Соли 2017 барои кишоварзон бобарор буд

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

В Таджикистане собрали половину запланированного урожая хлопкаСоли 2017 дар соҳаи кишоварзӣ нишондодҳои хуб ба даст омад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, соли ҷорӣ бештар аз тухмиҳои истеҳсоли ватанӣ, чорвои ба шароити маҳал мутобиқкарда истифода бурда, назорати рафти корҳои таъмиру омодасозии техника ба кишти барвақтӣ, ҳосилғундорӣ ва такрорӣ пурзӯр карда шуд.

Пахтапарварӣ мисли солҳои қаблӣ яке аз манбаи асосии баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содирот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, кишти ин зироати асосӣ дар 173979 гектар анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли пешин 11421 гектар зиёд аст.

Соли ҷорӣ пахтакорони ҷумҳурӣ тавонистанд агротехникаи парвариши пахтаро хуб ба роҳ монда, ҳосили баланд ба даст оранд. То 24 ноябри соли ҷорӣ 394171 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 111,6 дарсади дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121158 тонна зиёд мебошад. Боиси хурсандист, ки дар 26 соли соҳибистиқлолӣ аввалин маротиба иҷрои дурнамои пахта бомуваффақият таъмин гашт.

Дар дигар соҳаҳо низ дастовардҳо назаррасанд. Чунончӣ, истеҳсоли ғалладона ба 1 миллиону 422 ҳазору 887 тонна расонда шуд, ки ба ВМКБ 13427 тонна, Суғд — 303168, Хатлон — 894545 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 211748 тонна рост меояд.

Истеҳсоли сабзавот 1815245 тонна, картошка — 769021, меваҷот — 391328, ангур — 220746 ва полезӣ  619093 тоннаро ташкил дод.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ 112810  тонна  маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 56240 тонна сабзавот,  26582 тонна меваи тар, 28852 тонна меваи хушк, 482 тонна тарбуз ва харбуза ва 654 тонна дигар намуди маҳсулот ба хориҷа содир шудааст.

Баҳри амалисозии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин 4261 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки 105,1 дарсади нақшаро ташкил дода, барқарорсозии боғу токзори мавҷуда низ муташаккилона идома дорад. Парки техникии хоҷагиҳо дорои 26326 адад трактор мебошад, ки аз он 2231-тоаш шудгоркунанда аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 2 миллиону 316 ҳазор сар чорвои калон, 5 миллиону 580 сар гӯсфанду буз, 80286 сар асп ва 5 миллиону 299 ҳазор сар паранда мавҷуд аст, ки таносуби афзоиши саршумори онҳо нисбат ба соли 2016 аз 3 то 6 дарсад аст.

Ҳамин тариқ, кишоварзони кишвар соли 2017-ро бо дастовардҳои хуб ҷамъбаст намуда, барои ноил шудан ба муваффақиятҳои нав дар соли 2018 кӯшиш хоҳанд кард.

Таҳияи Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»