Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад…

№57 (4007) 21.05.2019

Мо — ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандони маъмурӣ – техникии Коллеҷи муҳандисию техникии ҶСК «НБО Роғун» — и шаҳри Роғун аз хабари дар шабакаи Интернет интишоркардаи Радиои озодӣ бохабар шудем, ки гӯё ким — кадом корманде аз муассисаи таълимӣ арз карда бошад, ки чанд моҳ кормандон маош нагирифтаанд. Сипас, ному насаби он кормандро «махфӣ» нигоҳ дошта, хабарнигори радио Сарвинози Руҳулло бо роҳбарияти муассиса  ҳамсуҳбат шуда, гуфтаҳои ӯро тасдиқ карда бошад, ки ин бофтае беш нест.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талош бар он доранд, ки ҳифзи иҷтимоии омӯзгор дар қатори дигар табақаҳои ҷомеа таъмин бошад ва ҳар сол боло бурдани музди меҳнати кормандони соҳаро дар Паёмҳо ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи гуногун таъкид менамоянд, ки ин ғамхорӣ нисбат ба муаллимон мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки  дар ин замина 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд.

Лекин пешравию дастовардҳои Ватани маҳбубамонро гурӯҳе, ки нияту маромашон нопок аст, нодида мегиранд. Агар чунин набошад, пас  ҳангомае, ки зикраш рафт, ба чӣ хотир бошад? Ва суол ба миён меояд, ки кормандони радио ба ҷуз туҳмат дигар коре надоранд? Фақат бо ҳамин роҳ аз натиҷаи фаъолият «ҳисобот» медиҳанд? Ҳамин рафтори  хабарнигори Радиои озодӣ Сарвинози Руҳулло гуфтаи зерини соҳибназареро ба ёд меорад:

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қадри он санг нафизояд, қимати зар наравад.

Муҳтарам «ворисони омӯзгорон» дар Радиои озодӣ! Дониста бошед, ки  рӯҳи омӯзгор шикастнопазир аст. Ӯ дар майдони тоқатпарвар огоҳона ранҷ мекашад. Аслан омӯзгор будан ифтихори бузургест ва на ҳамаи онҳое, ки омӯзгориро пеша кардаанд, ба қадри он мерасанд. Омӯзгорӣ кардан бо камоли сарсупурдагӣ, мардона, огоҳона, қадам наниҳодан дар марзи афсӯсу пушаймонист. Бо дигарон қисмат кардани умри гаронбаҳост. Дар радифи омӯзонидани илму дониш дар замири насли наврас сабзонидани тухми меҳру муҳаббат, садоқату дӯстдорӣ ба хоку сарзамин аст. Амалӣ гаштани ин ҳадаф ранҷу заҳмати зиёдро талаб мекунад. Гузашта аз ин, парваришу сабзишу рӯиш ва муҳимтар аз ҳама, бороварии тухми зиндагисозкор як рӯзу ду рӯз нест.

Мо — ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандони маъмурӣ — техникии Коллеҷи муҳандисию техникии ҶСК «НБО Роғун» — и шаҳри Роғун рафтори дар боло зикршударо ба ҷуз ҳангома ва ҳадафи ғаразнок дигар хел қабул надорем.

Самариддин  ЯҚУБОВ, директори Коллеҷи муҳандисию техникии ҶСК «НБО Роғун»-и шаҳри Роғун