Дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ

Соли оғози амалишавии иқдомҳои бузург

№6 (3800) 13.01.2018

DSC_1902Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, масъалаи об ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ аз ҷумлаи нуктаҳои муҳим буд. Дар ин робита хабарнигорамон бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ҳамсуҳбат шуд.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаи глобалии об ҳамчун ташаббускор шинохта шудааст. Имсол татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» оғоз меёбад, ки ташаб­бускори он низ Тоҷикистон аст. Роҷеъ ба ин масъала чӣ андеша доред?

- Дар ҳаёти инсон об мавқеи муҳим дорад. Об ва ҳаёт на танҳо ҳамрадифанд, балки аз ин ҳам бештар — бе об ҳаёт вуҷуд надорад. Дастрасии одамон ба оби тоза имрӯз ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Барои дарёфти роҳҳои ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим олимону сиёсатмадорони кишварҳо дар ташвишу андешаанд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд пешниҳоди судбахше намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард. Декабри соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ, боз бо ташаббуси Тоҷикистон, Қатънома оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, ки имсол татбиқи он оғоз меёбад.

cropИмрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон аз он ифтихор дорад, ки дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи глобалӣ сарони давлатҳои ҷаҳон ва олимону коршиносон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро ҳамчун лидери ҳалли масъалаҳои об ном мебаранд. Ин аз эътироф ва обрӯю эъти­бори баланди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир аст, ки масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад.Татбиқи ташаб­буси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, ҳам барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот саҳми арзанда мегузорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) бо зикри ин нукта бори дигар таъкид карданд, ки: «Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод».

Воқеан, об дар ҳалли ­масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, амнияти давлатию минтақавӣ, мушкилоти дастрасӣ ба шароити одитарини зиндагии инсон ва ҳатто мавҷудияти ҳаёт дар кураи Замин аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

- Дастгирии иқдомоти Сарвари давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки воқеан ҳам боиси ифтихор аст, масъулиятро дучанд мегардонад…

- Бале. Тавре дар Паём зикр гардид, соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад ва дар доираи он дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Чунончӣ, имсол дар пойтахти мамлакат Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» доир мегардад.

Тоҷикистон, ҳамчунин ин ташаббусро дар чорчӯби Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки бо ибтикори Дабири кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст, пеш мебарад. Даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолият дар Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об масъулияти бештарро пеш мегузорад ва боварӣ дорем, ки кишвар дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, вобаста ба татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, саҳми назаррас мегузорад.

- Маълум аст, ки пешсафӣ дар роҳандозии ташаб­бусҳои зикршуда ва амалӣ кардани тадбирҳо маблағгузорӣ, даст­расии воситаҳои техникӣ ва таҷдиди иқтидорҳои институтсионалиро тақозо менамояд. Ин масъаларо чӣ тавр ҳал мебояд кард?

- Воқеан, дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ татбиқи ташаббус барои кишварҳои рушдёбанда, ба мисли Тоҷикистон, душвор аст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон мақсад дорад, ки ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқ намудани ташаббусҳо аз тамоми воситаю имкон истифода барад.

Моҳи ноябри соли 2016, зимни суханронӣ дар Саммити об дар шаҳри Будапешт, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ду ҷанбаи асосии ҳалли мушкилоти вобаста ба об – ҷалби сармоягузорӣ ва таҷдиди инфрасохторро махсус таъкид намуданд. Ин ду ҷанба омили асосӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об мебошанд.

Азнавсозии инфрасохтори мавҷуда ва бунёди иншооти нави марбут ба об, дар баробари ҷалби технологияҳои нав, дар таъмини истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об нақши муҳим хоҳанд дошт. Масалан, сохтмони обанборҳо имкон медиҳанд, ки на танҳо неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол, балки дар шароити тағйирёбии иқлим ба таъмини ҷараёни боэъти­моди об ва ҳифзи аҳоливу заминҳо аз селу обхезӣ, шиддати таъсири хушксолӣ ва партови газҳои карбон ба атмосфера паст шавад.

