Сарбаландӣ аз меҳри ватан

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

Назаре ба вазъи осорхонаҳои ҷангӣ

Ҳар замон қаҳрамони худро тавлид месозад. Корнамоии падару бобоён, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, абадӣ дар таърих сабт ёфтаанд. Имрӯз бо ифтихор номи онҳоро ба забон меорем. 9 май, ҳамчунин, кору номи ҷавонмардони дар сангарҳои хунини давлатҳои дигар ҷангида низ пеши назар ҳувайдо мешаванд. Ба хотири абадӣ гардонидани ёду номи онҳо дар кишвар даҳҳо муассиса, корхона ва ташкилоту хоҷагӣ номгузорӣ гардидаанд.

Дар шаҳри бостонии Истаравшан аз 63 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ду литсею шаш гимназия 37 — тояш ба номи қаҳрамонони майдонҳои набард, ба монанди дорандаи се дараҷаи ордени «Шараф» Раҳим Раҳмонов, ду дараҷаи ордени «Шараф» Шариф Тешаев, пулемётчии машҳур Мирзо Бобоҷонов, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академикҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ Раҷаб Амонов, Аҳрор Мухторов, Омӯзгори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ҷалил Ҷабборӣ ва дигарон номгузорӣ гардидааст. Ин муассисаҳо вобаста ба шароит гӯша ва осорхонаҳои шарафи ҷангии қаҳрамононро ташкил кардаанд, то ки насли имрӯз қаҳрамонони худро шиносад, ба онҳо арҷ гузорад ва дар зиндагӣ, кору хониш пайрави онҳо бошад.

Бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қаюмов дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба вазъи гӯшаю осорхонаҳо дар ду муассисаи таълимӣ ошно гардидем.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 – и деҳоти «Ниҷонӣ» ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷидин Зиёваддинов номгузорӣ шудааст. Бинои мактаб сеошёна ва дорои синфхонаҳои барҳаво буда, дар он 1500 талаба аз 97 омӯзгор таълим мегиранд. Моро муовини директори мактаб оид ба тарбия Бердиёр Расулов ва омӯзгори фанни таърих Муқаддам Ҷабборова ба осорхонаи мактаб роҳбаладӣ карданд.

Мактаб 17 марти соли 1994 ба номи Тоҷидин Зиёваддинов номгузорӣ гардидааст. Осорхона бошад, бо қувваи омӯзгорони мактаб соли 2007 кушода шудааст. Он аз як ҳуҷраи калон ва ду ҳуҷраи хурд иборат аст. Чун ба толори калон ворид мешавем, дар рӯ ба рӯ гӯшаеро мебинем, ки ба Тоҷидин Зиёваддинов бахшида шудааст. Болои миз нимпайкараи Тоҷидин Зиёваддиновро гузошта шуда, атрофи онро бо ҳолномаи ҷангиву меҳнатӣ, ордену медалҳо, сипосномаю ифтихорномаҳо, асбобу ашёи аз қаҳрамон боқимонда, намунаи корҳои хаттӣ оро додаанд, ки ба бинанда дар бораи кору рӯзгори қаҳрамон маълумоти кофӣ медиҳанд.

Аз шарҳи ҳоли қаҳрамон маълум мешавад, ки ӯ дар 19 — солагӣ (соли 1943) ба ҷанг сафарбар гардида, дар ҳайати полки тирандозии 218 — уми дивизияи 77 — уми фронти 1 — уми Украина барои аз фашистон озод кардани бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла Курск, Орёл ва Чернигов ҷангидааст ва бо орденҳои «Шараф» дараҷаи 3, «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи 2, медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ» ва «Барои шуҷоат» сарфароз гардидааст. Соли 1945 ба зодгоҳ баргашта, солҳои зиёд мудири қисми илмӣ ва директори мактаб фаъолият намуда, дар тарбияи садҳо шогирд ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Дар қисмати дигари толор гӯшаҳои «Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ» аз деҳаи Ниҷонӣ, иштирокдорони муҳорибаҳои Афғонистон, муҳофизони сохти конститутсионии кишвар ва маълумотнома аз фаъолияти онҳо ҷой гирифтаанд.

Утоқи дуюми осорхона баёнгари таърихи деҳа мебошад. Дар он намуна аз бозёфтҳои археологии талабагон, ба монанди зарфу асбобҳои рӯзгори қадима, олоти чӯбию филизии кишоварзӣ, тангаю сиккаҳои қадима, дастовардҳои деҳа ва шаҳри Истаравшан дар замони шӯравӣ ва давраи истиқлолияти кишвар ба намоиш гузошта шудаанд. Хонаи сеюмро метавон гӯшаи этнографӣ номид. Он ҳамчун як хонаи урфии тоҷикӣ, сарулибоси миллӣ, расми урфу одат ва дигар анъанаҳои халқиро ба бинанда муаррифӣ мекунад.

