Сарҳади ватан, ки аз дилҳо мегузарад…

№65 (3859) 26.05.2018

(Таассурот аз мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар)

Дар арафаи моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, аз ҷумла, ходимони дин, устодони макотиби олӣ мулоқот кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати равшани он аст, ки тамоми раванди манфӣ, зуҳуроти номатлуб, умуман, вазъи ноороми ҷаҳони муосир, реша дар имон, маънавиёт ва зеҳну андешаи инсон дорад. Ин нукта меҳвари суханронии Пешвои миллат буд, ки бо таъбири худ­огоҳӣ ва худшиносӣ метавон онро хулоса кард. Замон замони тағйир ёфтани арзиш, дидгоҳ, мавқеъ ва ниҳоят, ахлоқи суннатии ҷомеа мебошад, ки рӯз то рӯз гуфтугӯи тамаддунҳоро ба бархӯрди тамаддунҳо, ҳамзистии осоиштаи халқро ба рақобату адовати милливу минтақавӣ, инсондӯстиро ба худхоҳиву нафспарастии фардӣ табдил медиҳад. Чунонки Пешвои миллат таъкид карданд, «инсон дар 70 — 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст».

Оре, инсон ҷаҳонро тағйир дода, худ низ ба тағйирот дучор гардидааст ва он бо суръати баланд идома дорад. Арзишҳои некиву бадӣ, адлу инсоф, муҳаббат ба хешону пайвандон, вазифаи ҷамъиятиву шаҳрвандӣ тағйири маънӣ кардаанд. Ҳатто, гуманизм, ки аз давраи эҳёи Аврупо чанд садсола, мавриди таваҷҷуҳу пажӯҳиши мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ ва меъёри муносибатҳои иҷтимоиву фардӣ қарор дошт, ба гунаи дигар тафсир мешавад. Аз ҳамин сабаб аст, ки «ибтидои ҳазораи сеюм ба сари инсоният моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезии зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаи бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро овард, ки харобии онҳо аз зарари ду ҷанги ҷаҳонии қаблӣ камтар нестанд».

ҷаҳонишавӣ бо сад роҳу васила ба зиндагии мардум таъсир мекунад, на низоми ҷамъият аз он эмин асту на ҳарими фардҳо. Қудратҳои мухталиф «илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд». Дар чунин вазъият танҳо зиракиву худшиносӣ ва огоҳии комил метавонад ҳар гуна ҷомеа, миллат ва шахсиятро аз хатари гумроҳиву нобудӣ эмин дорад. Бинобар ин, Президенти кишвар вазъи ҷаҳонро муфассал таҳлил карда, сабабу паёмади бархӯрдҳоро бо далелҳои шайъӣ зикр намуданд. Он сабабҳо, агар аз як тараф, ҳисси манфиатҷӯиву зиёдахоҳӣ ва ҷаҳонгирии кишварҳои абарқудрат бошад, аз тарафи дигар, ноогоҳиву ғафлати ҷомеаи қафомонда, кишварҳои сусттараққикарда ва хушбоварии афроди ноогоҳ аз баъзе шеваҳои ҷаҳони имрӯз мебошад. Маҳз ба ҳамин сабаб «дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одами бегуноҳ қурбон мешаванд». Дар ҳамин лаҳзаҳо, ки кӯдакони кишвари соҳибистиқлоли мо дар паси мизи мактабҳои ободу муҷаҳҳаз бо воситаҳои пешрафтаи таълим таҳсили илм мекунанд, дар 40 нуқтаи олам бар асари муноқишаҳои дохилӣ хонаҳо, шаҳрҳо, мактабҳо хароб мешаванд ва кӯдакон мемиранд. Танҳо дар ҷанги Сурия 12 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расидааст.

Бо афзоиши суръати тараққиёти илму тахника паёмади нохуши низоъҳову бархӯрдҳо низ бамаротиб боло рафтааст: «Агар дар асри XVII дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри XVIII панҷ миллион, садсолаи XIX тақрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба ҳалокат расидаанд».

Имрӯз, бузургтарин хатаре, ки ба ҷомеа таҳдид мекунад, терроризми байналхалқӣ мебошад. Мавқеи ҷуғрофӣ — сиёсӣ ва бои­гариҳои дастнохӯрдаи табиӣ, аз як тараф, неруи кории арзон, ҷавонони хунгарму далер ва мутаассифона, хушбовар, аз тарафи дигар, кишвари моро барои қувваҳои муайяни ҷаҳонӣ ҷолиб гардондааст. Агарчи авзои сиёсии Афғонистони ҳамсояву ҳамзабону ҳамдин оинаи тамомнамои ибрат аст, боз ҳам барои баъзе афрод сабақ намешавад. Дар он аз соли 1978, яъне чил сол боз, чанги бародаркуш идома дорад. Ин муддат чанд қувваи мухталифи ҷаҳон ба «кумаку имдод» омаданд, «тадбир» андешиданд, аммо ташаннуҷу нооромӣ ба тарзи мадду ҷазр идома дорад. Ҳар рӯз мардуми бегуноҳ, кӯдакону модарон қурбон мешаванд. Барои мусулмони панҷоҳ сол пеш боваркарданӣ нест, ки ин амалҳои террористиро, ки дар ҷойҳои таҷаммӯи муъмину мусулмон, аз ҷумла, дар масҷидҳо, рух медиҳанд, қувваҳои, ба истилоҳ, «муҷоҳид» бе ҳеҷ гуна шарму ҳаё бар дӯши худ мегиранд, эълом медоранд, ки ин «қаҳрамонӣ» -ро онҳо анҷом додаанд.

