Шукр мекунам, ки ҳақиқатро дарк кардам

№90 (3884) 26.07.2018

Бозгашти узви «Гурӯҳи 24» — сокини деҳаи Қалъанаки ноҳияи Рашт Фирӯз Лоиқов боиси паҳн гардидани ҳар гуна овоза дар байни мардум шуд. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз асли воқеа бо директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 Усмон Замонов ба зодгоҳи ӯ роҳ пеш гирифтем.

- Хабари ба «Гурӯҳи 24» пайвастани Фирӯзро шунидаму боварам наомад, — мегӯяд Усмон Замонов. — Ҳеҷ бовар надоштам, ки бачаи дунёнадида, ҳалиму меҳрубон ва шармгину маъракагурез, ки аз кӯчаи сиёсат нагузаштааст ва ҳанӯз некро аз бад ҷудо карда наметавонад, ба гурӯҳи террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, ба муқобили давлате, ки ӯро тарбия кардаву ба воя расонидааст, садо баланд кунад.

Дар назди дарвозаи ҳавлии Фирӯз модараш — Шулъабӣ бо чеҳраи кушод ва табъи болида моро пешвоз гирифт. Маълум буд, ки аз бозгашти фарзандаш, ки шаш сол дар Россия буд, шоду масрур аст.

- Бозгашти писар муборак, — ба вай рӯ оварда гуфтам ман. – Шукр, ки Фирӯзҷон сиҳату саломат ба хона баргашт.

- Худованд Пешвои миллатро нигаҳбон бошад. Парвардигор ин абармард­ро ҳамеша болои сари мо нигоҳ дорад. Ӯ бо меҳрубониву раиятпарварӣ, дилсӯзиву ҷавонмардиаш корҳои бузургеро анҷом медиҳад, ки боварии кас намеояд, — гуфт модар ва ашки чашмонашро бо гӯшаи остини васеи куртааш пок карда, аз назди мо дур шуд.

Бо ишораи модар Усмон маро ба меҳмонхона раҳнамоӣ мекунад. Мо ба ҳуҷраи тозаву озода  ворид шуда, болои кӯрпачаҳои нарм қарор мегирем.

- Хеле сермеҳмонед, хоҳар, — аз нав риштаи суханро ба даст мегирам ман.

- Ҳазор бор шукр, ба дидорбинии писарам аз дуру наздик мардуми зиёд меоянд. Қариб як моҳ мешавад омадани Фирӯзҷонро, аммо пои мардум аз хонаи мо канда нест. Аксари одамон барои он меоянд, ки дар хурсандии хонаводаи мо шарик шаванд. Албатта, ҳангомаҷӯйҳову ғайбатчиҳо ҳам ҳастанд. Бало ба пасашон. Охир, бачаҳои дунёнадида гуноҳе надоранд. Аз дасткӯтаҳӣ маҷбур будем Фирӯзи ҳабдаҳсоларо ба муҳоҷирати меҳнатӣ фирис­тем. Бачаи бечора рафту ба доми фиреби хонасӯхтаҳои ватанбезор афтод…

Ба меҳмонхона ҷавони лоғарандоми миёнақад ворид мегардад.

- Биё, Фирӯз, — ба вай рӯ оварда мегӯяд Усмон Замонов. — Ин кас корманди рӯзномаи «Садои мардум». Бозгашти туро шунида омаданд, ки ҳамроҳат суҳбат намоянд. Сабаби ба гурӯҳи ифротиён пайвастанатро донистан мехоҳанд.

- Сабаби ба ин гурӯҳ пайвастанамро то ҳол худам ҳам фаҳмида наметавонам, — баъди вохӯрӣ рӯ ба рӯи мо нишаста мегӯяд Фирӯз. — Онҳо тарзе сухан мегӯянд, ки на танҳо мо — бачаҳои бесаводу дунёнадида, балки одамони соҳибтаҳсилоту соҳибтаҷриба низ ба домашон меафтанд. Дар ғарибӣ ба сари фарзанди одам мушкили зиёд меояд. Инро шумо хуб медонед. Гурӯҳи мазкур, ки худро мухолифони давлат медонанд, аз ин мушкилот истифода мебаранд. Мо дар қатори дигарон барои адои намози ҷумъа ба масҷид мерафтем. Намояндагони ин гурӯҳҳо — Сайфулло, Зафар ва Суҳроб байни мардум баромад карда, нисбат ба давлат ва давлатмардон ҳарфҳои носазо мегуфтанд. Онҳо бадбахтии ба сари муҳоҷирон омадаро ба давлати тоҷикон алоқаманд месозанд. Ростӣ, то имрӯз ному насаби онҳоро намедонам. Бори аввал, замоне ба ҳарфи онҳо бовар кардем, ки дар шаҳри Москва метро қисман хароб ва дар натиҷа чанд муҳоҷири тоҷик ҳалок шуд. Муҳоҷирон барои дуруст намудани ҳуҷҷат ва ба Ватан фиристодани ҷасади ҳалокшудагон хеле азоб кашиданд. Ҳамон рӯзҳо ин «миллатдӯстону ватандӯстон»-и хоин дар намози ҷумъа баромад карда, ба гӯши мо мехонданд, ки «давлати Россия барои ба Ватан фиристодани ҳалокшудагон маблағ, тайёра ҷудо кардааст, аммо давлати Тоҷикистон бепарвоӣ мекунад. Ғами муҳоҷиронро намехӯрад, маблағҳои давлати Рус ҷудонамударо ба ҷайби худ задаанд ва ғайраву ҳоказо». Баъди як-ду суҳбати дигар бовар кардем, ки ин «ҷавонони ғаюр ва ватандӯст» ба хотири беҳтар намудани шароити кори мо ҷони худро дар хатар гузоштаанд.

Усули дигари ба гурӯҳ ҳамроҳ намудани ҷавонони муҳоҷир ҳамин аст, ки онҳо ҳамроҳи муҳоҷирони навомада, ки ҳанӯз аз ҳеҷ кор хабар надоранд, расм гирифта, он расмҳоро ба шабакаҳои иҷтимоӣ партофта менависанд, ки сафи аъзои гурӯҳ аз ҳисоби муҳоҷирон рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Дар навбати худ он ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки баъди сураташонро дар шабакаҳо дидан касе ба гапашон гӯш намекунад. Мақомоти қудратии кишвар «шуморо дастгир карда, ба маҳбас мепартоянд».

Хулоса, баъди ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи мазкур дигар умеди бозгашт ба Ватан, дидани дидори хешу ақрабо бароямон ғайриимкон гардид. Метарсидем, ки агар ба Тоҷикистон биёем, моро ҳабс мекунанд. Соли 2016 апаи калониам — Қурбонгул баъди беморӣ дунёро падруд гуфт. Ӯро бисёр дӯст медоштам. Чанд сол дар хонаи шавҳараш зиндагӣ карду Худованд ба онҳо фарзанд надод. Барои табобат ба хонаи падарӣ баргашт. Дареғ, ки риштаи умраш кӯтоҳ будааст.  Он рӯзҳо бисёр мехостам, ки ҳамроҳи аҳли оилаам дар деҳа бошам ва модари мусибатзадаамро тасаллӣ диҳам, вале аз тарс ҷуръати ба Ватан омадан накардам. Ҳамон рӯзҳо каму беш ҳақиқатро дарк кардам ва аз кори карда пушаймон шуда будам, аммо ба назарам менамуд, ки дигар пушаймонӣ суд надорад.

Фирӯз лаҳзае сукут меварзад, дар чашмонаш қатраҳои ашк пайдо мешаванд ва мо ба ӯ халал намерасонем.