-Бачаҳо ба тамошои осорхона завқи беандоза доранд, мехоҳанд, ки бо таърихи кишвар шинос шаванд, падару бобоёни қаҳрамони худро донанд. Мо — омӯзгорон дар тарбияи шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, муҳофизати марзу буми аҷдодӣ ва ҳамчун инсонҳои комил ба воя расидани онҳо саъю кӯшиш менамоем, — гуфт яке аз ташаббускорони бунёди осорхона, муаллимаи фанни таърих Муқаддам Ҷабборова.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 — и деҳаи Оби Зулол низ замонавӣ ва дуошёна аст. Он номи ҷанговари интернатсионалист Чӯлибой Комиловро дорад. Дар даромадгоҳаш расми Чӯлибой Комиловро бо тарҷумаи ҳолаш насб кардаанд. Аз тарҷумаи ҳолаш чунин ҷумлаҳоро мехонем: «Чӯлибой Комилов 15 майи соли 1938 дар деҳаи Обқарчиғай (ҳоло Оби Зулол)- и  шаҳри Истаравшан ба дунё омада, пас аз хатми мактаби 7 — солаи деҳа Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакентро бо дипломи аъло ба итмом расонида, чанд муддат дар яке аз мактабҳои ноҳия (ҳоло шаҳри)-и Ҳисор  аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Соли 1959 ба факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи В. И. Ленин дохил шуда, соли 1964 онро бо дипломи аъло хатм ва баъдан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда, се соли минбаъда устоди ҳамин донишгоҳ буд. Солҳои 1968 – 1978 ба сифати корманди илмии Институти илмию тадқиқотии педагогии Тоҷикистон, 1978 — 1983 муҳаррир, мудири шуъба ва директори Нашриёти давлатии «Ирфон» фаъолият намудааст. 20 апрели соли 1983 дар ҳайати Қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон фиристода мешавад. Дорои рутбаи ҳарбии капитан. 10 декабри соли 1984 дар як амалиёти ҷангӣ бар зидди душманони давлати ҷавони Афғонистон ба ҳалокат расидааст».

Бино ба гуфти директори мактаб Ҷумъаназар Қобилов, Чӯлибой Комилов барои корнамоии ҷангӣ пеш аз марг — 13 августи соли 1984 бо ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шудааст. Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмию публитсистӣ оид ба ташаккули тарбияи ҷавонон, беш аз даҳ китобу рисолаи оммавӣ ва дастурҳои методию таълимӣ буд ва дар оромгоҳи ҷанговарони интернатсионалисти пойтахти кишвар ба хок супорида шудааст.

Маълум шуд, ки мактаб осорхонаи қаҳрамони худро надоштааст. Ҳол он ки бо Қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 19 марти соли 1991 мактаб номи ҷанговари интернатсионалист Чӯлибой Комиловро гирифтааст.

Тавре директор ва набераи бародари қаҳрамон зикр карданд, солҳои аввали номгузории мактаб дар ошёнаи якуми он дар як утоқ гӯшаи Чӯлибой Комилов иборат аз суратҳо, шарҳи ҳол ва ордену медалҳои ҷангиаш мавҷуд буд, вале бо мурури замон аз байн рафтааст.

- Мо ҳоло дар ошёнаи дуюм синфхонаеро ҷудо ва таъмир карда, дар оянда онро ба дафтари кории иттифоқи касаба ва осорхонаи Чӯлибой Комилов табдил доданием. Ба ин хотир Шерзод қариб як сол боз дар бораи бобояш маълумот ҷамъ мекунад, — гуфт директори мактаб.

Боздид аз мактаб маро хурсанд кард, зеро Шерзод бо кумаки муаллимон дар ошёнаи дуюм синфхонаеро таъмиру рангубор карда, дар он маълумоти зиёдро дар бораи бобояш Чӯлибой Комилов ҷой додааст.

Оро додани осорхона то 5 май давом кард. Мо он рӯз бахшида ба 73 — солагии Ғалаба ва 80 — солагии Чӯлибой Комилов дар мактаб ҷамъомади тантанавӣ гузаронидем, ки аз чанд бахш иборат буд, — гуфт раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан Абдулваҳҳоб Қаюмов.

Кори хуб мекунанд аъзои Шӯрои собиқадорони шаҳри Истаравшан. Онҳо бо доир намудани чорабиниҳои гуногун дар байни мактабиён ба ҷавонони имрӯза дастовард ва қаҳрамониҳои падарону бобоёнро бозгӯйӣ мекунанду меомӯзонанд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»