СЕ КИТОБИ НАВИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

№74 (3554) 09.06.2016

Чанде қабл се китоби олими тоҷик, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар Олмон, Украина ва Тоҷикистон нашр шуд.

Китоби аввал «Воспитательно-образовательные технологии в конкурентной среде ВУЗА» ном дошта, бо забонҳои русӣ ва олмонӣ дар нашриёти академии LAP (LAMBERT Academic Publishing) мунташир гардидааст. Дар асар моделҳои таълими инноватсионӣ дар макотиби олӣ баррасӣ шудааст.

Китоби дигар «Основы современной педагогики» ном дорад, ки дар Украина ба нашр расидааст. Дар он таъсири илмҳои гуногун (фалсафа, фарҳангшиносӣ, кибернетика, психология) ба донишҳои педагогӣ матраҳ шуда, фарогири маълумоти ҷолиб аст.

Дар китоби сеюм «Конкурентология и саморазвитие личности» масъалаҳои рақобат ва тарбияи кадрҳо дар замони рушди инноватсионӣ баррасӣ шудаанд.

Ҳар се китоб аз ҷониби олимони шинохтаи Россия, Қазоқистон, Украина ва Тоҷикистон баҳои баланд гирифтаанд.

 Р.ҲАБИБОВ, «Садои мардум»