Маслиҳати муфид

«Сарфакор қашшоқ намешавад»

№9 (3803) 23.01.2018

032Бо фарорасии мавсими сармо ҳисобкунакҳои барқӣ дар ҳар хонадон «фаъолтар» мегарданд. Зеро дар зимистон рӯзҳо кӯтоҳу шабҳо дароз гашта, эҳтиёҷ ба рӯшноӣ, гармӣ ва оби гарм бештар мешавад. Чораҳое ҳастанд, ки  бо амалӣ кардани онҳо исрофшавии неруи барқ ва гармиро пешгирӣ кардан мумкин аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадис  фармудаанд: «Сарфакор қашшоқ намешавад».

Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки тавассути тирезаҳо 20- 25 фоиз, деворҳои бетонӣ 15 — 20, зербино 20 — 25 ва сақф (бом) 10- 15 фоиз гармӣ талаф мешавад. Дар китоби «Муҳити зист барои наслҳои оянда» бо ин мазмун чанд маслиҳат барои пешгирии талафшавии гармӣ дода шудааст:

- Барои гарм кардани деворҳо сафолпораҳои пластмассӣ, лавҳаҳои чӯбин, варақаи алюминӣ, гаҷкартон, намад, рӯйпӯшҳои ғафси ресандагӣ, нахи шишагӣ ва ғайраро истифода бурдан  мумкин аст.

- Рӯзҳои офтобӣ пардаи тирезаҳои самти ҷанубиро кушодан лозим, то ба хона зиёдтар нури офтоб ворид шавад. Ин боиси равшану гармшавии манзил шуда, ҳоҷати фурӯзон кардани чароғ намемонад.

- Фасли зимистон шабона хона ба воситаи тирезаҳо гармии зиёдро  талаф медиҳад. Аз ин рӯ, шабонгаҳ тирезаҳоро пурра  пардапӯш кардан беҳтар аст.

- Пешайвони хуб шишабандӣ кардашуда гармиро дар  ҳуҷраҳо беҳтар нигоҳ медорад.

- Агар шумо дар хонаи бисёрошёна зиндагӣ кунед, дари воридгоҳро дар зимистон ҳамеша пӯшида нигоҳ  доред. Тирезаҳои майдончаи зинапояҳо пурра бояд шишабандӣ шаванд.

- Тирезаи дуқабата оинабандишуда ва ё пластикӣ нисбат ба тирезаи одӣ гармиро дар хона беҳтар нигоҳ медорад.

- Ҷои барои яхдон интихобкардаатон низ дар хароҷоти барқ нақши муҳим мебозад. Агар шумо яхдонро дар наздикии  плитаи барқӣ, обгармкунак ва ё дар ҷои офтобрас ҷойгир кунед, он гоҳ вай неруи барқро зиёд сарф мекунад. Ҳангоми дар ҷои салқину  барҳаво гузоштани яхдон хароҷоти барқ камтар мешавад.

- Аз таҷҳизоти каммасрафи барқӣ истифода бурдан боиси сарфаи неруи барқу маблағ мешавад. Бинобар ин, ҳангоми харидани таҷҳизоти барқӣ ба тамғаи он диққат диҳед.

- Хӯроки аз ҳад зиёд гармро дар яхдон нагузоред. Бо ин роҳ шумо неруи барқро сарфа мекунед, чунки барои хунук кардани хӯроки гарм яхдон бо сарбории зиёд кор  мекунад.

- Обро дар обҷӯшонаки барқӣ ба андозаи зарурат ҷӯшонед. Як чойники пур аз обро ҷӯшонидану танҳо нисфи онро  чой дам кардан исрофкорист. Беҳтараш оби зиёдатиро дар термос нигоҳ доред, то оби ҷӯшонидашуда талаф нашавад.

- Бо як бор дарзмолро гарм кардан якбора чанд либосро  дарзмол кунед.

 Таҳияи С. СУННАТӢ, «Садои мардум»