Шуҷоате, ки шуҷоатмандона қадам мезанад

№38 (3988) 06.04.2019

Recovered_JPEG Digital Camera_284Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон китоби «Бонувон дар сиёсат» нашр шуд, ки дар он оид ба ҳаёту фаъолият, зиндагиномаи занону бонувоне, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳм гузоштаанд, сухан меравад.

Аз ҷумла, дар очерки ба Шуҷоат Ҳасанова – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005-2010) бахшида омадааст: «Зиндагӣ пайроҳаест ноҳамвор, шебу фароз ва нишотест аз дарки инсонии мо. Қаҳрамоне, ки аз рӯзгори рангин ва талошҳояш ҳарф мезанем, пайроҳаҳои ноҳамвори зиндагиро тай карда, ба қавле, таҷрибаи оиладорӣ ва ҷамъиятиаш барои бонувон сабақи зиндагӣ ва мактаби омӯзиш гардидааст. Ӯ занест, ки бисоти шинохти инсониро ҳамеша дар кӯшиш ва фаъолияти босуботона медонад. Бонуест, ки зиёда аз 35 соли ҳаёти пурбаракати рӯзгори хешро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои ба уҳдадошта сарф кардааст. Гӯё волидайн дониста фарзанди худро Шуҷоат ном ниҳодаанд, яъне ном ва сирати ботинӣ тавъам афтода. Шуҷоат, яъне далерӣ, нотарсӣ ва соҳибҷуръат будан аст. Ҳамин маъниҳои нуҳуфта дар замири Шуҷоат маскан гирифтаву ба табиати ӯ табдил ёфтаанд. Шуҷоатмандии ӯ то ба ҳадде буд, ки ояндаашро рангин ва ӯро то баландии мақомоти олии қонунбарор муваффақ гардонид».

Шуҷоат Ҳасанова баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи филологияи тоҷики факултети таърих ва забону адабиёти тоҷики онвақта Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) супорид. Орзу дошт, ки омӯзгор шуда, фарзандони мардумро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносӣ тарбия кунад. Хушбахтона, он замон дар шуъбаи филологияи тоҷик устодони моҳири касб, забоншиносон ва адабиётшиносони номӣ, ба монанди Юсуфҷон Салимов, Мӯъминҷон Турсунов, Атахон Сайфуллоев,Темурхон Мақсудов, Абдухолиқ Набиев, Аҳмадҷон Усмонов, Саидмурод Ҳоҷиев, Фарҳод Зикриёев, Уғулой Аҳмадова ва дигарон фаъолият доштанд. Номбурда ифтихор дорад,ки тақдир оғози шоҳроҳи умрашро бо шахсиятҳои барҷаставу таърихӣ пайваста, барояш сабақи зиндагӣ ва таҷрибаи инсоншиносӣ додааст. Дар ҳамин ҷо бо шоирони машҳури тоҷик Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шераливу Гулназар,Ҳабибулло Файзуллову Гулрухсор, Озод Аминзодаву Гулчеҳра Сулаймонова борҳо ҳамсуҳбату ҳамнаво гашта, аз минбарҳои баланд намунаи эҷоди онҳоро хонда, сазовори таҳсини шунавандагон гардидааст.

Баъди хатми донишгоҳ Шуҷоат Ҳасанова бо мақсади соҳиби маълумоти дуюм ва аз илмҳои муосир бархӯрдор шудан, муҳассили Донишгоҳи озоди Тоҷикистон гардид. Фаъолияти меҳнатиаш ҳамон солҳо дар рӯзномаи «Нури маърифат»-и донишкада (қаблан «Маҳорати педагогӣ») оғоз ёфт. Инъикоси ҳаёти донишҷӯён, мушкилот ва дастовардҳои онҳо муҳтавои асосии рӯзнома буд. Баъдан корро дар собиқ Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод.

Шуҷоат Ҳасанова тавассути барномаи телевизионии «Баҳористон» аз ҳаёту зиндагиномаи шоирону нависандагон, ҳофизону санъаткорон, рассомону ҳунармандон намоиш омода ва пешкаши тамошобинон менамуд.

