Дар мавзӯи муҳим

Шукурзода Бахтиёр Солеҳ: «Тоҷикстандарт» дар пешгирии болобарии сунъии нарх фаъол аст

№81 (3227) 22.07.2014

Ҳамасола бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар ҷумҳурӣ нархи маводи ниёзи аввалия тамоюли афзоишро касб менамояд, ки боиси нигаронии тамоми қишрҳои ҷомеа шудааст. Далелу арқом аз он шаҳодат медиҳанд, ки боло бурдани нархи чунин мавод, аз ҷумла гӯшт, асоси воқеӣ надошта, таври сунъӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ва фурӯшандагони беинсоф ба хотири ба даст овардани маблағи муфт амалӣ шудааст.

Кор то ҷое расид, ки ба ин раванд Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахолат намуда,  якуми июли соли равон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуд. Зимни он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ изҳор карда  буд, ки «нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад». Бо ёдоварӣ аз ин ҳолат таъкид гардид, ки «болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард».

Дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари мамлакат ин падидаи номатлубро шадидан интиқод намуд.

Маҳз таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала боис гашт, ки фаъолияти сохторҳои марбута дар самти пешгирии болобарии сунъии нарх дар ин мавсим тавсеа ёбад ва  нарх дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад.

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами ҷомеа маҳсуб ёфта, сохторҳои марбута барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҳимоя кардани ин ҳуқуқҳо аз тамоми имконот самаранок истифода менамоянд. Ба зиммаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ин рисолат вогузор шудааст. Омӯзишу мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар заминаи фаъолияти пурмаҳсули ин ниҳод таҳти сарварии мутахассиси масъулиятшиносу кордон ва поквиҷдон Шукурзода Бахтиёр Солеҳ бозори истеъмолии мамлакат аз вуруди маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар  эмин  аст.

«Тоҷикстандарт» дар пешгирии болобарии сунъии нархи маводи ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон чӣ саҳм дорад? Бо ин суол ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Бахтиёр Солеҳ муроҷиат намудам. Мавсуф гуфт, ки  «Тоҷикстандарт» вазифаҳои  функсионалии хеш — таъмини риояи талаботи  ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, меъёрҳои метрологӣ, ҳифзи бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда  истодааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат баҳри пешгирии болобарии беасоси  нархи маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ ва  роҳ надодан ба фиреби истеъмолкунандагон ҳангоми хариду фурӯши маҳсулоти хӯрока бо истифода аз воситаҳои ченкунӣ (тарозу) дар моҳи Рамазон фармоиши директори Агентии «Тоҷикстандарт» ба тасвиб расида, оид ба татбиқи он раёсату шуъбаҳои дахлдор муваззаф гардиданд. Тибқи ин фармоиш то фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави ҷумҳурӣ назорати давлатӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа норасоию камбудиҳои зиёде ошкор гардиданд. Барои мисол, зиёда аз  400 адад воситаҳои ченаки корношоям ва ғайристандартӣ аз истифода гирифта шуданд.  Дар сурати амалӣ нашудани ин иқдом аз эҳтимол дур набуд, ки воситаҳои ченаки  фавқуззикр дар моҳи шарифи Рамазон бо мақсади  фиреби истеъмолкунандагон истифода гарданд.

Аз суханони мавсуф бармеояд, ки бо мақсади  роҳ надодан ба воридшавии маҳсулоти бесифат ва ғайристандартӣ ба бозори истеъмолии пойтахт, аз тарафи мутахассисони Агентӣ якҷоя  бо шахсони масъул ва кормандони бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуда,  барои  воқеӣ гузоштани нархи  молу маҳсулот ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо тавсияҳо дода шудаанд. Дар ин давра танҳо  аз бозорҳои шаҳри Душанбе    21 тарозу ва 17 адад сангҳои тарозуи  ғайристандартӣ ва корношоям дарёфт ва аз истифода гирифта шудааст.

Дар раванди суҳбат иттилоъ гирифтем, ки   дар асоси супориши раиси шаҳри Душанбе  ҳамкории «Тоҷикстандарт» бо Прокуратураи шаҳри Душанбе вусъат ёфта, дар чор ноҳияи пойтахт   гурӯҳҳои  корӣ таъсис дода шудаанд. Гурӯҳҳои  кории фавқуззикр дар бозорҳои пойтахт, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, таври  мунтазам баҳри пешгирии болобарии сунъии  нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт, тадбирандешӣ намуда истодаанд.  Дар раванди корҳои назоратӣ соҳибкороне, ки талаботи муқарраршударо риоя намекунанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот шудаанд. Дар ин давра барои фиреби харидорон, риоя нагардидани қоидаҳои савдо дар бозорҳои пойтахт нисбати соҳибкорон чор  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ба шарофати иқдомоти аз ҷониби сохторҳои марбута, аз ҷумла «Тоҷикстандарт» амалигардида, болобарии сунъии нарх дар моҳи шарифи Рамазон, ки мутаассифона, дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст, пешгирӣ гардид. Ҳамсуҳбатам аз он изҳори  таассуф намуд, ки дар оғози моҳи шарифи Рамазон  таври фаврӣ, бидуни асос ва замина нархи 1  килограм гӯшт аз 34-35 сомонӣ  то ба 41 сомонӣ расида буд. Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон он хеле коҳиш ёфта, ҳоло  36 сомониро ташкил медиҳад.

Дар раванди суҳбат ҳамчунин маълум гардид, ки кормандони Агентӣ зимни амалисозии чорабиниҳо дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат  ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» миқдори калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор намудаанд. Барои мисол, 61 тонна қимаи гӯшти мурғ дар анбори нигоҳдории маҳсулот, воқеъ дар шаҳри Душанбе ошкор ва пас аз ташхис, тибқи хулосаи комиссияи дахлдор,  ба сифати хӯроки чорво ба муассисаҳои марбута равон карда шуд.

Баҳри тақвияти суханонаш Шукурзода Бахтиёр Солеҳ аз он ёдовар шуд, ки соли ҷорӣ  дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти ғизоии «Тоҷикстандарт» 117 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 152,6 тонна равғани растанӣ, 9,4 тонна маҳсулоти макарон, 199 тонна орд, 8534 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 27229,8 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 5,72 тонна маҳсулоти қаннодӣ,  179,8 тонна маҳсулоти ғаллагӣ,  8,49 тонна иловагиҳои хӯрока, 0,81 тонна маҳсулоти ширӣ, 9,48 тонна консерваҳо, 135,87 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида, аз нав коркард ва ё нобуд карда шуданд. Сол то сол дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти «Тоҷикстандарт» беш аз пеш беҳбудӣ ёфта истодааст. Табиист, ки барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардидани рисолати ба зиммаи эшон вогузоршуда озмоишгоҳҳо нақши муассир доранд.

Зимни боздид боварӣ ҳосил намудам, ки айни замон таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи замон ва стандартҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ  мебошанд.

-Умури назорат тавре ба роҳ монда шудааст, ки тамоми вазифаҳо сари вақт, дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодаанд,- афзуд ҳамсуҳбатам.

Дар маҷмӯъ,  аз суҳбат бо Шукурзода Бахтиёр Солеҳ муътақид гардидам, ки «Тоҷикстандарт» дар пешгирии болобарии сунъии нарх дар кишвар, ки аз ҷумлаи вазифаҳои функсионалиаш маҳсуб меёбад, фаъол буда, ин раванд минбаъд низ таври муназзам идома хоҳад ёфт.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»