Ба истиқболи 400-солагии Сайидои Насафӣ

Сайидо ба ғайр аз шоирӣ боз чӣ касб дошт?

№93 (3887) 02.08.2018

Бо вуҷуди шуҳрати зиёд доштан дар бораи зиндагии Сайидо маълумоти муфассал надорем. Дар ин масъала осори шоир метавонад ёрӣ расонад. Ӯ дар ғазалиёт ҳасби ҳол намудааст. Мушкил он аст, ки на танҳо таърихи навишт, балки дар аксар маврид ҳатто дар кадом давраи ҳаёт навишта шудани ғазалҳо маълум нест.

Аввалин масъалае, ки дар тарҷумаи ҳоли Сайидо баҳсу эрод ба миён меорад, зодгоҳи ӯст. Ду муаллифи ҳамзамони Сайидо — Малеҳои Самарқандӣ дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» шоирро «Насафиюласл» ва Муҳаммад­амини Бухороӣ дар «Убайдуллонома» ӯро «Бухороиюласл» қайд кардаанд. Абдулғанӣ Мирзоев бо қатъият ақидаи Малеҳоро тарафдорӣ карда, барои тасдиқ байти зерини шоирро далели кофӣ шуморидааст:

Дар Бухоро буд умре Сайидо побасти ӯ,

Ришта бар по дар раҳи мулки Насаф шуд, ҳайф-ҳайф.

Дар ин байт шоир фақат ҳаминро гуфтааст, ки дар Бухоро як умр побасти ӯ (маъшуқа) буд ва ҳоло дар ҳолати побастагӣ (ришта дар пой) ба тарафи мулки Насаф меравад, яъне дар сафар низ аз ёри худ дил намеканад. Ба Насаф сафар кардани шоирро чун зодгоҳи ӯ фаҳмидан мантиқан дуруст нест.

Сониян, Сайидоро «Насафиюласл» гуфтани Малеҳо ишора ба зодгоҳи шоир набуда, балки ба аслу насаб ва ватани аҷдодии ӯст. Малеҳо дар тазкираи худ шоиронеро, ки дар Самарқанд ё Бухоро таваллуд шуда, падар ва ё бобояшон аз ҷойҳои дигар дар ин шаҳрҳо сокин шуда буданд, бо ҳамон нисбати аҷдодии онҳо зикр намудааст. Масалан, дар зикри Афсар менависад: «Андиҷониюласл аст, аммо мутаваллид дар вилояти Балх шуд». Насаб ва зодгоҳи Имтиҳонро ин тавр бозгӯйӣ менамояд: «Тошкандиюласл аст, лекин дар Самарқанд мутаваллид шуда». Малеҳо Сайидоро низ «Насафиюласл» зикр карда, ба ватани аҷдодии шоир ишора кардааст, на ба зодгоҳи ӯ. Аз ҷониби дигар Сайидоро «Бухороиюласл», яъне аслан бухороӣ гуфтани Муҳаммадамини Бухороӣ низ ғалат аст.

Баъзе маълумоте, ки аз осораш бармеоянд, дар Бухоро таваллуд шудани ӯро тасдиқ менамоянд. Шоир дар як ғазалаш дар тасвири душвориҳои рӯзгор ва қашшоқию муҳтоҷии худ навиштааст:

 Зи урёнӣ сарамро бар канор оварда зонуям,

Маро дар пираҳан бошад гиребоневу домоне.

Кашам аз хони худ шармандагиву узр пеш орам,

Ба сарвақтам агар созад гузар ногоҳ меҳмоне.

Дар оғӯши падар, эй Сайидо, дорам лаби хушке,

Маро зодаст модар дар чӣ вақте, дар чӣ давроне?

Байти охир шоҳиди он аст, ки Сайидо ғазали мазкурро дар вақти зинда будани падараш иншо кардаву ба мардуми бенаво мансуб будани ӯро тасдиқ менамояд.

Шакке нест, ки падару модар ва умуман оилаи шоир дар Бухоро истиқомат доштаанд. Агар Сайидо, чунон ки А. Мирзоев эҳтимол медиҳад, дар Насаф таваллуд шуд ва кӯдакии худро дар он ҷо гузаронида, сипас барои таҳсил ба Бухоро омада бошад, мебоист падару модари ӯ дар ватани худ — Насаф муқим бошанд.

Абдулғанӣ Мирзоев дар асоси ахбори Малеҳо ва Муҳаммадамин ба ин хулоса омадааст, ки шоир барои таҳсил аз Насаф ба Бухоро омад ва дар яке аз ҳуҷраҳои болохонаи мадрасаи Нодир девонбегӣ қарор гирифта, ба таҳсил машғул гардид. Аммо ахбори ҳар ду манбаъ дар бораи истиқомати Сайидо дар ҳуҷраи масҷиди мазкур ба давраҳои миёнсолӣ ва пирии ӯ мансуб аст. Дар ҳуҷраи мадраса зиндагӣ кардани шоирро ба мусофирӣ ва бехона будани ӯ рабт дода наметавонем. Дар гузашта, хусусан дар замони Сайидо аҳли илму адаб, бо вуҷуди соҳиби хонаву дар будан дар мадрасаҳо ба сифати толибилм зиндагӣ мекарданд.