- Худованд ба мо панҷ фарзанд ато кард, — сукути бамиёномадаро халалдор менамояд Шулъабӣ Шамсиддинова. — Ду духтару се писар. Духтари калониам, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, сиёҳпичамарг шуд. Духтари дуюмам, дар деҳаи Барот зиндагӣ дорад, шукр соҳиби хонаву дар ва чор фарзанд аст. Писарам Ҳабибулло имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати Модар -Ватанро адо мекунад. Писарам — Файзулло донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мебошад. Аз бачагӣ орзу дошт, ки калон шавад, касби омӯзгориро аз худ мекунад. Лекин Фирӯз сари моро ба замин зад. Аз хиҷолат наметавонистем ба чашми хешу табор ва  ҳамдеҳаҳо нигоҳ кунем. Ба шавҳарам гуфтам, ки ба Маскав раву Фирӯзро гирифта биё. Чанд моҳ пеш бечора бо ҳамин ният ба Россия рафт.

- Падарам гапҳои пасту баланд гуфт,  маро ба Тоҷикистон оварданӣ шуд, — сухани модарашро идома медиҳад Фирӯз, — аммо ман метарсидам, ки ба Ватан баргардам. Сарварони гурӯҳ пайвас­та таъкид мекарданд, ки мабодо ба Тоҷикистон равед, шумо акнун дар рӯйхати душманони давлат қарор доред. Шуморо мегиранду ба муҳлати бист — сӣ сол ба зиндон мепартоянд. Аммо ба наздикӣ намояндагони Ҳукумат, кормандони сафорату дигар мардони ватандӯст дар суҳбатҳо аз ободии Тоҷикистон, ғамхориҳои Пешвои миллат, зиндагии осудаи мардуми диёр ҳарф заданд. Ба мо фаҳмониданд, ки Пешвои миллат онҳоеро, ки аз нодонӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро пайваста, аз карда пушаймонанду ба Ватан бармегарданд, афв менамоянд. Баъди шунидани ин суханҳо дар дили мо умед ба оянда ва расидан ба дидори хешу ақрабо афзуд. Билохира, ба қароре омадам, ки ба Ватан бармегардам. Ба онҳое, ки моро ба чоҳи бетаг тела дода буданд, нафрин хондам. Бовар кардам, ки бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки «Бори каҷ ба манзил намерасад». Магар бо фиребу найранг кас ба мақсад мерасад?! «Гурӯҳи 24» гурӯҳи ифротгарост ва бо фиребу найранг мехоҳад ҷавонони тоҷикро ба сӯи нобудӣ раҳнамоӣ кунад. Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷик бояд ҳушёр бошанд, то ба доми макри онҳо наафтанд. Агар мисли ман аллакай гирифтори доми онҳо шуда бошанд, зуд канорагирӣ кунанд ва рӯ ба Ватан оранд. Ватан фарзандонашро оғӯш мегирад, хатояшонро мебахшад.

Дар охир мехоҳам ба мақомоти қудратии кишвар арзи сипос намоям. Онҳо ба ман на ҳамчун шахси ҷинояткор муносибат карданд, балки барои зудтар расидан ба зодгоҳам мадад намуданд. Қариб як моҳ аст, ки дар байни ҳамдеҳаҳои хешам. Касе кордор нест. Ба хулоса омадам, ки агар қуввату донишам расад, ба ягон мактаби олӣ дохил мешавам ва касб меомӯзам. Мехоҳам ба миллат ва Ватан софдилона ва содиқона хизмат намоям. Гуноҳамро ҷуброн кунам. Бо ёру ошноҳоям, ки дар Россия кору зиндагӣ доранд, пайваста дар тамос ҳастам. Ба онҳо дар бораи он ҳақиқате сухан мегӯям, ки бо чашм мебинаму бо гӯш мешунавам. Шукр мекунам, ки ҳақиқатро дарк кардам….

Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»