Дар бораи одамони наҷиб

СОҲИБГАНҶЕ АЗ ПАНҶ

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Ҳар чашм надорад назаре, ҳалқаи дом аст,

Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.

                                                                                      (Бедил)

Ҳангоми дар ноҳияи Фархор кору зиндагӣ доштан бо марди фозиле, ки аз рӯи ихтисос агроном буд, шинос шудам. Азбаски адабиётдӯсти ашаддӣ буд, пайваста саҳифаҳои адабии рӯзномаи ноҳиявиро мутолиа менамуд. Бо вуҷуди дар синну сол хеле бузургтар будан аз ман, ба хотири чанд шеъраки чопшудаам, сахт эҳтиромам мекард. Ӯ аз адабиёти классикии форсу тоҷик хуб огоҳ буд. Байту ғазалҳои Ҳофиз, Бедил, Хайёму Ҷомию даҳҳои дигарро аз ёд медонист. Сари ҳар сухану ибора бе мушкилӣ  шоҳбайтеро бо шавқ замзама мекарду аз он роҳат мебурд. Ӯро Бӯрӣ Худойбердиев, писари Давлат- туркман  мегуфтанд, зеро миллаташ туркман буд. Бо амри тақдир бобояш ба Фархор омада,  хонаву дар карданду фарзанд ба дунё оварданд. Боре шоиртароше маддоҳ, ки  акаи Бӯрӣ ингунаҳоро тамоман хуш надошт, барои навиштани соядаст ба мадҳияномааш ба хотири тақдим ба ӯ, ному насабашро на дар шакли русӣ, балки тоҷикӣ навиштанӣ мешавад ва мегӯяд, ки масалан чун Турсунзода, Фаррухзод чаро насабашро Худойбердизода ё Худойбердизод  накардааст, Бӯрӣ шӯхиомез ва дониста, ҳарфи «д» — ро ба «т» иваз карда, посух медиҳад, ки «хуб аҳмақ будаӣ. Кадом туркман зот дошт, ки ман дошта бошам?»

Инак, бо амри тақдир боз бо нафаре ғоибона шинос шудам, ки аз миллати ӯзбек буда, бо шеърдонию шеърфаҳмии худ ҳатто мутахассиси соҳаро низ дар ҳайрат мегузорад. Шиносоӣ ва суҳбатҳои телефонии мо баъди тавассути дӯсте ба дасташ афтодани маҷмӯаи шеърҳои камина оғоз ёфт.

Дар лаҳзаҳои хастагӣ, ноумедиҳо маъниҳои шеърҳои бузургонро ба ҷои доруву дармон истифодаву ҷаҳон – ҷаҳон ҳаловат мебурдааст. Дарёфти байти наверо баробари ёфтани ганҷе медонад. Бидуни заҳмате метавонад соатҳо бо шеър дар суҳбат бошад.

Зар яке шӯяд зи қаъри Панҷ бо сад заҳмате,

Маънӣ меҷӯяд, вале марде зи дарёи сухан.

Ӯро ному насаб Мамат Шарифов аст. Ба қавли худаш, аслан номаш Неъмат будаву бо иштибоҳ Мамат ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Соли 1950 дар ноҳияи Панҷ чашм ба олами ҳастӣ кушода,  баъди хатми мактаби миёна Донишкадаи давлати санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси китобдор хатм кардааст ва 25 соли расо сарварии китобхонаро ба уҳда дошт. Аз солҳои 90-уми асри гузашта ба кори деҳқонӣ машғул аст. Интихоби касби китобдорӣ ҳам тасодуф набуд, зеро аз овони мактабхонӣ ба шеъри классикии тоҷик меҳри хоса пайдо кард, агарчӣ мактаби миёнаро бо забони модарӣ ба итмом расонид. Ганҷи маънавие, ки аз осори шоирони гузаштаи тоҷик дар хазинаи дил ғун кардааст, туфайли мутолиаҳои шабонарӯзиянд. «Аз мутолиа ҳеҷ серӣ надорам. Мехоҳам, ки фурсати умр зиёд бошаду хонаму хонам. Хоҳони он ҳастам, ки одамон, новобаста аз касбу кор, аз панду ҳикматҳои бузургон хуб баҳраманд бошанду дар оилаву кӯчаю роҳ аз забони онҳо ба ҷои дағалгуфторӣ, фақат суханҳои ширин шунавем. Тарзи баёну муошират дар ҷомеаи мо ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст, ки аз китобу маърифат дур мондани насли ҷавонро бозгӯст», — мегӯяд акаи Мамат ва байти Носиралии Саҳиндиро ба забон меорад:

Аз сухан моро димоғи дигар аст,

Чун садаф мағзи сари мо гавҳар аст.

Ҳатто вақте ба тафсири маънии  ин ё он байт мепардозад, кас мепиндорад, ки мутахассиси соҳа аст. Ба мутахассиси хуб  ҳам табдил ёфтааст, гӯем, хато нахоҳем кард. Сир бой надода, чанд шоҳбайти нобро аз забони ӯ шунида, фавран ба дафтари қайдҳоям сабт кардаам. Ҳазрати Соиб фармуда:

Шеър гуфтан гарчи дурр суфтан бувад,

Лек фаҳмидан беҳ аз гуфтан бувад.

 Бо таъсири ҳамнишинии ғоибона бо бузургони адаб ва ҳидоятҳои онҳо дар зиндагӣ ҳам беқарору серкор аст. Илова ба кору ташвиши рӯзгор, аз фаъолони ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Солҳои фаъолият дар китобхона аз ҷумлаи ташкилотчиёну ташаббускорони чорабинию ҷамъомадҳои илмию оммавӣ буд ва алоқаи мактабу маорифчиёнро бо китобхона таҳким мебахшид. Адлу инсоф, омили инсониро дар мадди аввал мегузошт. Маҳз барои чунин муносибату хислатҳо солҳост, ки мардуми деҳа лоиқтареро аз Мамат Шарифов дар вазифаи  раиси маҳалла ва вакили Шӯрои ҷамоат намебинанд. Иддае аз  роҳбарони аз бепардагӯиҳои ӯ баҷономада, росткориву кору заҳмати ҳалолу софдилонаашро дида, аз «гуноҳ» — аш мегузаранд. Ҳарчанд нокасоне ҳам ёфт мешаванд, ки барои ҳақиқату ошкоргӯиаш нисбаташ туҳмату бадгӯиҳо мекунанд.

На ҳар киро ҷасоратест, ки сухани ҳақро ба рӯи кас, махсусан мансабдоре гӯяд. Он ҳам бошад, эроду танқид ба хотири ободию пешрафти ҷомеа.

Дар мавриди шеърдонию шеърфаҳмии ин шахси наҷиб гуфтанием:  шукрона аз он ки аҷргузорони адабиёти ғании классикии форс – тоҷик мисли Мамати маърифатпарвару фарҳангдӯст, дар ҳар давру замон ёфт мешаванд ва намегузоранд, ки ҳасрати шоир Хусрави Фаришедвард бо пуррагӣ воқеият гардад:

Ман баҳри кӣ хонам ғазали Саъдию Ҳофиз,

Дар шаҳри ғарибе, ки дар ӯ фаҳми сухан нест?

 

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»