Содироти тарбузи Хатлон ба Россия ва Аврупо

№71 (4177) 16.06.2020

Акс 1Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Аввалин» дар ҳамбастагӣ бо «Комбинати хӯрокворӣ» аз вилояти Хатлон ба шаҳри Иркутскии Федератсияи Россия 40 тонна тарбуз содирот кард. Рӯзҳои наздик боз 40 тоннаи дигар ба давлатҳои Аврупо низ содирот мешавад.

- Соҳибкорони хатлонӣ соли гузашта ду мошини боркаш тарбузро ба давлатҳои Аврупо содирот карда, бозорҳои он ҷоро омӯхтанд, — изҳор доштанд масъулони ширкати «Аввалин». — Маълум гардид, ки ин навъи полезӣ дар Аврупо талабгори зиёд дорад. Аз ин хотир, тасмим гирифта шуд, ки тарбузро, бо дарназардошти талаботи хориҷа, парваришу ҷамъоварӣ ва содирот намоем. Бо кумаки Ташкилоти байналмилалии USAID тухмии тарбузи навъи Krimson Sweet аз ширкати голландии BASS дастрас гардид, ки ҳосилнокиаш баланд буда, ба иқлим ва бемориҳои гуногун тобовар мебошад. Дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён дар 20 гектар парвариши ин навъи тарбузи барвақтӣ ба роҳ монда, бо усули обёрии қатрагӣ парвариш шуд.

Масъулини ҶДММ «Аввалин», ҳамчунин гуфтанд, ки бо дастгирии USAID таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, мутахассисони он то ҷамъоварию омода кардани тарбуз барои содирот маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар назар аст, ки соли оянда дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, пиёз низ, аз вилояти Хатлон ба Аврупо содирот шавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»