Дар хусуси ҳунармандии Сайидо дар манбаъҳо ишора нарафтааст. Ин нуктаи муҳимро А. Мирзоев дар асоси тадқиқи осори шоир пай бурда ва муносибати ӯро бо доираҳои ҳунармандии шаҳр ба миён гузоштааст.

Пажӯҳишгар дуруст нишон додааст, ки Сайидо дар давраи аввали ҳаёт (дар айёми  таҳсили мадраса) ба табақаи ҳунармандон наздик шуда, аз байни онҳо дӯст пайдо кардааст ва аз ёрии моддии онҳо баҳравар будааст. Аммо Сайидоро дар ин давр фақат бо «омӯхтани ҷараёни ҳунармандӣ» маҳдуд дониста, ба касбу коре даст назадааст гуфтани олим ба ҳақиқат рост намеояд ва инро бо байти зерин тақвият додани ӯ асос надорад:

 Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест, Сайидо,

Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.

Сабаби аслии наздикӣ бо аҳли ҳунар аз ниёзмандии шоир аст. Агар дар овони ҷавонӣ қашшоқу бенаво будани шоирро ба ҳисоб гирем, аз ҳоҷатмандӣ ва ноилоҷӣ ба касбу ҳунар даст задани ӯ яқин мегардад.

Асоси дигари Сайидоро дар айёми ҷавонӣ машғули касбу кор надонистани А. Мирзоев як образи шоир аст:

 Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,

Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.    

Дар назари аввал чунин менамояд, ки Сайидо ин ҷо ба бофандагии худ ишора намудааст. Вале агар байтро дурусттар таҳлил намоем, мебинем, ки образи шеър барои тасвири ҳолати зиндагии шоир ба кор рафтааст, яъне бофандагӣ ва хонаи худро ҳамчун дорбоз пур аз ресмон сохтан на ба шахси шоир, балки ба образи анкабут тааллуқ дорад. Яке аз хусусиятҳои услубӣ ва тариқаи образофаринии Сайидо ин аст, ки вай маъмулан дар мисраи якуми байт ҳолати «ман»-и худро ба ягон чиз ташбеҳ намуда, дар мисраи дуюм ташбеҳкунандаро шарҳу тавзеҳ ё тафсил медиҳад. Ин нуктаро бо дигар мисол шарҳ медиҳем:

Ҳамчу осиё бо ман нест як дам оромӣ,

Баҳри рӯзии мардум рӯзу шаб ҷадал дорам.

Умуман, дар айёми пирӣ ва заъфи ҷисмонӣ ба бофандагӣ ё дигар меҳнати ҷисмонӣ даст задани Сайидо даргумон аст. Аз ин нуқтаи назар, дар ҷавонӣ ё миёнсолӣ бо касбу ҳунар машғул будани ӯ ба ҳақиқат наздик менамояд.

Аз чанд ишораи Сайидо бармеояд, ки вай дар ҳақиқат касбе доштааст. Чунончи, дар байти поин таъкид кардааст:

 Ба зӯри дасту бозу мехӯрам, эй Сайидо, рӯзӣ,

Маро чун Кӯҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам.

Дар байти зерин низ шоир тасреҳ намудааст, ки осмон ризқу рӯзии ӯро аз хони касон, яъне соҳибони ҷоҳу давлат не, балки аз зӯри дасту бозувони худаш таъин кардааст:

 Зи хони ҳеҷ кас азбаски ангуште нагардад тар.

Хати таслим дода осмон бар дасти бозуям.

Вале мушаххасан бо кадом касб машғул будани Сайидоро аниқ муайян кардан ғайриимкон аст. Ҳамин қадар маълум аст, ки шоир дар чанд маврид худро дар ҳунармандӣ бо Фарҳоди тешазан ҳампеша тасвир намудааст. Масалан, дар як ғазалаш менависад:

 Фарҳод нола мекунад аз тешаам ҳанӯз,

Ояд садо зи турбати ҳампешаам ҳанӯз…

Эй барқ, по манеҳ ба найистони хонаам,

Осудагӣ надидаам аз пешаам ҳанӯз.

Аз ин гуфтаи шоир, ба хулоса омадан мумкин аст, ки вай бо теша кор карда ва касбу кораш бо ҳамин олати ҳунармандӣ вобаста будааст.

Сайидо дар вақти мулоқот бо Малеҳо (соли 1678) ва инчунин дар давраи пирӣ (яъне то солҳои аввали ҳукмронии Убайдуллохон (1702-1707) дар ҳуҷраи болохонаи масҷиди Нодир девонбегӣ истиқомат дошта, ҳунармандиро тарк карда буд. Аз ҳамин сабаб Малеҳо ва Муҳаммадамини Бухорӣ дар бораи ҳирфаи вай чизе нагуфтаанд.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки Сайидо дар ҷавонӣ аз рӯи ниёзмандӣ ба омӯзиши касбу ҳунар пардохта, ба ҳамин васила зиндагии худро таъмин мекард.

 Садрӣ Саъдиев, профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд