Соли меҳру самимият

№1 (3302) 01.01.2015

Соли  асп бо чусту чолокӣ, беқарориву серҳаракатӣ сипарӣ шуда, ҷояшро бо соли гӯсфанд иваз мекунад. Мутобиқи мучали шарқӣ ашхосе, ки дар соли гӯсфанд зода шудаанд, табиатан ором, босабр ва ҳалиму меҳрубонанд.

Чунин тарзи солшуморӣ аз мушоҳидаҳои чандинасраи мардум бармеояд, ки хусусиятҳои ҳар як солро аз рӯи табиату хислати ҷонварон натиҷагирӣ намудаанд. Яъне, ақидае роиҷ аст, ки ҳар шахсе, ки дар соли муайяни ҳайвоне зода шудааст, хислату табиат ва феълу атвори ҳамон ҳайвонро дорад. Масалан, пешгӯйӣ мешавад, ки соли гӯсфанд муътадил ва гармтар мешавад, зеро миҷози ин ҷонвар гарм аст.

Ҳатто, аксарият аз хӯрдани гӯшти гӯсфанд худдорӣ мекунанд, чунки ба қавли онҳо метавонад ба афзоиши бемории фишори хун сабаб мешавад, вале  гӯшти ин ҷонвар мулоиму хушмазза буда, аз василаҳои аслии зиндагии мардуми маҳаллӣ маҳсуб меёбад.

Дар илми тиб низ зикр шудааст, ки гӯшти гӯсфанд аз ҷиҳати зиёдии холестерин ва моддаҳои ниҳоят фаъолаш аз гӯшти гов бартарӣ дорад. Ҳанӯз дар қарнҳои ҳашту нуҳ олими маъруф Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар амалияи ҷарроҳӣ ҳангоми дӯхтани захм ба ҷойи ришта кетгутро (аз рӯдаи гӯсфанд тайёр мекунанд ва ҷойи ҷарроҳиро бо он медӯзанд) ба кор бурдааст.

Инчунин дар гузашта мардум дар фарши хона намад мепартофтанд ва онро аз пашми гӯсфанд омода мекарданд. Дар қисмати ҷануби кишвар ҳанӯз аз пашми ин ҳайвон ҳунармандон гилемчаҳои дастӣ тайёр мекунанд.

Бояд гуфт, ки иқлими Тоҷикистон барои гӯсфандпарварӣ хеле мусоид аст ва дар шароити кишвар тақрибан 90 фоизи ин зоти чорво хӯрокашро аз чарогоҳ пайдо мекунад, ки хароҷоти барзиёд лозим нест.

Дарвоқеъ, гӯсфанд яке аз ҷонварони зебову оростае мебошад, ки пайваста дар ҳаракат аст ва аз қабили чорпоёнест, ки бо инсон зуд унс мегирад.

Ба ин тартиб, соли нави мелодии 2015 мувофиқи тақвими мучал, ки соли гӯсфанд аст, тибқи боварҳои мардумӣ, соли заҳмату пуркорӣ ва сертараддудӣ хоҳад буд.  Умедворем, хонандагони нашрия дар соли гӯсфанд дар роҳи расидан ба мақсад аз сабру таҳаммулпазирӣ кор хоҳанд гирифт.

Хайруллои Абдуваҳҳоб, «Садои мардум»