Шаҳноза Нодирӣ: «Барои пурсамар будани низоми САҲШ чанд вазифаи муҳимро иҷро кардан зарур аст»

№44 (3994) 20.04.2019

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири адлияи ҶТҲар сол волидони ҳудуди 40-50 ҳазор нафар тифли навзод дар мамлакат сари вақт шаҳодатнома дар бораи таваллудро ба расмият намедароранд. Илова бар ин, шояд боз шумораи зиёди ҳамсарон бе сабти ҳуҷҷати расмӣ ҳаёти оилавиро оғоз кунанд. Аз ин рӯ, ояндаи наздик шаҳрвандоне, ки барои сари вақт ба расмият даровардани ҳуҷҷат фурсат намеёбанд, ба мушкилоти ҷиддӣ дучор мегарданд.

Дар хусуси ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доштани низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) эҳтимол шаҳрвандони аз ин соҳа фарсахҳо дур низ огоҳ бошанд. Зеро ҳар як шаҳрванди кишвар чанд маротиба аз хизматрасонии САҲШ-ҳои маҳаллӣ истифода намуда, аз рӯи шунидаву таҷриба аз сатҳи фаъолияти онҳо хабар дорад. Чанд маротиба рафтан ба дафтари кории САҲШ, муддати тӯлонии анҷоми расмиёт, ҷамъоварии шумораи хеле зиёди ҳуҷҷатҳо ва масъулиятшиносии пасти бархе аз кормандон як қисми мушкилот дар ин соҳа мебошанд. Дар асл ин низом ба мушкилоти аз ин ҳам ҷиддитар гирифтор аст, ки аз ҳаллу фасли он на танҳо амнияти ҳуқуқии шаҳрвандон, балки ояндаи давлат низ вобаста мебошад.

Яке аз иқдомҳои аввалини муҳим дар ин самт амалисозии лоиҳаи «Кумаки техникӣ барои дастгирии тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон» гардид, ки ҳамроҳ бо дастаи EPOS Health Management таҳия шуда, оғози ташаккули заминаи миллии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ гардид.

Дарҳол чанд вазифаи муҳимро мебояд иҷро намуд

ЗАГС (1)Ба гуфтаи муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ки ба масоили САҲШ масъул аст, барои пурсамар ва ҷавобгӯ будани низоми САҲШ ба талабот чанд вазифаи муҳимро оҷилан иҷро кардан зарур аст.

Аввал, ҳамоҳанг сохтани қонунгузории ҷавобгӯ ба талаботи ташкили Низоми ягонаи электронии САҲШ, дуюм, таъмини низом бо заминаи мукаммали моддӣ-техникӣ, аз ҷумла, рақамӣ кардани бойгонӣ ва сеюм, беҳтар кардани имконоти кадрии кормандони мақомот.

- Қобили зикр аст, ки низоми САҲШ 1 январи соли 2012 аз тобеияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ихтиёри Вазорати адлия супурда шуд. Мо ба як қатор мушкилоти ҷиддии марбут ба танзими ҳуқуқии фаъолият, таъмини хеле нокофии моддӣ-техникӣ, имконоти кадрӣ ва ғайра дучор шудем. Дар низоми САҲШ таъминоти моддӣ-техникӣ дар сатҳи нокофӣ қарор дошт. Масалан, аз 68 бахши САҲШ 33 бахш дар биноҳои ба дигар вазорату идораҳо тааллуқдошта фаъолият намуда, 18-тои он дар ҳолати хеле корношоям қарор доштанд, — мегӯяд Шаҳноза Нодирӣ.

Ғайр аз ин, дар баробари имконоти нокифояи кадрӣ, ҳамчунин мушкили таъмин бо шароити зарурии корӣ низ вуҷуд дошт. Норасоии захираҳо барои САҲШ боиси пешниҳоди хизматрасонии пастсифат ба аҳолӣ гардида, эҳтимоли содир шудани ҷиноятҳои коррупсиониро меафзояд. Дар масъалаи имконоти кадрӣ бошад, камбуди мутахассисон ба мушоҳида расида, кормандони амалкунанда на ҳамеша ба таври бояду шояд салоҳиятноканд.

