Сарфакорӣ нишонаи оқилист

№4 (4266) 12.01.2021

Хайрулло АмонуллоТибқи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои аввали соли нави 2021-ум якҷо бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 37 (шаҳри Кӯлоб) Шарифҷон Ҳакимзода дар деҳот ва маркази шаҳри Кӯлоб бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор намудем. Зимни онҳо ҳисобот оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2020-ум пешниҳод карда шуд.

 Ҳамчунин, масъалаҳои сарфакорона истифоданамоии қувваи барқ, пешгирӣ аз бемории СОVID-19, самараноку оқилона истифоданамоии заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, таъмини маҳсулоти ғизоӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ба дасисаю ташвиқоти душманон аз тариқи шабакаҳои интернетӣ дода нашудани онҳо, ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва касбу ҳунарҳои замони муосир фарогир намудани наврасону ҷавонон, тақвиятбахшии робитаи волидайн бо мактаб, рушди ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, омодагӣ ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, аз ҷониби интихобкунандагон ҷиҳати ҳалли баъзе аз мушкилоти деҳаю маҳаллаҳо суолу таклифҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуда, барои чораҷӯӣ қабул гардиданд.

Интихобкунандагон дар ҳар як вохӯрӣ оид ба ҷонибдории самимии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида менамуданд.

Бо дарназардошти доираи фаъолияти Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар бораи соҳаҳои энергетика, саноатикунонии босуръати мамлакат, сохтмон ва бунёди роҳҳо низ ба интихобкунандагон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид. Аз ҷумла, масъалаи таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва зарурати сарфакорона истифода бурдани он бо таҳлилу рақамҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оид ба дастовардҳои бузурги ин соҳаи ҳаётан муҳим, яъне бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», баистифодадиҳии даҳҳо неругоҳи хурди барқи обӣ, таъмиру навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд», бунёди  зеристгоҳ ва хатҳои интиқоли қувваи барқ ва ғайра ибрози андеша карда шуд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки 99 фоизи қувваи барқи мамлакат тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаваду барои фаъолияти пурраю бонизоми онҳо захираи зарурии об омили асосӣ мебошад.

Соли гузашта, бинобар сабаби камбарфӣ, яке аз солҳои камобтарин дар маҷрои дарёи Вахш гардид. Илова бар ин, хунукиҳои сарди ҳафтаҳои охир низ боис ба хеле кам гардидани воридшавии об ба обанбори НБО «Норак» шуда истодааст. Дар натиҷа, айни замон сатҳи ҳаҷми оби он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор метр паст мебошад, ки ташвишовар аст. Тавре маълум аст, дар мавсими сардӣ талабот ба истифодаи қувваи барқ (махсусан, барои гармнамоии хонаҳои зист, утоқҳои корӣ ва ғайра) ба маротиб меафзояд. Яъне камшавии захираи об ва зиёдшавии талабот ба истифодаи қувваи барқ, масъулинро водор менамояд, ки низоми идораи системаи энергетикиро хеле оқилонаю дуруст ба роҳ монанд. Истифодаи беназорату бемаҳдудияти қувваи барқ дар чунин вазъият метавонад боис ба якбора кам гардидани оби обанбори «Норак» ва корношоямгардии системаи энергетикии мамлакат гардад. Бинобар ин, масъулини соҳа чораҳои иловагии заруриро ҷиҳати пешгирии садамаю воқеаҳои номатлуб амалӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисон ҷорӣ намудани маҳдудият чораи муваққатии ниҳоят бамаврид мебошад. Муштариён ва истеъмолкунандагони қувваи барқро зарур аст, ки бо дарки вазъи соҳаи энергетика бовиҷдонона ба беҳудахарҷнамоии қувваи барқ роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин, ба интихобкунандагон оид ба беасосу дурӯғ будани баъзе аз овозаҳое, ки гӯё дар давраи хунукӣ қувваи барқ ба давлатҳои ҳамсоя фурӯхта мешуда бошад, бо таҳлил ва далелҳои мушаххас маълумоти раднопазир расонида шуд. Таъкид гардид, ки бинобар сабаби камобӣ, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурӯши қувваи барқ аз тобистони соли гузашта ба давлатҳои ҳамсоя қатъ гардидааст. 28 июли соли 2020, яъне панҷ моҳ пеш, дар Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба мардуми кишвар масъалаи қатънамоии интиқоли қувваи барқ ба давлатҳои ҳамсоя, пеш аз муҳлати дар шартномаҳои байнидавлатӣ ба имзорасида дарҷ гардида буд.

Шояд касоне ёфт шаванду гӯянд, ки масъулин ҳамеша табиатро гунаҳкор мекунанд. Не, ҳаргиз табиат гунаҳкор нест. Бориши зиёди барфу сардиҳо манфиату баракати зиёд низ дорад. Лек, воқеият ин аст, ки чархаи неругоҳи барқи обиро маҳз ҷараёни равиши об (бо фишори муайян) тоб медиҳаду захиранамоӣ ва истифодаи бонизому дурусти об барои кори мунтазами неругоҳҳо омили асосӣ мебошад. Дар ин маврид имконияти захиранамоии об дар обанбори «Норак» хеле маҳдуд ва нокифоя мебошад. Танҳо дар мавриди пурра сохтани садд ва обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконияти захиранамоӣ ва танзими бонизоми сатҳи об дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, аз ҷумла, неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Сарбанд» пайдо мегардад. Ҳамчунин, танзиму идоранамоии сатҳи захираи об дар обанборҳо барои мамлакатҳои минтақаи поёноб манфиатовар буда, дар мавриди камобию хушксолӣ таъминоти зарурии об барои онҳо низ имконпазир мегардад.

Иқтидори гидроэнергетикии мамлакат 527 млрд. квт/соат буда, ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои 8-ум қарор дорад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи стратегӣ — истиқлолияти энергетикӣ барномаю лоиҳаҳои мушаххас таҳия ва амалӣ шуда истодаанд. Итминони комил дорем, ки мушкилиҳои муваққатӣ низ ҳаллу фасл гардида, Ватани азизамон дар солҳои ­наздик ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расида, ба яке аз давлатҳои содиркунандаи қувваи барқ табдил меёбад.

Бояд зикр намуд, ки дар умум, иштироккунандагон ҳангоми вохӯриҳо муҳимияти масъаларо дуруст дарк карда, вазъи кунуниро бо мушкилиҳои солҳои пешин муқоиса намуда, сарфакорона истифодабарии қувваи барқро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.