Собиқадорони маорифи халқ

Шоҳиди ободкориҳои фотеҳони Дилварзин

№148 (3449) 03.11.2015

Муаллимро дар ҷашну маросимҳо, вохӯрию маҳфилҳо ҳамеша банди андеша мебинам. Дар суҳбатҳои сарироҳӣ, ки дар кӯчаҳои Бӯстон- маркази ноҳияи Мастчоҳ баъзан иттифоқ меафтанд, низ камгап аст. Агар чизе пурсед, посухи кӯтоҳу мушаххасро бо далелу арқом дареғ намедорад.

Чанде пеш маълум гардид, ки устоди арҷманд, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Обидов ба синни мубораки 85 расидаанд. Роҳ сӯи хонаашон пеш гирифтам…

Дарвозаи ҳавлии устодро писарбачаи хушҳолу дӯстрӯяке ба рӯям боз карда, ба даромадан даъват намуд. Дохили ҳавлӣ шудаму муаллим бо табассуми ба худ хос ба истиқболам омад. Устод табрикамро бо мамнуният пазируфт. Суҳбат болои кати тозаву озода қӯр гирифт. Ҳамсуҳбатам оид ба зиндагиномаи худ кӯтоҳ ҷавоб гардонида, бештар дар бораи ҳамкорону ҳамкасбон гап мезад, номи онҳоеро, ки дар тарбияву парваришаш саҳм доштанд, бо миннатдорӣ ба забон меовард. Муколамаи мо бештар атрофи вазъи маориф дар давраҳои томуҳоҷирӣ ва баъди кӯчидан ба водии Дилварзин сурат гирифта, ба саҳми аҳли маориф дар рушди ҷомеа лангар мепартофт. Муаллим роҷеъ ба давраҳои гуногуни зиндагиаш калимаҳоро чинда-чинда ба забон оварда, воқеаҳоро пайваста нақл мекард. Ҳини баёни давраи кӯдакӣ хеле мутаассир буд:

- Даҳуми майи 1930 дар оилаи Домулообид, ки хатмкардаи яке аз мадрасаҳои Бухоро буд, таваллуд шудаам, аммо волидайн мегуфтанд, ки мавлудат асосан соли 1929 аст, — чашм аз маълумотномае наканда, оромона суҳбат мекунад устод. Дар ду- се солагиам аз падар ятим мондам. Мазори қиблагоҳам дар деҳаи Сӯфиёни Панҷакент воқеъ буда, он ҷо дар синни 54-солагӣ аз асари беморӣ гузаштаанд. Мувофиқи гуфти бузургони деҳа, падарам мактабдор буданд ( мактаб охири солҳои 20-уми асри гузашта баста шуд). Дар тарбияи мо саҳми амакам Домуллобоқӣ (падари омӯзгори номдори диёр, яке аз пионерони соҳаи маориф дар Дилварзин Ҳикматулло Боқиев низ кам нест).

Баъди вафоти падар тарбияи мо — се писару се духтар ба зиммаи модарам афтод. Замона мушкил буд ва тағоям Маҳадамин Соҳибов ману бародарам Муллообидро ба интернати маркази ноҳия – деҳаи Мадрушкат бурд. Он ҷо 70 нафар — 40 писару 30 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буданд. Интернат дар назди мактаби миёнаи №1 воқеъ буда, директори мактаб шодравон Сӯфӣ Одинаев (аввалин Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон аз ноҳияи Мастчоҳ) буд. Сарварии хонаи бачагонро бошад, инсони шарифу карим, дӯстдоштаи ятиму бепарасторон Мулломуҳаммад Шокарим ба уҳда дошт. Аз ин интернат шахсиятҳои хеле шинохта ба воя расидаанд, ки барои рушду нумӯи ноҳия баъди муҳоҷират ба Дилварзин ҳиссаи калон гузоштанд. Оилаи Одиловҳо дар ин самт намунаи ибрату омӯзиш аст. Сарвари оила Мирзошариф Одилов дар барқароркунии соҳаи алоқаи ноҳияи нав хизматҳои арзандаро ба анҷом расонида, солҳои 70-90 — уми асри гузашта дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравӣ ба халқу Ватан софдилона хизмат кард. Завҷааш Азизмоҳ Одилова наздик 50 сол дар соҳаи алоқа заҳмат кашида, дар тарбияи кадрҳои ҷавон кори шоёнро ба анҷом расонид. Дастпарвари дигари интернат Ҳоҷӣ Сафаров 60 сол муфаттиши Ҷамъияти матлуботи ноҳия буд. Мардум ӯро «аҷали муфтхӯрон» ном дода буданд. Чанд рӯз пештар бо ҳам вохӯрда будем, гузаштаро, ҳамсабақону устодонро ёдовар шудем.

