Шаҳристон. Майдони кишти картошка зиёд мешавад

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

картошкаШаҳристон яке аз ноҳияҳои таъминкунандаи картошка дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат раиси он Ашӯралӣ Ҷалилзода изҳор дошт, ки соли равон тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти картошка нисбат ба порсол ду маротиба зиёд гардид.

- Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф ситоди ноҳиявӣ таъсис додаем, ки натиҷаҳо дар он баррасӣ мешавад, — гуфт ӯ.

Бино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Хуршед Расулбердиев, майдони кишт ба 500 гектар расида, ҳар рӯз аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 40 — 45 гектар картошка кишт мешавад.

- Дар оғоз вобаста ба дастрас намудани тухмии хушсифате, ки серҳосил ва ба касалиҳо тобовар бошад, ба мушкилӣ мувоҷеҳ шудем, — гуфт ҳамсуҳбатам. Хушбахтона, бо дастгирии МИМҲД вилоят ва ноҳия мушкилӣ бартараф ва дар анборҳо ба миқдори кофӣ тухмӣ захира шуд.

Кишти картошка айни ҳол дар кооперативҳои тиҷоратии «Шаҳристон», «М. Шукуров», «Гулис­тон-15», «Бураген», «Хуррамдара» ва «Боғистон» хуб ҷараён дорад. Деҳқонон ният доранд кишти онро то 25-уми май ба итмом расонанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»