Пешниҳод

Садбаргпарварӣ. Зебоӣ ва даромад

№72 (4022) 22.06.2019

Меҳмононе, ки ба шаҳри Душанбе меоянд, пеш аз ҳама, мафтуни  иморатҳои хуштарҳ ва боғу гулгаштҳои назаррабои он мегарданд. Алалхусус, накҳати гулҳои садбарг димоғи ҳар як роҳгузарро муаттар гардонида, тамошои онҳо ба дилҳо сурур мебахшад. Вале афсӯс, ки ҳар сол миллионҳо адад гули садбарг то ба охир истифода нашуда, пажмурда мешаванд. Ҳол он ки онҳо дар баробари зебоӣ ва накҳати хуш бахшидан  метавонанд ба буҷети кишвар  даромади зиёд оранд.

 Рамзи зебоӣ ва маликаи гулҳо

РозаАз қадимулайём садбарг рамзи зебоӣ ба шумор мерафт. Иддае ватани садбаргро  Эрони бостон, қисми дигар Чин ва Мисру  Ҳиндустон мешуморанд. Дар Ҳинди қадим бараҳманҳо маъбадҳояшонро бо гули садбарг оро медоданд. Ягон чорабинии динӣ бе гули садбарг доир намегардид. Ҳиндуҳо муътақид буданд, ки олиҳаи зебоӣ — Лакшми аз ғунчаи навшукуфтаи садбарг офарида шудааст. Дар Эрони бостон аввалин хушбӯиҳоро аз гули садбарг тайёр намуда буданд, ки дар аксар кишварҳои Шарқ то ҳол бо номи «гулоб» («ҷулоб») машҳур аст.

Дар Юнони қадим  низ гули садбаргро бо олиҳаи зебоӣ — Афродита пайванд  медонистанд. Арӯсонро бо гулчанбарҳои аз садбарг тайёршуда оро медоданд. Дар зери қадам ва бистари арӯс гули садбарг мепошиданд. Ҷанговарони аз ҷанг бо ғолибият баргаштаро бо гули садбарг пешвоз мегирифтанд.

Аз сабаби маъмул ва  назаррабо будан садбаргро «маликаи гулҳо» ном ниҳодаанд.

Садбарг дар баробари зебову хушнакҳат будан хусусияти табобатӣ дошта, давои дардҳои зиёд аст. Дар бораи хусусиятҳои шифобахшии он Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳазор сол пеш  маълумот дода буд. Олимон  муайян кардаанд, ки дар таркиби гулбаргҳои ин «кони хушбӯӣ» магний, хром, оҳан, селен, йод, калтсий, витаминҳои В, С, К, Е, фруктоза, глюкоза, сахароза, кислотаҳои органикӣ, флавоноидҳо, моддаҳои даббоғӣ, пектин, равғанҳои эфир ва ғайра мавҷуд аст.

Дар тибби мардумии Чину Тибет садбарг­ро ҳангоми муолиҷаи бемориҳои ҷигар ва камқувватӣ истифода мебаранд. Табибони кореягӣ барои заноне, ки ҳомила намешаванд, шарбати садбарги сурху сафедро чун  дармони безурётӣ тавсия медиҳанд. Барои мардони безурёт шарбати садбарги сурху тираранг муфид аст.

Ҳанӯз пеш аз милод ниёкон – суғдиён аз гулбаргҳои «маликаи гулҳо» равған мегирифтанд. Равғани садбарг пӯстро ҷавону ботароват нигоҳ дошта, давои бисёр бемориҳои пӯст ба шумор меравад. Онро зимни муолиҷаи дарди нимсар (шақиқа, мигрен), сардард ва бехобию афсурдаҳолӣ истифода мебаранд. Истифодаи бомеъёри равғани садбарг хотираро қавӣ намуда, хавоси парешонро ислоҳ мекунад. Накҳати равғани садбарг ба фаъолияти дилу рагҳо таъсири мусбат мерасонад. Нури чашмро афзуда, шамолхӯрии он (конъюнктивит)- ро рафъ менамояд. Равғани садбарг давои дарди дандон аст. Субҳу шом бо гулоб шустушӯ кардан арақкунии барзиёдро хотима мебахшад. Якчанд барги гули садбаргро ҳар рӯз 2- 3 бор ним соат пеш аз ғизо хоида, фурӯ бурдан қабзияти меъдаро рафъ месозад.