Сабақи андӯхтаву таҷриба, маҳорату малака буд, ки ин зани фидоӣ, самимиву заминӣ, хоксору соҳибтаҷрибаро то мақоми қонунгузори кишвар раҳнамову роҳкушо гардид. Дар давраи фаъолият дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм ман дар Кумитаи кор бо илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ба ҳайси муовини раис фаъолият доштам. Шуҷоат Ҳасанова чун муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ин кумита ва Кумитаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, кор бо занон ва оила, ҳамчунин, Комиссияи одобро сарпарастӣ менамуданд. Тибқи тартиб, ҳар як лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ниҳоят ҷиддӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дидаву санҷида ва баъд барои баррасӣ ба ҷаласаи иҷлосия пешниҳод мешуд. Рӯзе дар яке аз ҷаласаҳои кумита ­масъалаи вазъи китобҳои дарсии барои мактабҳои миёна ва олӣ таълифнамудаи Намоз Ҳотамов, Маъруф Исоматов, Давлатхоҷа Довудовро мавриди баррасӣ қарор додем. Шуҷоат Ҳасанова гӯё дар гузашта омӯзгори фанни таърих бошад, олимона, ҳақбинона, чанд андеша иброз намуданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки: «Навиштани китоби дарсӣ аз муаллифон заҳмати зиёд талаб мекунад, алалхусус, адабиёте, ки барои хонандагони мактаб ва наврасону ҷавонон омода карда мешавад. Аз ин лиҳоз, мазмуну моҳияти он бояд ҷиддӣ ба эътибор гирифта шавад, то ин ки ҳам заҳмати олимон қадршиносӣ гардаду ҳам дониши толибилмон афзояд. Ман пештар чун сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят оид ба масъалаҳои умумии ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, оилаву оиладорӣ, занону ҷавонон мақолаҳо менавиштам, вале баъдтар, ҳангоми фаъолият дар шуъбаи ҳуқуқи кӯдак, донистам, ки кор бо кӯдакону наврасон мушкилтар аст. Бинобар ин, хоҳиш дорам, ки зимни таҳияи китобҳои дарсӣ лаёқати хонандагони синну соли гуногун ба эътибор гирифта шавад».

Вақте ба утоқи кории Шуҷоат Ҳасанова ворид мешудед, чашматон ҳатман ба варақи рӯи мизи он кас бармехӯрд, ки дар он байт­ҳои Муҳаммад Иқбол сабт шуда буданд:

Маёро базм дар соҳил, ки он ҷо

Навои зиндагонӣ нармхез аст.

Ба дарё афту бо мавҷаш даромез,

Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст.

Шуҷоат Ҳасанова, ки дар гузашта забоншинос ва дорандаи маълумоти дуюми ҳуқуқшиносӣ буданд, дар таҳияи қонун ва санадҳои қабулшаванда, чун донандаи касб, фаъолияти густурда доштанд. Шоҳидам, ки дар таҳия ва омода намудани лоиҳаи якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ҳам ширкат доштем ва чун шахси мутасаддӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ваколат доштанд, таъкид мекарданд, ки забони қонун бояд сода, равон, фаҳмо, фасеҳ ва аз ҳар гуна нав­пардозӣ бояд дур бошад.

Якуми октябри соли 2009 таҳти раёсати Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи нахустини Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор гардид. Аввалин масъалае, ки он рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Дар хотимаи ҷаласа Шуҷоат Ҳасанова суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки забон ҷон, ҳастӣ, рукни асосии давлат ва бақои умри миллат аст. Бузургдошти забон қарзи ҳама аст. Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар ин маврид фармудааст:

Ҳар ки ӯ аз ҳамзабон ҷудо шуд,

Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.

Шуҷоат Ҳасанова аз зумраи бонувонест, ки бо қалами сеҳрофарин, заковатмандӣ, одамияту хоксорӣ писанди ҳама гардидааст. Мавсуф имрӯз ҳам, новобаста ба синну сол, дар вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ — раиси Комиссияи кор бо занони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, раиси Шӯрои машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, узви Шӯрои собиқадорони Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон, узви Шӯрои занони вилоят ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» фаъолияти хастанопазир дорад. Дар рӯзҳои зебои баҳорӣ ба бонуи хирадманд хушиҳои зиндагиро таманно намуда, аз номи шоире гуфтанием:

Қадам дар ҷустуҷӯи одамӣ зан,

Худо ҳам дар талоши одамӣ аст.

Усмонҷон Ғаффоров, Корманди шоистаи ­Тоҷикис­тон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров