«Садои мардум» — ғолиби озмуни «Роҳи бехатар»

№81 (4031) 06.07.2019

0-02-0a-0055d43c28ebf61ad2047d9b464a6b454b03b1d176012843a15ff899a4d6d270_af542a59Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Боз­расии давлатии автомобилии мамлакат 3 июли соли равон дар Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода аз номи роҳбарияти вазорат кормандони ниҳодро бо иди касбӣ табрик гуфта, зикр намуд, ки БДА аз давраи таъсисёбӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ нақши муҳиму назаррас гузошта, кормандони он баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканӣ ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Яке аз бахшҳои чорабинӣ қадрдонии ғолибони озмуни «Роҳи бехатар» буд.

Соли даҳум аст, ки миёни намояндагони воситаҳои ахбори омма «Роҳи бехатар» гузаронида шуда, он дар Рӯзи таъсисёбии БДА ҷамъбаст мешавад. Имсол ба он 68 матолиби рӯзноманигорон пешниҳод гардида, ҳакамон аз миёни онҳо беҳтаринҳоро муайян карданд.

Боиси хушнудист, ки муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов дар номинатсияи «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ дар матбуоти даврӣ» ғолиби озмун гардид. Инчунин, дар номинатсияҳои «Беҳтарин гузориш дар телевизион» Исматулло Азизов, «Беҳтарин нигошта дар барои ҳаёту фаъолияти нозирони БДА» Назири Нусрат, «Беҳтарин гузориш оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ» Абӯалӣ Некрӯзов ва Раҷаббек Илёсов, «Беҳтарин мақола дар бораи «Шаҳри бехатар» Фаридуни Абдулвоҳид ва «Беҳтарин барномаи радиоӣ» Худоёри Валӣ ғолиб дониста шуданд.

Дар хотима, сардори РБДА ВКД, генерал- майори милитсия Акбар Насимзода ғолибонро бо диплому мукофоти пулию молӣ сарфароз гардонид.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»