«Саводнокии молиявӣ ба ҳар оила»

№31 (3332) 05.03.2015

Бо ҳамин ном чанде пеш бо ибтикори Бонки Умумиҷаҳонӣ семинар баргузор гардид. Роҳбари лоиҳа оид ба устувории молиявии инфрасохторӣ дар Осиёи Миёна ва Озарбойҷон Заррина Одинаева зикр кард, ки мақсади асосии семинари имрӯза тариқи воситаҳои ахбори омма мусоидат кардан ба баланд бардоштани маълумотнокии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии буҷети оилавӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва муносибат бо бонкҳо мебошад.

Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков низ доир ба мавзӯи мавриди назар фикру андешаҳояшро баён намуда, сарфакорона истифода бурдани маблағро барои ҳар оила амали хирадмандона номид.  Дар охир  оид ба истифодаи  маблағ дар оила, муносибат бо қарзҳои кредитии бонкӣ саҳнаҳои хурд-хурд пешниҳод гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»