Содагардонии бақайдгирии молу мулк

№30 (3980) 19.03.2019

Он чӣ гуна бояд амалӣ гардонида шавад?

Умариён Р.Ф.Дар асоси  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №88 аз 2 марти соли 2013  «Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»  Корхонаи воҳиди давлатии «Марказ-Замин» бо корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бо корхонаҳои давлатии фаръӣ  дар 64 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ табдил дода шуд. Табиист, ки вақте дар заминаи муттаҳидсозӣ корхонаи нав ташкил мешавад, вазифаҳояш низ такмил меёбад. Бо дарназардошти муҳимияти самти фаъолият  бо директори он Раҳмон Умариён мусоҳиба оростем.

- Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?

- Фаъолияти асосии КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо, маҳдудият (гаронӣ)-ҳои ҳуқуқ  ба молу мулки ғайриманқул ба ҳисоб меравад.

Баҳри амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 432 аз 02 июли соли 2015 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз 2 январи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқулро дар низоми «Равзанаи ягона»-и ҷумҳуриявӣ оғоз намудем.

Бо мақсади амалисозии бақайд­гирии давлатии молу мулки ғайриманқул КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои тобеи он таҳияи парвандаҳои заминсозӣ оид ба додан, гирифтан ва вобаста намудани қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиб додани нақшаҳо ва харитаҳои кадастрӣ, барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, гузаронидани санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул, таҳияи шиносномаи техникӣ ба молу мулки ғайриманқул, пешниҳоди маълумот, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқулро  ба анҷом мерасонанд.

- Дар заминаи таҷдиди сохтор кадом ваколат аз Вазорати адлияи Ҷумҳури Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузашт?

- КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеи он маҳдудият (гаронӣ)-ҳои ҳуқуқ ба объект­ҳои молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла бақайдгирии шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқулро, ки қаблан дар салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор буд,  амалӣ менамоянд.

- Доир ба содагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он  кадом чораҳо андешида шудаанд?

- Дар ин самт аз тарафи Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ – Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Барои мисол, заминаи ҳуқуқӣ такмил дода шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардид. Илова бар ин, ҳуҷҷатҳои Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сода карда шуданд.

То мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тасдиқ намудани анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ барои қитъаҳои замин — Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва барои иншооти дар қитъаи замин мавҷудбуда, — Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ дода мешуд. Баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур барои тасдиқи бақайдгирии қитъаи замин ва молу мулки ғайриманқули ба он вобаста танҳо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад.

Аз оғози соли 2015 дар шабакаи Интернет домени КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-«registr-ni.tj» фаъол шуда, почтаи электронии корхона — info@registr-ni.tj ва почтаҳои электронии корхонаҳои бақайдгирӣ бо истифода аз домени номбурда таъсис дода шуданд, ки тавассути онҳо мактубҳо қабул ва ҳуҷҷатҳои содиротӣ ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар асоси қарори муштараки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳия ва татбиқи барномаи электронии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз ҷониби КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикис­тон» (САБТ) таҳия гардид. Барои амалӣ намудани он, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сервери марказӣ хати баландсуръати интиқоли маълумот бо истифода аз технологияи муосир (VPN) гузаронида, дар корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо шабакаҳои локалӣ таъсис дода шуданд.

Барномаи электронии САБТ дар 9 шаҳру ноҳияи озмоишӣ (пилотӣ) — Душанбе, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Дӯстӣ ва Норак татбиқ карда шуд.

Айни замон дар 62  корхонаи минтақавӣ бақайдгирӣ пурра аз тариқи барномаи мазкур амалӣ мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, бо амалӣ гардидани барномаи САБТ камбудиҳо дар раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он кам гардид.

- Дар ҳолати иваз гардидани соҳибмулк аз нав тартиб додани парвандаи заминсозӣ зарурат дорад ё не?

- Тибқи банди 69  «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»,  ки бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 таҳти №342 тасдиқ гардидааст, дар ҳолати иваз шудани соҳибмулки иншооти хусусигардонидашуда дар парвандаи заминсозӣ, санади вобастакунӣ ва санади муайян намудани сарҳади қитъаи замин аз нав тартиб дода шуда, парвандаи нав тартиб дода намешавад. Ду ҳуҷҷати зикршуда бо ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда ба парвандаи қаблӣ илова карда мешаванд.

- Тартиби бақайдгирии давлатӣ дар кооперативҳои полезкорию боғдорӣ, ки дар онҳо сохтмони бӯстонсароҳо иҷозат аст, чӣ гуна аст?

- Ташкилёбии молу мулки ғайриманқули коллективи полезкорию боғдорӣ  дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, аз ҷумла қарори мақоми ваколатдор оид ба додани қитъаи замин ба коллективи полезкорию боғдорӣ ва парвандаи заминсозӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Агар дар доираи қонунгузорӣ қитъаи замин ба коллективи полезкорию  боғдорӣ ҷудо гардида бошад, он аз ҷониби  Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо  ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар асоси муроҷиати ҳар як аъзои коллективи полезкорию боғдорӣ шиносномаи техникӣ омода мегардад.

Дар ҳолати бунёди бинои истироҳатӣ аз тарафи аъзои коллективи полезкорию боғдорӣ ва амалӣ намудани он тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, он аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани моликияти коллективи полезкорию боғдорӣ бақайдгиранда мансубияти молу мулки ғайриманқулро муайян намуда, дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда — қарори мақоми ваколатдор  оид ба додани қитъаи замин ба коллективи полезкорию боғдорӣ, парвандаи заминсозӣ, қарори маҷлиси умумии коллективи полезкорию боғдорӣ, ки ҳуқуқи ба фурӯш баровардани молу мулки ғайриманқулро доранд,  шартномаи хариду фурӯш, ба қайди давлатӣ мегирад.

Қайд кардан зарур аст, ки соҳибмулки нав, ки дар асоси аҳдҳои ҳуқуқи гражданӣ ҳуқуқи соҳибмулкиро нисбат ба иморат (истироҳатгоҳ, бӯстонсаро) ва дарахтон ба даст меорад, узви ҷамъияти боғдории коллективӣ мешавад.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»