Гули садбарг аз бармаҳал пайдошавии ожангҳо пешгирӣ мекунад. Агар барги гули садбаргро ҷӯшонида, гармогарм ба ҷойҳои варамкардаи бадан банданд, кумак мерасонад. Марҳам кардани гули садбарг ба захми куҳна сиҳатшавии онҳоро метезонад. Ба сар бастани гули тари он ва ё истеъмоли оби ҷӯшонидааш касро аз сардардӣ раҳоӣ мебахшад.

Афшурдаи гулро ба бинии шахси беҳушшуда чаконанд, барои зудтар ба ҳуш омаданаш кумак мерасонад. Афшурдаи баргу пояи гули садбаргро барои пешгирии хунпартоӣ истифода мебаранд.

Истеъмол кардани барг ва оби он барои меъда ва ҷигар хуб аст. Мураббоеро, ки аз гулбаргҳои гули садбарг тайёр мекунанд, даҳонро хушбӯй сохта, ба асаб, қалб, ҷигар, гурда, чашм ва бемориҳои занона фоидаи зиёд дорад.

 Корхонаи атру гулоб бояд сохт

Айни замон дар дунё қариб 25 ҳазор навъ гули садбарг мерӯяд. Иқлими кишвар барои тамоми сол бо истифода аз гармхона ва дар ҳавои кушод парвариш кардани гули садбарг мусоид аст. Онро метавон тару тоза ва дар шакли гулобу равған ба хориҷа содирот  кард. Дар ин ҷода бо мусоидати соҳибкорони Эрону  Покистон ва Чин сохтани корхонаҳои муштарак айни муддаост. Соли сипаришуда Эрон 3857 тонна гулобро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Германия, Италия, Шветсия, Япония, Туркия, Франсия, Британия, Австрия, Қатар, Баҳрайн, АМА, Ироқ ва Лубнон харидорони асосии гулоби Эрон ҳастанд. Дар шаҳри Кошон ва атрофи он 730 дӯкони  косибии гулоббарорӣ ва 68 корхонаи истеҳсоли атру гулоб мавҷуд буда, 80 номгӯй атриёт истеҳсол ва ба 30 кишвар фурӯхта мешавад.

Дар водии Казанлики Булғористон ҳанӯз дар асри XVII Гулзори садбаргро асос гузошта, аз он атру гулоб истеҳсол мекарданд. Ин мавзеъ ҳоло бо  номи «Водии садбарг» машҳур гаштааст.

Аз гулоби садбарги аз Эрон воридшуда дар Туркия, АМА, Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ истеҳсоли  малҳаму атр ва собуни мушкинро ба роҳ мондаанд. Чин ва Корея гулобро бо мақсади табобатӣ ва накҳат бахшидан дар ҳаммомҳо аз Эрон ворид мекунанд. Германия гулоби эрониро дар саноати хӯрокворӣ истифода мебарад.

Гули садбаргро субҳи барвақт то баланд шудани офтоб  ҷамъоварӣ мекунанд. Барои гирифтани як кило  равған 5000 кило (5 тонна) гулбарги садбаргро ҷамъ овардан лозим меояд.

Дар сурати сохтани  истеҳсоли равғану гулоби  садбарг дар шаҳри Душанбе садҳо нафар бо ҷои кор таъмин шуда, имкони ба хориҷа содир намудани атру собуни ватанӣ бештар мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»