Пеши чашмро, ки хун гирифт, инсон ба дарранда табдил меёбад, ҳадафи нахустро, ки баҳри он ба мубориза бархоста буд, дигар фаромӯш мекунад, барои ӯ танҳо ҳамин амал мемонад, ки бояд ҳар лаҳзаву ҳар рӯз анҷом диҳад. Дар он ҷо васила ба ҳадаф табдил ёфтааст, вагарна ба хотири оромиву осоиштагии ҳамватанон ва бақои кишвар кайҳо сари мизи гуфтушунид менишастанд.

Вазъияти Афғонистон ва давлатҳои арабӣ, албатта, ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, аммо на танҳо аз роҳи сарҳад. Ба ҷуз сарҳади хок Ватанро сарҳади дигаре ҳам ҳаст, ки он аз ақлу шуур ва имону виҷдони ҳар як шаҳрванд мегузарад. Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар ба ин маънӣ гуфтааст: «Дили ман ҳамчу хоки кишвари ман сарҳаде дорад». Имрӯз ин сарҳад ба василаи гуногуни иттилоотӣ, технологияи пешрафтаи ташвиқотӣ мавриди ҳуҷум қарор мегирад. Ҳифзи он танҳо бо худогоҳиву худшиносӣ, зиракии сиёсӣ имконпазир аст. Аммо худогоҳиву худшиносӣ бе огоҳ будан аз ангезаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии бархӯрдҳои ҷаҳонӣ муҳол аст.

Ҷаҳони муосир агар, аз як тараф, барои рушди фард, истеъдоду қобилияти фардии ӯ шароиту имконияти зиёд фароҳам овардааст, аз тарафи дигар, хеле осон метавонад ӯро иҷтимоӣ гардонда, дастхуши манфиатҳои нопоки гурӯҳҳои муайян созад. Қувваҳои муайяне ҳастанд, ки аз дастовардҳои нав­тарини илми гуногун, аз ҷумла равоншиносӣ, истифода мекунанд, то ба воситаи фардҳои зудбовару ноогоҳ ҷомеаро фурӯ пошида, ба мақсадҳои нопок осон даст ёбанд. Ба қавли Мавлавӣ: «Аз раҳи гӯшам адӯ ҳушам бибурд». Маълум аст, ки бунёди ҳама гуна мақсади сиёсатсозӣ манфиатхоҳӣ мебошад.

Дар ҷаҳоне, ки субъекти асосӣ давлатҳо мебошанд, зимни муборизаҳои бартариятҷӯиву дастболоӣ, пеш аз ҳама, истиқлолияти кишварҳо ҳадаф қарор мегиранд. Зеро давлат аст, ки барои худшиносиву худогоҳии фард ва ҷомеа шароит фароҳам оварда, бо тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сарватҳои моддиву маънавии миллиро ҳифз намуда, ба ҳаққи худ соҳиб мешавад. Аз ин рӯ, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ расидан вазифаи сарнавиштсози ҳар фарди ҷомеа мебошад. Истиқлолияту озодӣ ҳамеша бо масъулият ҳамроҳанд, чун ­масъулият аз байн рафт, истиқлолу озодӣ пойдор намемонанд. Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар симои намояндагони ҷомеаи кишвар ба тамоми мардум муроҷиат карда, таъкид карданд, ки «Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як ­масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари дониши аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».

Ҳисси масъулият дар назди қариб 9 миллион аҳолии кишвар, дар назди рӯҳи гузаштагон, ки ин Ватан ва ин мероси гаронбаҳои моддиву маънавии миллиро ба бадали умри худ ба мо гузоштаанд, аз имон бармеояд, чунонки Паёмбари акрам (с.) фармудаанд: «Дӯст доштани Ватан аз воҷиботи имон аст».

Моҳи Рамазон, ки «асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад» ва моҳи парҳезгорӣ, тазкияи нафс, рӯ овардан ба мабдаи вуҷуд, аслу насаб ва решаҳои шахсият мебошад, беҳтарин маврид аст барои андешидан дар бораи ҷаҳоне, ки моро иҳота кардаасту ба оянда таъсири бевосита дорад. Ин як марҳилаи мусоиди равонӣ аст барои андешидан сари маънии зиндагии фардиву ҷамъӣ ва тавсеаест баҳри худогоҳиву худшиносии миллӣ. Мафҳуми гуноҳ дар равони миллат хеле корагартар аз мафҳуми ҷиноят ва мафҳуми савоб густурдатар аз мафҳуми «накуӣ» мебошад. Ин моҳи муборак барои ба рӯҳу равони ҷавонону наврасон таъсири нек расондан, онҳоро аз вазъи воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ кардан, ба роҳи рост — роҳи ҳушёриву зиракӣ, худогоҳиву худшиносӣ ҳидоят намудан мавриди мусоид аст. Зеро моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ҳидоят месозад.

Абдусалом МИРАЛИЗОДА,

директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми педагогика, профессор