Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳконии «Боғи Сомон»

№126 (3427) 21.09.2015

21498705252_e17a191736_o

18 сентябри соли 2015 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ташриф оварда, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқони шинохта Ҳоҷӣ Камол шинос шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ ба фаъолияти сардхонаи замонавӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст, асос гузошт.

Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ феълан чунин сардхона дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ба ҳашт адад расонида шудааст. Ҳаҷми ғунҷоиши ҳар як сардхона бештар аз 50 тонна буда, ба маблағи аз 200 то 220 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар ҳашт сардхонаи замонавӣ аз 400 то 450 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур, нигоҳдорӣ мешавад.

Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» баробари парвариши васеи навъҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда машғул аст.

Дар хоҷагӣ қариб 100 сар чорвои калони гӯштӣ ва зиёда аз панҷ ҳазор сар чорвои майда нигоҳубин карда мешавад, ки ҳамагӣ аз даромадҳои софи хоҷагӣ мебошад.

Ин хоҷагии деҳқонӣ бо бештар аз 580 гектар замини кораму боғот имрӯз зиёда аз 1100 саҳмдор дорад, ки ҳамаи онҳо қитъаи муайяни заминро ихтиёрдорӣ мекунанд. Шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам дар хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.

www.prezident.tj