Он замон дар маркази ноҳия – Мадрушкат, ба ғайр аз мактаби миёнаи №1 ва интернат, боз як дабистон амал мекард, ки дар тайёр кардани кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, бахусус омӯзгорон, саҳми хеле калон дошт ва бо номи «семилетка» маъруф буд. Хизмати шогирдони ин таълимгоҳ, ки дар бинои комиҷроияи ноҳия ҷойгир буд, дар рушду нумӯи ноҳия бузург буд. Ходими намоёни давлатию ҳизбӣ Сангин Ниёзов аз он қабил буда, дар вазифаҳои муовини раиси комиҷроияи ноҳия, котиби кумитаи ноҳиявии ҳизб фаъолият карда, дар кӯчонидани мардум ба Дилварзин ва ободу зебо гардонидани диёри нав ҷонфидоиҳои зиёд нишон додааст.

Раҷаб Обидов фаъолияти 60-солаи омӯзгориашро соли 1943, баъди хатми синфи 7-уми мактаби миёнаи №1-уми деҳаи Мадрушкат ба ҳайси сарпионервожатии интернат оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 1949 кор кард. Дониш, қобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи ташкилии кумитаи ноҳиявии комсомол таъин карданд. Аммо меҳри омӯзгорӣ Р. Обидовро баъди як сол боз ба синфхона кашид ва муаллими мактаби деҳаи Ғузн таъин гардид.

- Ман ин ҷо аз омӯзгорони кордону соҳибтаҷриба Сафар Бекзода (директори мактаб) ва Мирзосафар Ниёзов (мудири қисми илмӣ) нозукиҳои кори таълиму тарбияро омӯхтам, ки дар тамоми ҷараёни фаъолияти омӯзгориам роҳбару роҳнамои ман буданд, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.

Баробари кор Раҷаб Обидов идомаи таҳсилро вазифаи худ медонист ва ин буд, ки соли 1951 бо роҳхати шуъбаи маориф ва хислатномаи мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд супурд.

- Ин ҷо гули сари сабади ҷавонони Мастчоҳ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, — он давраро ёдоварӣ мекунад Р. Обидов. Фиристодагони Мастчоҳ Сӯфӣ Ниёзов, Кӯчакбоқӣ Надиров, Мирзо Азизов, Тошбек Шарифов, Зубайдулло Боқиев бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок доштанд, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Ӯ соли 1953 бо дипломи муаллими таърих ба ноҳия баргашта, аввал дар мактаби деҳаи Мадрушкат, баъд дар филиали мактаби миёнаи деҳаи Оббурдан дар деҳаи Пастиғав ба хонандагон аз фанни таърих сабақ омӯзонд.

- Ман худро хушбахт мешуморам, ки зери сарварии директори мактаб Гадо Умарӣ (Муллогадо Умаров) – яке аз асосгузорони маорифу матбуот дар Мастчоҳ, Аълочии маорифи  ИҶШС кор кардаам, — ёдовар мешавад гузаштаро Р. Обидов ва меафзояд, — Мо баробари таълиму тадрис мактабро барои кӯчонидан ба Дилварзин омода мекардем, ба комиссияи муҳоҷират кумак мерасонидем.