Новобаста аз он ки кишвар дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба мушкилот қарор дорад, тайи даҳсолаи охир ҳолати таъминоти зиёда аз якуним миллион аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуд. Бо вуҷуди ин, як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ба шароити беҳтари беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст.

Ҳарчанд ки Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дорост ва солҳои охир мушкилоти таъмини барқ ҳалли худро ёфта истодааст, масъалаҳои мухталифи ҳалталаби иҷтимоиву иқтисодӣ, ки аз таъмини устувори неруи барқ вобастаанд, ҳанӯз зиёданд. Аз 527 миллиард кВт/соати иқтидорҳои мавҷуда, ҳар сол танҳо 3 — 4 фоизи он истифода мешавад.

- Табиист, ки мушкилоти вобаста ба обро тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ зиёд мегардонад…

- Мутаассифона, имрӯз иқлими тағйирёбанда боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст ва Тоҷикистон низ аз ҷумлаи кишварҳои осебпазир маҳсуб меёбад. Манбаъҳои захираи бузурги оби Тоҷикис­тонро теъдоди зиёди пиряху дарё, кӯл ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳад. Дар кишвар зиёда аз 60% захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Тайи даҳсолаи охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд намуданд, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, дар 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд босуръат идома дорад.

Тағйирёбии иқлим ва релефи мураккаби кӯҳистон сабаби ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об ва селу обхезӣ мегарданд. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҳар сол инфрасохтори соҳаҳои гуногун хароб гашта, масоҳати калони заминҳо зери об мемонанд ва дар натиҷа ба иқтисоди мамлакат зарари ҷиддӣ мерасад. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015 аз обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар зиёда аз 600 млн. доллари амрикоӣ зарар расид. Аз ин хотир, ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим андешидани чораҳои муассир зарур аст. Идомаи эҳтимолии  раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои обии минтақа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки аз гуфтугӯ ба амал гузарем ва дар амалисозии ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳм гузорем.

Бинобар ин, Тоҷикистон  бар пояи муқаррароти санади мазкур Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия намуда, ҷонибдори ташаб­бусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои давраи то соли 2024» мебошад.

Ин ҷо ба ёд овардани сафари соли гузаштаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро ба Тоҷикистон айни муддао медонам. Дабири кулл баъди дидани манзараҳои афсонавӣ, аз ҷумла, кӯли Сарез, кишварҳои ҷаҳонро барои андешидани чораҳои таъхирнопазир вобаста ба тағйирёбии иқлим даъват кард. Дар ин замина, Антониу Гутерриш таъкид дошт, ки бинобар обшавии пиряхҳо ниҳоят муҳим аст, ки диққати ҷомеаи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати пешгирии таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб карда шавад.

Бинобар муҳимияти мушкилоти мазкур ва нақши калидии пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккули захираҳои минтақа ва бештар аз он, дар иқлимофарии минтақа ва сайёра, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зарурати ҳар чӣ зудтар таъсис додани маркази яхшиносиро таъкид намуданд.

Масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафот, беҳтар намудани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбат ба масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар «Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025» дар назар дошта шудааст. Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар вазифаҳое, ки ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ворид гардидаанд, ҳамчунин дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинӣ шудаанд.

Мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи минтақавӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст. Дар ин самт талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, қайд кардан бамаврид аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро нисбат ба мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълон кард, ки танҳо ҳамкорӣ ягона василаи оқилона ва самараноки ҳалли онҳо мебошад.

Минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай оқибатҳои манфии таъсири тағйирпазирии иқлимро эҳсос намуда истодааст. Ҳоло боришоти зиёд ва хушксолиҳо, ҳарорати баланди ҳаво дар фасли тобистон ва хунукиҳои дарозмуддат дар зимистон мушоҳида мешаванд. Бар асари ин ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ ба кишварҳои минтақа хисороти зиёди иқтисодӣ мерасад ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тамоюл дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт. Дар баробари ин, тибқи пешгӯйиҳо, дар солҳои пешомад теъдоди аҳолии минтақа ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт. Ин омил зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати рушди иқтисодиёт, минҷумла зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва неруи барқ, ба миён меоварад.

