст. Мутаносибан ин нишондиҳанда дар  Қирғизистон 15,58 (15,4),   Ӯзбекистон — 7,85 (11,5),  Қазоқистон — 14,1 (17,16),  Украина — 7,57 (13,7) ва  Арманис­тон — 9,13 (17,1)  муайян шудааст.

Ба касе пӯшида нест, ки бинобар аҳамияти махсуси иҷтимоию иқтисодӣ доштани бехатарии ҳаракат дар роҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Чанде пеш аз ҷониби Форуми байналмилалии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд.  Дар он бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо низ баҳогузорӣ гардид. Аз Осиёи Марказӣ Тоҷикис­тон дар мақоми 70-ум қарор гирифта,  ба Қазоқистон ва  Қирғизистон  мутаносибан ҷойҳои 115 ва 122-юмро сазовор донистанд.  Ҷоиз ба зикр аст, ки на ба ҳама мамлакатҳо  имкон даст медиҳад, ки дар чунин рейтингҳо комёб гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд. Зеро ин раванд дар заминаи таҳлили амиқу доманадор сурат гирифта, танҳо хуб будани нишондиҳандаҳои фаъолият ба баҳогузории баланд асос шуда метавонад.

Агар масъа­ларо амиқтар мавриди баррасӣ қарор диҳем, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъала рабт дорад. Моҳиятан ҳаракат дар роҳ маҷмӯи муносибатҳое мебошад, ки дар раванди ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меояд.

Тибқи талаботи қонунгузории кишвар, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ  шахсоне,  маҳсуб мешавад, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигар, ки барои аз як ҷо ба ҷои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипед­рон ва ғайра  иштирок менамоянд. Хоса будани таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва парлумони мамлакат дар он зоҳир мегардад, ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар доираи салоҳият бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, барои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва соҳавии ҳаракат дар роҳ масъулият доранд, доир ба ҳаракат дар роҳ санадҳое мебароранд, ки хилофи қонунгузорӣ намебошанд, иҷрои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳайати онҳо дохиланд, таъмин мекунанд.

Муҳим он аст, ки қонунгузор тавозуни масъулиятро риоя карда, иштирокчиёни ҳаракат  дар роҳ ба шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҷуброни зиёне, ки бинобар ба талаботи бехатарии ҳаракат мутобиқат накардани ҳолати роҳҳои автомобилгард расидааст, ба ҷуброни зиён ва додани ёрдампулии яквақта аз ҳисоби онҳое, ки ба ҳодисаи нақлиёти роҳ айбдоранд, ба суд шикоят кардан нисбат ба  амали шахсони мансабдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар сурати аз тарафи онҳо вайрон намудани қонуни мавҷуда, гирифтани ахбор аз ташкилотҳои роҳ, коммуналӣ ва ғайра дар бораи шароити ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд.

Дар ҳамин ҳол иштирокчиёни ҳаракати роҳ вазифадоранд, ки талаботи қонунгузорӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, то ҷое ки барояшон дахл дорад, донанд, барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амалҳо ё беамалӣ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ зиён нарасонанд. Илова бар ин, қонун муқаррар кардааст, ки чунин ашхос товони зиёнеро, ки бо айби онҳо бинобар риоя накардани талаботи қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ расонида шудааст, ҷуброн кунанд, амри мақомоти назорат ва бозрасии давлатиро оид ба риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳаракат дар роҳ иҷро намоянд.

Дар соҳаи маориф низ ин масъала меҳварӣ маҳсуб шуда, мақомот таълими қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумию олӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, ҳамчунин таълими мутахассисони даркориро ба роҳ монданд.

Агар заминаи мукаммали ҳуқуқӣ фароҳам бошад, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ чораҳои дахлдор андешида мешавад, омодасозии ронандагон дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ мегардад, пас чаро коршиносони СҶТ инро нодида мегиранд? Кӣ ва чаро барои таҳриф шудани далел ва нишондиҳандаҳо ҳавасманд аст? Ин суолҳое мебошанд, ки посухашон «нимкосаи зери коса»-ро маълум менамояд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»