Шаҳло Акобирова аз нав раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

№148 (3942) 11.12.2018

Ҳафтуми декабри соли равон дар толори меҳмонхонаи «Хиллтон» (собиқ Шератон) ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО)-и Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, вакилон ва намояндагони зиёда аз 60 ташкилоти журналистӣ, ва ВАО-и кишвар иштирок дош­танд.

Ҷаласаро раиси Шӯрои ВАО Шаҳло Акобирова ифтитоҳ бахшид. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Олим Салимзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода ва сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар суханронӣ намуда, аз рушди ВАО дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд. Олим Салимзода, аз ҷумла, гуфт, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо назари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба инобат гирифта мешавад ва чунин таҷриба ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» истифода шуд.

Дар ҷаласа раиси кулли Шӯрои ВАО-и ҷумҳуриҳои Босния ва Ҳерсеговина Лилиана Зурович дар мавзӯи «Таҷрибаи худтанзимнамоии ВАО дар Босния ва Ҳерсеговина ва фаъолияти шабакаи ягонаи шӯроҳои ВАО дар Аврупо», ҳуқуқшиноси Шӯрои ВАО Суҳроб Пӯлодов оид ба «Риояи меъё­рҳои ахлоқ-кафили таъмини амнияти фаъолияти журналистӣ», олими ҷавон, номзади илмҳои филологӣ Хушдил Раҳимҷонов ва Умед Назаров доир ба «Риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар журналистикаи тоҷик», дабири кулли Шӯрои ВАО Зеваршоҳ Муҳаммад дар робита ба «Таъсири фановариҳои ҷадид дар расонаҳо» маърӯза карданд.

Дар фарҷом ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии Шӯро шунида шуда, Шаҳло Акобирова аз нав раиси Шӯрои ВАО интихоб гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»