Мусаллам аст, ки дар чунин шароит барои таъмини амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷалби маблағҳои бузург ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи табиӣ зарур мебошад. Дар ин маврид боиси зикр аст, ки захираҳои обӣ ба ҳайси манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия дар амалияи таъмини Консепсияи «рушди сабз», ки ҷавҳари онро тадриҷан раҳо бахшидани иқтисодиёт аз пайвастҳои карбогидридӣ ташкил медиҳад, ҷойгоҳи хосаро доро хоҳад буд.

Захираҳои бузурги обӣ ва шароити ҷуғрофии Тоҷикистон дорои имконияти фаровони истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд».

Ҳамкориҳои судманд ва амалҳои мувофиқашуда дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, бешубҳа, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди на танҳо вобаста ба об, балки амалӣ гардонидани дигар аҳдофу масъалаҳо мусоидати ҷиддӣ намояд. Ин амалия, ҳамчунин метавонад омили муассири таъмини минбаъдаи сулҳу субот ва рушди минтақа гардад.

-Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Барои рушди соҳаи кишварзӣ таъминоти хоҷагиҳо бо об омили асосӣ маҳсуб меёбад. Роҷеъ ба ин масъала чӣ андеша доред?

-Дар ин бобат ҳам супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои фаъолияти кишоварзони мамлакат мебошад. Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид карданд: «Истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникии парвариши зироатҳо ғайриимкон мебошад. Дар панҷ соли охир беш аз 10 ҳазор техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 570 миллион сомонӣ ворид карда, барои ин дар ҳаҷми беш аз 200 миллион сомонӣ имтиёзҳо татбиқ гардиданд». Вобаста ба ин ва ҳамчунин, баҳри баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ Сарвари давлат дар назди вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои нигоҳ доштани шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ тақсимоти боадолатонаи об байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об, ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» қабул гардид. Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 145 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ, 120 ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ ва 409 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд. Дар ин раванд шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хоҷагиҳои таҷдидгардида, аз ҷумла 11738 км шабакаҳои обёрӣ, 1418 км шабакаҳои қубурӣ, 3775 км заҳбуру заҳкашҳо ва 360 пойгоҳи обкашӣ аз назорат ва истифодабарии дахлдор дур мондаанд. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба 405,72 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда хизмат мерасонанд.

Дар баробари ин, дар фаъолияти ассотсиатсияҳо мушкилот, аз ҷумла, нарасидани мутахассисон, техникаву механизмҳо, дар сатҳи зарурӣ қарор надош­тани ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ, истифодаи ғайрисамараноки обу замин, сари вақт напардохтани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҷой доранд. Бо ин сабабҳо системаи идоракунии об дар сатҳи дохили хоҷагиҳо ҳанӯз ҳам ба қад­ри зарурӣ рушд наёфтааст. Бо дарназардошти мушкилоти зикргардида, таҳлили қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ, ки аз чунин шакли хоҷагидорӣ истифода мебаранд, ҳамчунин, ба мақсади бартараф кардани номуайянӣ ва мухолифат ба дигар қонунҳои танзимкунандаи фаъолият дар бахши мазкур бо иштироки мутахассисони соҳа, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар таҳрири нав таҳия гардид. Қонунҳои дигари соҳавӣ низ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди омӯзиш қарор доранд. Такмили қонунгузории соҳа бо дарназардошти инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ислоҳот тақозои замон аст. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таъкид намуданд: «…меъёрҳои қонун бо назардошти дурнамои инкишофи қонунгузорӣ ва ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҷомеа бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ ва амалишаванда бошанд». Дар ин замина, мо — вакилони мардумӣ вазифадорем, ки саъю кӯшишро барои рушди ҷомеа, аз ҷумла ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, равона созем.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»