Мулоҳиза ва пешниҳод

Сирри дарозумрии аъзои бюрои ҲКИШ аз чӣ буд?

№87 (4193) 18.07.2020

 Ё чаро аз истифодаи нуриҳои органикӣ даст мекашем?

Яке аз роҳҳои серҳосил намудани замин истифодаи нуриҳои органикист. Ба нуриҳои органикӣ поруи чорвою паранда, торф, компост, хокистар ва омехтаи баргу пояи пӯсидаи рустаниҳо дохил мешаванд. Онҳо арзону дастрас буда, структураи хокро беҳтар менамоянд. Мутаассифона, қариб дар бисёре аз деҳаҳои кишвар поруи ҳайвонот (асосан гов) — ро ба хотири сӯзишворӣ таппак мекунанду як халта нурии минералии селитра ё мочевинаро 200 сомонӣ мехаранд. Ҳол он ки таркиби селитра як элемент — нитроген дорад, вале дар таркиби пору чанд элементи барои зироат ва дарахтон зарурӣ мавҷуданд.

Яке аз мутахассисони варзида, номзади илм­ҳои кишоварзӣ Зафар Қаландаров, ки солҳо сарварии хоҷагии ба номи Абдурауф Юсуфови шаҳри Ҳисорро ба зимма дошт, дар ин хусус чунин ибрози ақида намуд:

- Таҷрибаҳои бисёрсола ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи поруи пӯсидаи чорвою паранда таркиби хокро бой ва заминро ҳосилхез мегардонад. Аз ибтидои асри XIX омӯзиши истифодаи пору дар асоси илмӣ ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар бораи манфиати истифодаи пору дар соҳаи кишоварзӣ маълумоти илмӣ зиёд аст. Исбот шудааст, ки истифодаи он заминро ҳосилхез ва структураи хокро беҳтар намуда, ба афзоиши микрофлораи хок мусоидат мекунад. Дар таркиби он нитроген, фосфор, калий, магний, калтсий ва микроэлементҳои барои нашъунамои рустаниҳо зарурӣ зиёданд. Агар ба як гектар замин 20 — 30 тонна пору андозанд, дар баробари баланд шудани ҳосилнокии зироатҳо нигоҳдории намнокии хок низ беҳтар мешавад. Аммо пору бояд пеш аз ба замин рехтан пӯсонда шавад, то ки тухми алафҳои бегона аз байн раванд.

Номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев гуфт, ки истифодаи пору боис ба нисбатан гарм шудани гармхонаҳо ва хокӣ шудани замин мегардад. Рехтани пору, инчунин, барои беҳтар ҷараён гирифтани раванди фотосинтез муфид аст. Агар ба як гектар 30 тонна пору рехта шуда бошад, дар як шабонарӯз 200 кило гази карбонат хориҷ мешавад. Барои сабзавоту картошка дар як шабонарӯз 250 кило гази карбонат кофист. Рехтани пору ҳосилнокии бодирингро 40 — 43 дарсад зиёд мекунад.

Онро дар ҷои алоҳида захира намуда, болояшро бо хок пӯшондан лозим, то ин ки пӯсида нисбатан безарар шавад. Мутаассифона, аксар ҳамватанон аз бартариҳои пору бехабар буда, ғизои заминро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд. Бонувон бехабаранд, ки бо таппаккунӣ чанд номгӯй бемориро барои худу аҳли хонавода мехаранд. Пеш аз ҳама, пору кони бактерияҳои бемориовар ва кирмҳои меъдаю рӯда мебошад. Магас ба болои ифлосӣ нишаста, онро ба атроф паҳн мекунад. Аз ин рӯ, дар аксар кӯдакони деҳоти кишвар кирмсорӣ ба назар мерасад. Илова бар ин, ҳангоми таппаккунӣ эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳои оқсил, брутселлёз ва сил зиёд аст.

Дар кишварҳои пешрафта поруи ҳайвоноту чорворо дар чоҳҳои бетонӣ ё систернаҳои махсус туршонида, биогаз ҳосил мекунанд. Баъди ба анҷом расидани захираи биогаз поруи боқимонда нурии дараҷаи аъло мешавад. Ҳарчанд тавассути рӯзнома борҳо дар ин бора навишта бошем ҳам, аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва ё хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар ин хусус иқдоми ҷиддие амалӣ намешавад.

Ҳосили сабзавоту мевае, ки бо истифодаи нуриҳои органикӣ рӯёнида шудааст, сифати беҳтар доранд ва дурудароз нигоҳ доштанаш имконпазир аст. Аз рӯи маълумоти рӯзномаи «А и Ф», миёни аъзои Бюрои сиёсии Ҳизби коммунис­тии Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) 40 нафарашон аз 80 сол зиёд умр дидаанд. Ба гуфти таърихшиноси рус Николай Добрюха, яке аз сабабҳои дарозумрии аъзои Бюрои сиёсӣ истеъмоли ғизои солим буд. Дар наздикии шаҳри Москва хоҷагии махсусе буд, ки танҳо бо истифода аз порую хокистар барои онҳо сабзавоту мева истеҳсол мекард. Алҳол дар бис­ёр кишварҳои аврупоӣ маҳсулоти бо истифода аз порую хокистар рӯёндашуда нархи баландтар дорад. Зеро он ғизои солим шумурда мешавад.

Хуб мешуд, ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, олимони соҳа тавассути телевизион ва аз тариқи мулоқот ба сокинони мамлакат дар хусуси манфиати истифодаи пору ва даст кашидан аз сӯзишвории давраи ҷамъияти ибтидоӣ бештар иттилоъ диҳанд. Зеро ғизои табииро сӯзонидану ғизои сунъиро аз хориҷа бо нархи гарон харидан рафтори оқилона нест.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»