Соҳибистиқлолӣ башорат аз соҳибиқболист

№95 (4045) 06.08.2019

Барои пешбурди зиндагӣ ва амалӣ намудани нақшаю ният фазои мусоиди кору фаъолият зарур аст. Дар акси ҳол ба ҷое расидан имкон надорад. Инсоне, ки кори муҳимеро анҷом додан­исту соҳиб­ихтиёр нест, ба иҷрои коре қодир буда наметавонад. Дар маҷмӯъ, миллат ҳам бе доштани соҳибихтиёрӣ пеш намеравад, балки аз онҳое вобаста мегардад, ки иродаи ӯро дар мушти худ нигоҳ медоранд. Ҳастанд миллату давлатҳое, ки бо вуҷуди дош­тани масоҳати бузург ва шумораи зиёди аҳолӣ ба мушкилоти зиёди сиёсӣ — иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Дар амалӣ намудани ормонҳои миллӣ дасткӯтоҳанд, зеро аз неъмати истиқлолият бенасибанд.

Дар тӯли таърих миллати куҳанбунёди тоҷик роҳи дурудароз ва пурпечутоберо пушти сар намудааст. Борҳо мавриди ҳуҷумҳои истилогарони аҷнабӣ қарор гирифтан то ҷое садди пешравӣ гардида бошанд ҳам, гузаштагон тавонистанд, ки аз ҳувияти миллӣ, таъриху забон ва сарзамин ҳимоя намоянд. Фурӯпошии давлати Сомониён ва ба сари қудрат омадани қавми манғити дур аз маърифату фарҳанг, ҳазор сол аз давлатдорӣ маҳрум мондани тоҷикон кофист, ки арзиши ҷонбозиҳои ниёконро дар роҳи нигоҳдошти асолати миллӣ дарк кунем.

Хушбахтона, бо пирӯзии Инқилоби Октябр ва ташкил ёфтани Давлати Шӯравӣ имкон фароҳам омад, ки дар ҳайати он ба ҳайси ҶШС Тоҷикистон дигарбора зуҳур намоем. Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди дар тобеияти давлати ягонаю мутамарказ будан, маҳрум гардидан аз бисёр шаҳрҳои қадима тавонистем, ки бунёди давлатдориро аз сифр оғоз бахшем ва давлатеро бо номи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардонем. Гуфтан лозим аст, ки солҳои навадуми асри гузашта, баъди пошхӯрии ИҶШС, ки 9 сентябри соли 1991 қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он рост омад, миллату давлати тоҷик ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашида шуд. Ҳадафи хоинону душманон аз харитаи ҷаҳон нест намудани Тоҷикис­тон ҳамчун давлат ва аз байн бурдани тоҷик ҳамчун миллат буд.

Хушбахтона, тири душманон хок хӯрд, агарчӣ хисороти бузурги ҷонию молӣ расонда шуд. Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мардуми шарифи кишвар тавонистанд, ки аз санҷиши сахти ҳаёт бо сари баланду рӯи сурх бароянд. Ба шарофати фазилати азалӣ, сулҳу суботи бадастомада, созандагию бунёдкориҳои бесобиқа, инчунин, пешниҳодҳои бомавриду ҷолиби дорои аҳамияти глобалӣ, алҳол Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои амну осоишта мешиносанд.

Тавре ки дар боло ишора рафт, ин ҳама музаффарият осон даст надодааст. Охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми асри гузашта аз фалаҷшавии шохаҳои давлатдорӣ дар ҷумҳурӣ қувваҳои бо ном демократӣ ва исломӣ моҳирона суиистифода намуданд. Натиҷа ин шуд, ки дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ба ҷои истиқболи арзанда аз соҳибис­тиқлолӣ муноқишаҳои дохилӣ сурат гирифтанд. Вале боз ҳам ба шарофати ҳамин неъмати худодод — истиқлолият батадриҷ назму тартиб ҷорӣ гардид, сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад ва сохторҳои низомию қудратии мамлакат эҳё гардиданд. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар таъмини волоияти қонун, тартибу низоми ҷомеа нақши муҳим дорад. Дар як муддати кӯтоҳ амалисозии корҳои зиёди созандагӣ дар мамлакат гувоҳи онанд, ки миллату давлати тоҷик бо арҷгузорӣ ба истиқлолият ва ҷонибдории ҳамаҷониба аз қабули Конститутсияи кишвар роҳи дурустро ба сӯи ояндаи дурахшон интихоб намуда, босубот пеш меравад. Мисоли барҷастаи шоҳкориҳо бунёди НБО — и «Роғун» маҳсуб меёбад, ки аз қатъияти азми роҳбарияти Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи кишвар дарак медиҳад. Иқдоми мазкур дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонро фарогир, ҳаррӯза болоравии нарху наво қобили таҳсин мебошад. Дар баробари ин, пешравию комёбӣ дар хоҷагии халқи мамлакат, марҳила ба марҳила боло бурдани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи фарҳангу маориф, сифати таълиму тарбияи насли наврас ва амсоли он ба дилҳо умед мебахшад.

Камоли носипосӣ мешавад, агар дар кори ноил гардидан ба ин ҳама комёбию пешравӣ нақши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳамчун як қувваи маънавии илҳомбахшу раҳнамунсоз ва Конститутсияи кишварро ба ҳайси таъминкунандаи волоияти қонун, тартиботу низом, кафили ҳифзу ҳуқуқҳои шаҳрвандон сарфи назар намоем. Маҳз бо шарофати ин ду маҳаки пешбарандаи ҷомеа тавонистем дигарбора худро аз лиҳози мусбат ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Собит созем, ки дар ҳақиқат миллати соҳибтамаддун ва сулҳхоҳу тараққипарвару меҳнатдӯст, ҷонибдори дӯстию бародарӣ, суботу амн дар ҷаҳон мебошем. Ба касе моро на душманисту на ғаразе. Ватани худ­ро дӯст медорему пайи ободию ­шукуфоии он ҳастем ва ҳама нияту нақша, омолу ормони миллиамон ҳанӯз дар гузаштаҳои хеле дур дар осори арзишманди бузургони оламшумули илму адаб ифода ёфтаанд.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ёфт мешаванд гурӯҳҳои муғризе, ки аз ниятҳои нопок даст кашиданӣ нестанд ва бо иғвою дасиса мехоҳанд суботро дар кишвар халалдор созанд. Боварии комил дорем, ки ин кор ҳаргиз ба онҳо муяссар нахоҳад гашт. Сокинони ватандӯсти кишвар бо боло бурдани зиракии сиёсӣ, ҷонфидо будан баҳри ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ ва раванди демократикунонии ҷомеа, намегузоранд, ки қадами номубораки бадхоҳон ба ин сарзамини поку биҳиштосо — Тоҷикистон расад.

Карим АНВАРОВ, нотариуси калон, мушовири адлияи дараҷаи 3, 

Сафарбек Раҳмонов, Фахриддин Ахмедов, нотариусҳои давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе