Доғи рӯз

СОЛИ 2015. ДАР РӮШОН 5 ҲОДИСАИ ХУДКУШӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

№74 (3554) 09.06.2016

Худкушӣ дар мардуми сарбаланди тоҷик, хусусан мардуми кӯҳистон, ки куҳантарин авлоди озодагонанд, вуҷуд надошт. Имрӯз он мисли бемории гузаранда ба мардуми мо низ сироят карда, сол ба сол зиёд шуда истодааст.

Нишондиҳандаҳо ва таҳлилҳо чунинанд: соли 2014  як ҳолат ва дар соли 2015  панҷ ҳодисаи даст ба худкушӣ задани  шаҳрвандон дар ноҳияи Рӯшон  ба қайд гирифта шуд. Дар ёд дорем, ки гузаштагони мо оид ба ин падидаи номатлуб ҳарф зада, мегуфтанд, «шахси худкушро ҷаноза раво нест». Ҳамаи динҳои тавҳидӣ (яккахудоӣ)-и дунё ин ҳодисаи номатлубро пешдастӣ нисбат ба Худо донистаанд. Нигоҳи дини мубини  ислом ҳам оид ба ин ҳодисаи нангин ҳамин аст. Худованд дар ояти 29-уми сураи Нисо мефармояд: «Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба Шумо меҳрубон аст. Касе, ки чунин корро таҷовузкорона ва ситамкорона муртакиб шавад, ӯро дар оташи дӯзах месӯзонем ва ин кор ба Худо осон аст». (Сураи Нисо, оятҳои 29, 30).

Дар ҳадиси саҳеҳ аз расули Худо (с) оварда шудааст, ки як нафар захмӣ шуда, ба дарди захмаш тоб наоварда, бо корде рагҳои дасташро бурида, дар натиҷа вафот кардааст. Худованд фармудааст: «Бандаи ман нисбати ҷони худ аз ман пешдастӣ кард ва ман  ҳам ӯро аз биҳишт маҳрум кардам».

Андеша намоем, ки касе ба хотири бардошт накардани захми худ ба худкушӣ даст зада бошаду Худованд ӯро аз биҳишт маҳрум сохтааст, пас ҳоли касоне, ки дар ҳолати шикаст хӯрдан, аз имтиҳон нагузаштан ё ба висоли маъшуқ ё маъшуқаи хеш нарасидан ё ба хотири камбизоатӣ даст ба худкушӣ мезананд, чӣ  гуна бошанд?

Мо бояд аз марг ғофил набошем, чунки он бо ризоияти Худои беҳамто рӯзе дари моро мезанад. Дар сураи Нисо, ояти 78 омадааст: «Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дармеёбад, агарчӣ дар бурҷҳои баланд бошем». Ҳам қатли одам ва ҳам худкушӣ дар ислом ҳаром аст. Худованд дар «Қуръон»-и карим фармудааст: «Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маяфканед ва накукорӣ кунед. Ҳамоно Худо накукоронро дӯст медорад».(Сураи Бақара,ояти 195).

Худованди мутаол дар сураи «Нисо», ояти 93 мефармояд: «Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст».

Паёмбари ислом (с) онҳоеро, ки даст ба қатли дигарон ва худкушӣ задаанд, аз лутфу карами Худованд маҳрум дониста, аз зумраи ба ғазаби Парвардигор гирифторшудагон медонад.

Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон якҷо бо бахшҳои занон ва оила, ҷавонон,  варзиш ва сайёҳӣ, ҳифзи кӯдак, шуъбаҳои маориф ва корҳои дохилии ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, оид ба  масъалаи мазкур дар деҳаҳои Шидз, Деррӯшон, Баррӯшон, Дерзуд, маркази ноҳия Шуҷанд ва Емс вохӯриҳо гузарониданд. Дар вохӯриҳо хонандагони синфҳои болоӣ, волидайн, шахсони баруманд ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, оид ба ин масъала ибрози андеша намуданд. Оид ба ин мавзӯъ мулоқоти ошкоро бо раисон, сармутахассисони ҷамоатҳо ва халифаҳо баргузор шуд, ки дар он раиси ноҳия Худоёр Худоёров иштирок намуд. Иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба ин ҳодисаи номатлуб изҳор намуда, вусъат бахшидани ҳамкориҳоро ҷиҳати пешгирии он муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

 

И. ШАМИРОВ, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Рӯшон