Шунавандагони аввалин курсҳои омӯзишии Академияи ВАО соҳиби шаҳодатнома шуданд

№ 03.08.2016

29 июли соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» маросими ботантанаи супоридани шаҳодатномаҳои (сертификатҳои) хатми курсҳои омӯзишӣ ба шунавандагони академияи ВАО-и Тоҷикистон доир гардид.

Тавре директори муассиса Зинатуллоҳ Исмоилзода иброз намуд, Академияи ВАО ҳудуди 70 нафар шунавандагон аз воситаҳои ахбори давлатӣ ва мустақили кишвар ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Дар ин муддат дар панҷ курси омӯзишӣ мавзӯъҳои «Инъикоси масоили соҳавӣ дар радио», «Истифода аз имконоти интернет ва технологияҳои коммуникатсиониву иртиботӣ барои рушди ВАО», «Алифбои рӯзноманигорӣ: хабарро чӣ тавр бояд сохт», «Ҳифзи иттилоот», «Асосҳои сенариянависӣ барои филмҳои мустанад ва бадеӣ»-ро мутахассисони соҳибтаҷриба докторҳои илм, профессорон Саъдулло Раҳимов,  Муҳаммадӣ Муқимов, инчунин Асомиддин Атоев, Изатманд Саломиён, Озод Маликов, Муҳаммадҷон Арабов ба шунавандагон ба таври мушаххас фаҳмонида доданд.

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсуддинзода изҳор дошт, ки дар оянда низ шабакаҳои телевизиониву радиоии кишвар барои ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон» барои доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ ҳавасманд ва фаъол бошанд. Ниёзмандиҳои шабакаҳои радиоиву телевизионӣ аз тарафи мутахассисони «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» омӯхта шудааст ва ин имконият фароҳам меорад, ки пеш аз ҳама, табақаҳое ба бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд, ки воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба онҳо эҳтиёҷи  бештар доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз таъсиси Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон», ки 1 марти соли 2016 бо ҳузури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман ба фаъолият оғоз кард, такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мебошад.

Хабарнигори ҷавони рӯзномаи «Садои мардум» Раҳмоналӣ Ҳабибов низ панҷ рӯз аз устодони соҳа сабақ омӯхта, яке аз аввалинҳо шуда, соҳиби Шаҳодатномаи Академияи ВАО-и Тоҷикистон гардид.

- Бозомӯзӣ дар академия ба мо имконият дод, ки донишу малакаи хешро боз ҳам мустаҳкам ва фарох намоем. Барои ман, махсусан дарсҳои устодон М. Муқимов, Саъдулло Раҳимов, Асомиддин Атоев ва Фариштамоҳ Гулова хеле ҷолибу писанд буданд. Мутаассифона, муҳлати таҳсил дар курсҳо хеле кам-панҷ рӯз аст. Мехостам, ки он ақаллан ба даҳ рӯз расонида шавад, то ин ки мо, рӯзноманигорони ҷавон, аз дарсҳои устодон бештар баҳра бардорем, — изҳор дошт Раҳмоналӣ Ҳабибов.

 Ҳ. КОМЁР, «Садои мардум»