- Мувофиқи басти воҳидҳои корӣ дар ҳар як шуъбаи САҲШ ду мавқеи хизматчиёни давлатӣ вуҷуд дорад: мудир ва мутахассис, ҳамчунин ду корманди техникӣ – масъули бойгонӣ (архивариус) ва ҳуҷҷатгузор, ки маошашон аз ҳисоби пардохти хизматрасонии иловагӣ тибқи шартнома маблағгузорӣ мешавад. Ду корманди техникӣ аз уҳдаи иҷрои корҳои зарурӣ намебароянд, лекин бинобар сабаби мавҷуд набудани воситаҳои иловагӣ, зиёд кардани шумораи онҳо алҳол ғайриимкон аст, — шарҳ медиҳад муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мамлакат ба аҳолӣ на танҳо тавассути бахшҳо, балки аз тариқи ҷамоатҳо низ сурат мегирад (дар берун аз кишвар ин вазифа ба дӯши муассисаҳои консулгарӣ вогузор шудааст, дар ҷамоатҳо котибон масъуланд). Бисёр вақт онҳо таҷрибаи заруриро дар кори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ надоранд ва илова бар ин, бояд уҳдадориҳои асосии худро низ иҷро намоянд.

Лекин мавҷуд набудани пойгоҳи ягонаи электронӣ ва тарзи электронии роҳандозии САҲШ, бешубҳа, мушкили асосии тадорукотӣ мебошад.

- Ҳама сабти аснодро мо 75 сол нигаҳдорӣ мекунем. Мувофиқи таҳқиқоти БРСММ (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид), ки соли 2017 гузаронида шудааст, дар Тоҷикистон айни замон беш аз 23 миллион сабти аснод нигаҳдорӣ мешавад. Бойгонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанбе дар бойгонии пойтахт; бойгонии вилояти Суғд дар Хуҷанд ва бойгонии ВМКБ дар Хоруғ нигаҳдорӣ мешаванд. Кор бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ вақти хеле зиёдро талаб намуда, ба носаҳеҳӣ ва таҳрифкорӣ дар арзёбии вазъи воқеии демографӣ боис мегардад. Гузашта аз ин, замони ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз бойгониҳои САҲШ нобуд карда шуданд ва ҷиҳати барқарор намудани сабти асноди талафёфта кори зиёдро ба сомон расонидан лозим меояд, — қайд мекунад Шаҳноза Нодирӣ.

Тарҳрезии давлатӣ чӣ гуна сурат мегирад?

Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҷамъоварии маълумоти марбут ба соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи таваллуд ва вафот машғул аст. Дар ин масъала марказ моҳиятан кори мақомоти САҲШ-ро такрор мекунад, аммо маълумоти гирифтаи он ва мақомоти САҲШ, ки онҳоро баъдан ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мефиристанд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

- Масалан, мо дар бораи 260 ҳазор нафар тифли навзод дар як сол маълумот гирифтем ва мақомоти САҲШ бошад, танҳо дар бораи 220 ҳазор нафар.

Дар як сол фарқ байни маълумоти мо ба ҳисоби миёна ҳудуди 40-50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, — мегӯяд сармутахассиси Марказ Сафар Сайфиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, таваллуди кӯдак­ро, ки дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд мегиранд, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нест.

- Тифл ба дунё омаду муассисаи тиббӣ онро ба қайд гирифт. Пас аз ин шаҳрванд ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунад ва дар асоси далели таваллуду пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ сабти таваллуди шаҳрванд сурат мегирад, — изҳор намуд Сафар Сайфиддинов.

Дар масъалаи гирифтани маълумот дар бораи шумораи тифлони навзод Марказ ҳеҷ мушкилӣ надорад: тифл дар муассисаи тиббӣ ба дунё меояд, маълумот дар бораи модараш аллакай мавҷуд аст, далели таваллуди ӯ сабт ва ба Марказ равона мегардад. Ғайр аз ин, Маркази омор бо низоми электронӣ кор мекунад, ки маълумот дар бораи фаъолияти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла доир ба таваллуд низ ба он ворид мегардад.

- Мушкилот зимни сабт дар мақомоти САҲШ оғоз мегардад, — мегӯяд Сайфиддинов.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографии соли 2017 доиргардида, 9 фоизи кӯдакони синни то панҷ шаҳодатнома дар бораи таваллуд надоранд. Барои муқоиса: соли 2012 -ум 18 фоизи кӯдакони ин синну сол шаҳодатнома дар бораи таваллуд надоштанд.

Дар робита ба сабти ақди никоҳ бошад, дар муқоиса ба соли 2014 соли 2015 шумори сабти ақди никоҳ ба андозаи 20 дарсад кам шудааст.

Муаллифони таҳқиқот аз эҳтимол дур намедонанд, ки камшавии шумораи ақди никоҳҳои сабтшуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳамаи шахсони издивоҷкарда тибқи расму оинҳои динӣ онро дар мақомоти давлатии САҲШ ба қайд мегиранд.

Ба гуфтаи С.Сайфиддинов, тез-тез бо ҳолатҳое дучор омадан мумкин аст, ки шаҳрвандон танҳо баъди пайдо шудани зарурати ба кӯдакистон ё мактаб додан ва лозим шудани шаҳодатнома дар бораи таваллуд ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунанд. Номбурда хотиррасон намуд, ки тарҳрезӣ (банақшагирӣ)-и давлатӣ бо дарназардошти маълумоти гирифтаи шуъбаҳои САҲШ ва сипас равона намудани он ба Агентиии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

- Аксари нишондиҳандаҳо дар асоси шумораи аҳолӣ ҳисобу китоб мешавад, масалан шумораи зарурии катҳо дар беморхонаҳо, ҷой дар мактабу кӯдакистонҳо, — мегӯяд С. Сайфиддинов. – Бар асоси шумораи аҳолӣ зерсохтори шаҳру ноҳияҳо ва бисёр чизҳои дигар таҳия мешавад. Аз ин рӯ, самаранокии тарҳрезии давлатӣ ба мутобиқати маълумот ба воқеият вобаста аст.

Инчунин, ба вазъи воқеӣ ва маълумоти гирифтаи Агентии омор, ҳамчунин мавҷуд набудани низоми интиқоли маълумот аз муассисаҳои консулгарӣ низ таъсир мерасонад, ки асноди ҳолати шаҳрвандии сокинони кишварро, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд, сабт мекунанд.

 Мушкилро чӣ гуна мебояд ҳал кард?

Барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019» -ро қабул кард, ки дар он масоили рӯзмарра ва муҳим ҷиҳати беҳбуди низом ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилот дарҷ ёфтааст.

-  Барнома ҳамаҷониба васеъ буда, амалисозии он захираи зиёди молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва зеҳниро тақозо менамояд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамдастӣ бо БРСММ, ҳамчунин дастгирии молиявии Агентии рушд ва ҳамкории Швейт­сария лоиҳаи ҷудогонаи «Дастгирии ислоҳот дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» таҳия гардид. Ҳадаф аз амалисозии он такмили низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад ва хеле муҳиму зарурӣ шуморида мешавад. Биноан, аз Ҳукумати Швейтсария барои дастгирӣ хеле миннатдорем. Ҳамчунин, ба Барномаи рушди СММ, ташкилоте, ки дар амалисозии лоиҳаҳои муҳим кумак мекунад, низ миннатдорӣ изҳор менамоем, — мегӯяд Шаҳноза Нодирӣ.

Ба кор ҷиҳати амалисозии лоиҳа дигар сохторҳо, пеш аз ҳама, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати кишвар, ҷамоатҳо ва дигар мақомот низ ҷалб шудаанд. Марҳилаи аввали лоиҳа январи соли 2016 оғоз ёфта, то декабри соли 2019 амалӣ мешавад.

Дар доираи амалисозии он таҳқиқоти сершумори низоми САҲШ гузаронида шуда, оид ба таҳияи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ ва дастурамалҳои нав дар бораи САҲШ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Дар таҳқиқот коршиносон қайд мекунанд, ки барои такмили низом ҳаллу фасли масоили дорои хусусияти доимӣ, ҳамчунин бартараф намудани паҳлуҳои мушкил дар қонунгузории кишвар зарур аст.

Ғайр аз ин, барои амалисозии пурсамари барнома ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои барнома қабул мешавад.

Ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, то ҳол оид ба такмили қонунгузории танзимкунандаи низоми САҲШ кори зиёде ба сомон расонида шуда, дар назди Вазорати адлия доир ба таҳияи тағйирот ба қонунгузорӣ гурӯҳи кории махсус таъсис дода шуд. Алҳол тағйирот ва бастаи ислоҳот ба қонунҳову санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар марҳилаи лоиҳавӣ қарор доранд.

- Мо ҳар чӣ зудтар қабул шудани онҳоро аз ҷониби Парлумони кишвар мунтазирем, — қайд кард Шаҳноза Нодирӣ ва саҳми парлумонро дар пешбурди ислоҳоти низоми САҲШ дар кишвар, ҳамчунин саҳми Кумитаи миллӣ оид ба нуфус ва рушди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуд. Бо ташаббуси вакилон, ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешниҳод шуд.

Аллакай тағйиротҳое омода шудаанд, ки аз рӯи қонунгузорӣ ба роҳандозии Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароит фароҳам меоранд, зеро дар қонуни амалкунандаи Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» танзими роҳандозии тарзи электронии САҲШ пешбинӣ нашудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки низоми сабти электронӣ ба мақомоти САҲШ барои бе пул додани шаҳодатнома дар бораи таваллуд имкон медиҳад.

Шаҳноза Нодирӣ аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии соҳибкорон дар соли 2018 ёдовар шуд, ки дар ин маврид чунин изҳори назар карда буданд: «Ҷиҳати таҳия ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои минбаъд ташкил намудани феҳрис­ти электронии аҳолӣ аллакай тадбирҳои муайян амалӣ шуда истодаанд ва дар қаламрави Тоҷикистон аз соли 2019 роҳандозии сабтҳои электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ оғоз мегардад».

Дигаргуниҳо кай сурат мегирад?

Аз соли 2019 ҷорӣ кардани низоми иттилоотии САҲШ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Масъалаи ҷорисозии сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои бойгонии САҲШ (рақамӣ кардани бойгониҳо) 20 феврали соли 2019 дар ҷаласаи XIX  Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар аз 26 ноябри соли 2018 ҷиҳати таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо дар самти ҷорисозии низоми иттилоотии САҲШ, роҳандозии ҳамкории мутақобила байни низоми иттилоотии САҲШ ва дигар низомҳои электронии вазорату идораҳо дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Гурӯҳи байниидоравии корӣ таъсис дода шуд. Дар ин робита бастаи лоиҳаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шудааст, ки ба роҳандозии Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароит фароҳам меорад, зеро дар қонуни амалкунандаи Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» танзими роҳандозии тарзи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ нашудааст.

Шаҳноза Нодирӣ зикр кард, ки масъалаҳои таъмини заминаи моддӣ — техникӣ, ҳамчунин такмили имконоти кадрӣ низ тадриҷан ҳаллу фасл шуда истодааст. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҳуқуқии аҳолии Тоҷикистон дар мавриди зарурат ва муҳимияти сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар сурати мавҷуд набудани сабти асноди ҳаётан муҳим дар САҲШ оқибатҳои манфӣ ба бор оварда метавонанд, ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа барои бахшҳои САҲШ таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ шуда, байни кормандон тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Аллакай барои низоми ояндаи иттилоотии САҲШ, ки ба коркарди 80 ҳисоботи оморӣ қодир аст, замина фароҳам оварда шудааст.

- Албатта, давраи гузариш ҳамеша душвор буда, мо дарк мекунем, ки бояд чӣ қадар корҳоро ба иҷро расонем. Лекин низоми роҳандозишудаи САҲШ барои давлат ниҳоят муҳим аст. Аввалан, низоми нави САҲШ ба беҳтар кардани сифати пешниҳоди хизматгузорӣ ба аҳолӣ имкон дода, сониян, мо, ки дар роҳи таъсиси ҳукумати электронӣ қарор дорем, низоми иттилоотии пешниҳодкарда барои низомҳои иттилоотии ҷумҳурӣ асос мешавад, — изҳор намуд Шаҳноза Нодирӣ.

Лилия ГАЙСИНА, рӯзноманигор