Арзи тули иқтисод

Сафаралӣ Наҷмуддинов «Татбиқи лоиҳаҳо заминагузори пастшавии сатҳи камбизоатианд»

№47 (3032) 16.04.2013

Чанде пеш дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии Мактуб – Созишномаи грантӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди шабакаи нақлиётӣ» миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид. Зимни муаррифии лоиҳа вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов минҷумла зикр кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи фавқуззикр, ки зимни татбиқи он барқароркунии кӯпрук аз болои дарёи мавзеи Сарбоғ ва барқарорсозии 18 километр роҳи мошингард аз шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт то роҳи асосӣ дар назар дошта шудааст, пеш аз ҳама таъмини некуаҳволии аҳолии минтақа маҳсуб меёбад. Маблағи умумии лоиҳа 2,9 миллион доллари ИМА –ро ташкил дода, аз ин миқдор 2,5 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Фонди Ҷопонии паст намудани сатҳи камбизоатӣ тавассути Бонки Осиёии Рушд ба сифати грант (маблағи бебозгашт) ва қисмати боқимонда бошад, ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад.

Сафаралӣ Наҷмуддинов аз ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҷопон изҳори қаноатмандӣ намуда, Ҳукумат ва мардуми ин кишвари пешрафтаро аз ҷумлаи хайрхоҳони мардум ва давлати Тоҷикистон номид. Номбурда минҷумла гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷопон баҳри рушди бахшҳои гуногуни он дар доираи лоиҳаҳои гуногун кӯмакҳои арзишманд кардааст. Бино ба гуфти Сафаралӣ Наҷмуддинов, то ин замон аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 лоиҳа амалӣ шудааст, ки дар заминаи онҳо бахшҳои гуногуни ҷомеа рушд карда, сатҳу сифати зиндагии теъдоди зиёди шаҳрвандон беҳбудӣ ёфтааст.

-Нисбати давлат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрхоҳ арзёбӣ намудани муносибати Ҳукумат ва мардуми Ҷопон муболиға набуда, иқдомоти зиёде, ки дар заминаи маблағгузории ин давлат дар бахши маориф ва тандурустии ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд, далели возеҳ мебошад, -афзуд Сафаралӣ Наҷмуддинов.

Бино ба гуфти вазири молия дар заминаи татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби кишвари Ҷопон маблағгузоришуда то ин замон дар кишвари мо 100 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 62 муассисаи тандурустӣ бунёд гардидааст. Номбурда ҳамзамон раванди ҳамкориҳои мамлакатро бо Бонки Осиёии Рушд хеле арзишманд маънидод карда, аз ҷумла гуфт, ки аз соли 1998 инҷониб аз ҷониби ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 970 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Ин миқдор маблағ дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла қарзи имтиёзнок, грант (маблағи бебозгашт) ва кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои гуногун равона шудаанд.

Ба шарофати лоиҳаҳои амалинамудаи Бонки Осиёии Рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ тамоюли пастшавӣ касб намуда, дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ хеле беҳбудӣ ёфтааст.

Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си Си Ю ба имзо расидани Мактуб-Созишномаи грантиро идомаи мантиқии ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд номида, дурнамои ин равандро нек арзёбӣ кард. Ҳадафи лоиҳаро шарҳ дода, мавсуф аз ҷумла гуфт, ки дар радифи барқарорсозии пул ва роҳ, ҳамчунин зимни татбиқи он маъракаи иттилоотонии занҳои хонашин ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин, мо аз ҷаноби Си Си Ю бобати чӣ гуна амалӣ гардидани ин компоненти лоиҳа пурсон шудем. Ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудани мо бесабаб нест, зеро аксаран ин қисмати лоиҳаҳо тариқи баргузории семинару тренингҳо бо фарогирии шумораи хеле маҳдуди шаҳрвандон амалӣ мегардад, ки дар бисёр ҳолат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ҳол он ки ҷалби воситаҳои ахбори омма метавонад ин равандро хеле муассир намуда, доираи васеи шаҳрвандонро аз ҳадаф ва моҳияти лоиҳа огоҳ созад. Дар посух Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд қисмате аз нуктаҳои баёншударо тасдиқ ва ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод, ки татбиқи ин лоиҳа ва дигар лоиҳаҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оранд ва маблағҳои ҷудошуда мақсаднок истифода гарданд.

Вобаста ба ин масъала Сафаралӣ Наҷмуддинов низ назари хешро иброз дошта, дар маҷмуъ нақши лоиҳаҳои дар бахшҳои гуногун татбиқгаштаро дар пастшавии сатҳи камбизоатии аҳолӣ муассир арзёбӣ намуд. Ба назари номбурда, ин ва дигар иқдомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигардида замина фароҳам оварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 82 фоиз ба 31 фоиз коҳиш ёбад.

- Ривоҷ ёфтани ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ далели он аст, ки онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муназзам рушдёбанда ҳусни таваҷҷуҳ ва эътимоди қавӣ доранд,- муътақид аст Сафаралӣ Наҷмуддинов.

Соли ҷорӣ ин дуюмин созишномаи грантӣ аст, ки миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расид. Вазир ҳамзамон иттилоъ дод, ки ба наздикӣ бо ин муассисаи молиявии байналмилалӣ боз як созишномаи грантии дигар ба имзо мерасад. Дар идомаи суханонаш Сафаралӣ Наҷмуддинов аз тамоюли мусбӣ доштани хулосаи ҳайати бонуфузи Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки ба наздикӣ аз ҷумҳуриамон дидан намуда буданд, доир ба ҳолати қарзҷалбкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, чунин баҳогузориро самараи иқдомоти дурусту ҳадафноки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида номид.

 

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»