Се корманди «Садои мардум» ғолиби озмуни лоиҳаи «КЛИМАДАПТ» дониста шуданд

№23 (3817) 22.02.2018

IMG_1466Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии мамлакат ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим лоиҳаи «КЛИМАДАПТ» миёни рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ озмун эълон намуд, ки он аз моҳи август то 31 декабри соли 2017 идома ёфт. Дар ин муддат зиёда аз  60 мақола пешниҳод гардид. Баъди ҷамъбаст се нафар корманди рӯзномаи «Садои мардум» бо навиштаҳои ҷолиб дар қатори ғолибон ҷой гирифтанд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин мақола дар нашрия» муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзнома Сайфиддин Суннатӣ (дар акс аз мобайн) сазовори ҷойи аввал, муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Бурҳониддин Каримзода (аз чап якум) ва хабарнигори махсуси рӯзнома дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов соҳиби сипоснома гардиданд.

 Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»