Шумораи офатҳои табиӣ зиёд мегардад, агар…

№ 06.08.2019

Дар натиҷаи гармии моҳи июли соли равон, ки боиси авҷгирии сӯхтор дар ҷангалҳои Федератсияи Россия гардид, 3 миллион гектар ҷангал осеб дид. Аз рӯи маълумоти Гринпис, соли 2018 дар ин кишвар 5,3 миллион гектар ҷангалзор нобуд шуд. Ҳангоми сӯхтани ҷангал даҳҳо номгӯй пайвастагиҳои зарарнок, аз қабили гази карбонат, туршии нитроген, дуда ва ғайра фазоро ифлос мекунанд.

Дуди сӯхтор махсусан ба саломатии кӯдакону пиронсолон ва занони ҳомила зарари калон мерасонад ва боиси афзун гардидани теъдоди беморони зиққи нафас ва дилу рагҳо мегардад. Барои барқароршавии ҷангалҳои сӯхта вақту маблағи зиёд лозим аст.

Чанд соли охир дар ҷумҳурӣ низ моҳҳои июн ва август ҳавои аз меъёр зиёд гарм ба назар мерасад. Аз рӯи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1944 дар аксар қисматҳои кишвар ҳаво гарм омада, дар водиҳо зиёда аз 38 ва дар ҷануби ҷумҳурӣ 47 дараҷаро ташкил дод. Пас аз 50 сол аз 6 то 10 июл ва аз 1 то 6 августи соли 1994 дар водиҳо гармии ҳаво 38,7 — 41 дараҷаро ташкил дод. Ба гуфти сардори Маркази обуҳавосанҷии агентии мазкур Ҷамила Байдуллоева, аз моҳи май то августи соли 2008 низ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми тӯлонӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳамон сол шумораи рӯзҳои гарми ҳарораташон аз 37 дараҷа зиёд 51 рӯзро ташкил дод, ки ин аз меъёри муқаррарӣ 2,5 маротиба бештар буд.

Шумораи рӯзҳои гармияшон аз 39 дараҷа боло 9-13 рӯзро ташкил дод, ки ин аз меъёр 2-3 маротиба зиёд мебошад. Моҳи июни ҳамон сол дар стансияи обуҳавосанҷии «Эҳсонбой»-и ноҳияи Рӯдакӣ баландтарин дараҷаи ҳаво 45 дараҷа ба қайд гирифта шуда буд.

Умуман, 20 соли охир дар мамлакат теъдоди рӯзҳои аз 40 дараҷа гарм торафт зиёд шуда, боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА изҳори нигаронӣ карданд, ки дар 30 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор пирях пурра нобуд шудааст.

Мувофиқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар байни 28 кишвари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аз рӯи Индекси муҳосибавии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҷойи аввал қарор дорад. Аз ин хотир, масъалаи тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад, мавриди таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Моҳи феврали соли 2017 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонид, ки он заминаи мустаҳкамеро барои иқдомҳои муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим гузошт. Ба созишнома зиёда аз 184 мамлакат ва Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шуданд. Бо мақсади пешгирии обшавии пиряхҳо ва кам гардидани офатҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»-ро қабул намуд. Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он олимон ба корҳои омӯзишӣ машғуланд.

Аз рӯи ҳисоби муҳаққиқони Маҷмаи байналмилалии тағйирёбии иқлим, бо вазъи кунунии ихроҷи газҳои парникӣ гармшавии ҳавои сайёра то соли 2030 ба миқдори 1,5 дараҷа афзоиш меёбад. Дар ин сурат ҳодисаҳои сӯхтори ҷангалҳо, афзоиши сатҳи оби баҳрҳо, селу тӯфон ва хушксолиҳои тӯлонӣ бештар хоҳад шуд. Ба гуфти иқлимшиносон, ҳар як дараҷаи «изофӣ»-и гармо дар фасли тобистон боиси 5 фоиз зиёд шудани ҳодисаҳои марги одамон мегардад. Иқлимшиносони маъруф Флориан Севелле (Донишгоҳи Брести Франсия) ва Сибрен Дриҷфҳоут (Донишкадаи метеорологии Нидерландия) дар асоси принсипҳои математикӣ ба чунин хулоса омадаанд, ки гармии тоқатфарсои тӯлонӣ камаш 5 соли дигар идома меёбад.

Олимони Донишгоҳи техникии Сюрихи Швейт­сария чунин меҳисобанд, ки бо мақсади кам кардани гази карбон дар сайёра «фазои сабз» (ҷангал, боғ, сабзазор)-ро зиёд бояд кард. Дар кураи замин бунёди 900 миллион гектар ҷангал ба нақша гирифта шудааст, ки 151миллион гектар ба Федератсияи Россия ва 103 миллион гектар ба ИМА рост меояд. Амалишавии лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки аз се ду ҳиссаи ҳаҷми газҳои парникӣ аз байн бурда, хатари тағйирёбии иқлим кам карда шавад.

Роҳи дигари кам кардани хатари тағйирёбии иқлим гузаштан ба нақлиёти барқӣ аст, ки дар бисёр кишварҳои пешрафта аз ҷониби ширкатҳои алоҳида ва омма дастгирӣ ёфта истодааст. Коршиносон ба ин ақидаанд, ки агар истифодаи нефту газу ангиштсанг кам нашавад, то соли 2050 шумораи офатҳои табиӣ зиёд гардида, оқибатҳои фоҷиабор хоҳад овард.

Сарвари Шӯро оид ба ҳифзи захираҳои табиии ИМА Рея Су иброз доштааст, ки бояд ба ҷои нефт истифода аз неруи офтобу шамол вусъат ёбад. Тайи 5 соли охир барои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна соле 266 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Новобаста аз паст будани нархи нефт таваҷҷуҳ ба неруи алтернативӣ дар ҷаҳон кам нашудааст. Зеро дар бисёр кишварҳо манфиати экологиро аз манфиати иқтисодӣ боло меҳисобанд, чунки манфиати иқтисодие, ки бар зарари муҳити зист ба даст меояд, оқибати фоҷиабор дошта, оянда фоидаро ба сифр баробар мекунад,

Дар ҷумҳурӣ низ вобаста ба кам кардани хатари тағйирёбии иқлим сол то сол майдони ҷангалу дарахтзор зиёд карда мешавад. Аммо дар ин самт захираҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Ҳазорон гектар заминҳои лалмӣ, ки қобили боғу токпарварӣ ва бунёди ҷангал ҳастанд, ҳанӯз бе долу дарахтанд. Ҳол он ки бо истифода аз обёрии қатрагӣ ва қутии обзахиракунии «Ватербокс» метавон даштҳои сӯзону лабташнаро дар 4-5 сол ба боғу ҷангал табдил дод. Инчунин, барои гузаштан аз нақлиёти «нефтхӯр» ба нақлиёти барқӣ тадбирҳо андешидан лозим аст, то ки ихроҷи газҳои парникӣ кам гардад.

Сайфиддин СУННАТӢ, Садои мардум»