Чун дигар соҳаҳо мактабу маориф низ дар Дилварзин бурди калон кард, бо як ҷумла натиҷабардорӣ мекунад муҳоҷират ба диёри навро ҳамсуҳбатам. — Ҷои мактабҳои сангдевору хокпӯшро биноҳои замонавӣ гирифтанд, коллеҷу гимназияҳо дар хизмати ҷавононанд. Имрӯз ба насли наврас ба ҷои 2-3 нафар омӯзгорони маълумоти олидор, 938 нафар муаллимони дорои маълумоти олӣ ва якчанд нафар номзадҳои илм сабақ меомӯзанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 843 нафар бонувон машғули коранд, ки 45 фоизашон дорои маълумоти олианд. Дилварзин баробари се нафар Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ, даҳҳо нафар устодони пахта, механизаторони хизматнишондода, чорводорони номдор, алоқачиён, бинокорон, саноатчиён, инчунин дар соҳаи маориф шахсиятҳои намоёнро ба воя расонид. Дар 60 соли фаъолият ҳамкасбони мо Гадо Умарӣ, Латиф Одина, Одил Ҳакимов, Тамара Филиповна Посудевская, Амон Шарифов бо нишони олии «Аълочии маорифи ИҶШС» сазовор гардиданд. Имрӯз дар мактабҳои ноҳия даҳҳо нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони дорои категорияи олӣ, муаллим – методистон машғули коранд. Сафи дорандагони ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо сол аз сол меафзояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи кишвар даҳҳо нафар доктору номзадҳои илм аз Мастчоҳ фаъолият доранд. Ин гуфтаҳо далели онанд, ки кӯчидан ба водии Дилварзин бурди мастчоҳиён мебошад, — хулоса кард устод.

- Лекин набояд фаромӯш кард, ки ин муваффақиятҳо осон ба даст наомадаанд, — андешамандона иброз дошт қаҳрамони ин сатрҳо. — Ман нек дар ёд дорам он рӯзҳоро. Мо дар қаноти чапи мактаби миёнаи №3 ба хонандагон таълим дода, қабати рости онро бино мекардем. Муаллимон баробари касби асосӣ, ба хиштрезӣ, сохтмон, кишоварзӣ низ машғул буданд. Дашти тафсон  ба касе «раҳм» надошт, ташнагию бодҳои гарм, сурмагасу пашшаи шаб балои ҷон буданд. Аз ин офатҳо бештар кӯдакону пиронсолон азият мекашиданд. Аммо ман ҳамкасбону шогирдонамро ёдовар шуда, дилам таскин меёбад. Аз он ифтихор мекунам, ки мо ин дашти асрҳои аср сӯхтаю пухтаро фатҳ кардем, панҷ маротиба ғолиби мусобиқаи умумииттифоқӣ гардидем. Аз он таскин меёбам, ки шогирдони зиёдеро ба ҷомеа ҳадя намудаам ва аз комёбиҳояшон сарам ба осмон мерасад.

Ин комёбиҳо муаллимро хурсанд кунанд ҳам, дили ҳассосаш аз ёди онҳое, ки имрӯз сари мизи мавлудаш нестанд, кашиш мехӯрад, лаҳзаҳои ҳамгироӣ бо ҳамкасбон, ба ибораи худи устод, бо ҳамҳуҷраҳояш, чунки тамоми сол, ғайр аз якшанбе, дигар рӯзҳо онҳо дохили як ҳуҷра, ки хонаи муаллимонаш мегуфтанд, паҳлуи ҳамдигар буданд, суҳбатҳои самимӣ доштанду баҳсу талош, пеши назар оварда, дилаш гум мезанад. Ҳар гаҳ ки ёди шӯхиҳои ба худаш зебандаи Ҳикматулло Боқиев, хушгӯиҳои Зубайдулло Боқиев, табассуми малеҳи Ҳоҷихон Муҳаммадиев, лутфи Мирзо Заҳриддиновро мекунад, он рӯзгорон барояш боз ҳам азизу муътабар мегарданд.

Раҷаб Обидов Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сари синаи  устодро рӯзҳои иду чорабиниҳои тантанавӣ ордени «Байрақи сурхи меҳнат», медали «Ветерани меҳнат» зеб медиҳанд. Ифтихорномаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон, ифтихорномаҳои раиси вилояти Суғд, раиси ноҳияи Мастчоҳ, Вазорати маориф подоши хизматҳои арзандаи ӯянд. Аз он меболад, ки фарзандонаш Муллозариф, Ҷумъабой, Сангинмоҳ, Азимбой, Шарофатмоҳ, Шоистамоҳ дар хизмати халқу ватананд, 25 набераю 20 абера давомдиҳандаи кору рӯзгори бобояшонанд.

- Мукофоти олитарин барои ман дастгирии халқи азизам ва ҳурмату эьтироми шогирдон мебошад, ки сари ҳар қадам эҳсос мекунам, — мегӯяд муаллим Раҷаб Обидов.

Мирзоҳамдам ШАРИФЗОДА,

рӯзноманигор