СОМНАТҲ ГҲОШ: «ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН ХУБ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ»

№106 (3586) 11.08.2016

расми сафир15-уми август рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҳандустон аст. Дар арафаи ин санаи фархунда хабарнигори рӯзнома бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гҳош мусоҳиб шуд.

- Ҷумҳурии Ҳиндустон имсол 69-солагии истиқлолияти давлатиашро ҷашн мегирад. Дастовардҳои иқтисодии Ҳиндустон дар ин муддат чӣ гуна аст?

- Аз замони ба даст овардани соҳибистиқлолӣ (соли 1947) Ҳиндустон дар ҳама соҳа, аз ҷумла кишоварзӣ, иқтисодӣ, барномаҳои кайҳонӣ, тандурустӣ, маориф, энергетикаи атомӣ ва мудофиа ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Солҳои панҷоҳуми асри гузашта Ҳиндустон асосан кишвари воридкунанда буд. Имрӯз на танҳо давлати дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрока пешсаф, балки кишвари содиркунандаи маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Давлати мо калонтарин давлати истеҳсолкунандаи меваҳои тару тоза, маҳсулоти ширӣ, нахӯду лӯбиёгӣ, равғанҳои истеъмолӣ ва дуюмин истеҳсолкунандаи бузурги гандум, биринҷ, найшакар, картошка, чой ва пахта дар ҷаҳон мебошад.

Мо мардуми худро аз эпидемияҳои бемориҳои гуногун, ба мисли полиомиелит, бомуваффақият озод кардем. Нархҳои дастраси системаи тандурустӣ корафтодагонро аз мамлакатҳои дунё ба Ҳиндустон ҷалб менамояд. Имрӯзҳо барномаҳои гуногуни кайҳонӣ, аз ҷумла миссияҳои моҳтобу сайёраи Миррихро ба роҳ монда, фаъолияти тиҷоратии маҳвораҳоро бо нархҳои дастрас дар якчанд давлат амалӣ гардонида истодаем.

Мо ниҳодҳои демократии қавиро ба роҳ мондаем. Демок­ратияи Ҳиндустон калонтарин дар дунё ба ҳисоб рафта, барои тамоми мардум, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодиашон, баробар аст. Ҳиндустон яке аз бузургтарин қудратҳои низомӣ дар ҷаҳони муосир буда, сулҳу суботро дар фазои душвори имрӯза кафолат медиҳад. Дастовардҳои давлати мо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ дар дунё эътироф гардидааст. Мо ҳамчун давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ босуръат афзоянда байни давлатҳои дорои иқтисодёти бузургтарин дар дунё эътироф шудем. Мо ҷомеаи кушод дорем. Дастоварди бузургтарини Ҳиндустон ин қобилияти боқӣ мондан ҳамчун давлати устувор, ягона, рушдёбанда, новобаста аз шумораи зиёди аҳолӣ, гуногунии динҳо, фарҳангҳо, забонҳо ва дигар ҷодаҳои қавмӣ мебошад. Азми Ҳиндустон ба таври осоишта ҳамзистӣ намудани тамоми қавму миллатҳо аст.

- Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон алҳол дар кадом сатҳ қарор дорад? Ҳаҷми робитаҳои иқтисодии ду кишвар дар 6 моҳи соли равон чӣ қадар аст?

-Ҳиндустону Тоҷикистон шарикони стратегӣ ҳастанд. Ҳамкории иқтисодии кишвари мо бо Тоҷикистон на танҳо дар соҳаҳои савдо ва сармоя сурат мегирад. Ин ҳамкорӣ аз татбиқи якчанд лоиҳа дар рушди иқтидор, ёрии гуманитарӣ ва ҳамкории техникӣ иборат мебошад. Роҳи давродавр барои ҳамлу нақли бор рушди ҳамкориҳои тиҷоратиро халалдор месозад. Мо бо шарикони худ дар ҳалли масъалаи роҳҳо кор карда истодаем ва боварӣ дорам, ки дар солҳои наздик ҳамкории тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ ба таври назаррас густариш меёбад. Дар давоми соли гузаштаи молиявӣ ҳаҷми гардиши мол зиёда аз 32 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, лекин ин рақам имконияти воқеии шарикии моро инъикос наменамояд.

Мо якчанд лоиҳаи грантиро, аз қабили заводи коркарди мева, Маркази технологияи иттилоотӣ (Маркази Бедил) ва устохонаи замонавии муҳандисӣ дар Тоҷикистон татбиқ кардем. Бо кумаки Ҳиндустон Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1», ки соли 1936 бунёд гардидааст, барқарор карда шуд. Дар натиҷа, иқтидори неругоҳ ба таври зарурӣ баланд бардошта шуд.

Ба наздикӣ мо дар 37 мактаби Тоҷикистон лабораторияҳои компютериро созмон додем.

- Ифтитоҳи хатсайри Душанбе — Деҳлӣ ба ҳаҷми ҳамкориҳо чӣ таъсир расонд? Рафтуомади шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар чӣ қадар зиёд шуд?

-Хатсайри мустақими ҳавоӣ дар муттаҳидгардонии мардуми кишварҳо нақши калон мебозад. Тоҷикистон байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамсояи наздиктарини Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба густариш додани ҳамкориҳоямон дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунад. Шумораи назарраси мардуми кишвари мо ба Тоҷикистон барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ, таҳсил ва ҳамчун сайёҳ сафар мекунанд. Мардуми зиёди Тоҷикистон барои истифодабарии хизмат­расониҳои тиббии нархашон дастрас, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва таҳсил озими Ҳиндустон мегарданд. Фикр мекунам, ки мо бояд шумораи хатсайри мустақимро барои рушди муносибатҳои байни мардум зиёд кунем.

- Ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвари дӯст хуб ба роҳ монда шудааст. Чанде пеш мо ташрифи ҳайатҳои парламентиро ба кишварҳои якдигар анҷом додем, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд. Ба назари ман, дар оянда ин гуна робитаҳоро густариш бахшидан лозим аст.

- Солҳои пеш донишҷӯёну мутахассисони тоҷик дар макотиби олӣ ва академияҳои Ҳиндустон таҳсил мекарданд ё ихтисоси худро такмил медоданд. Оё имрӯз ин ҳамкориҳо вуҷуд доранд?

-Барои донишҷӯёну мутахассисони тоҷик мо аз ҷониби Шӯрои Ҳиндустон оид ба муносибатҳои фарҳангӣ барномаи махсус дорем, ки ҳар сол ба Тоҷикистон 30 ҷой барои иштирок дар курсҳо ҷудо карда мешавад. Таҳти барномаи мазкур донишҷӯёни тоҷик метавонанд таҳсилоти олиро дар донишгоҳҳои Ҳиндустон бо дараҷаҳои бакалавр, магистр ва PHD бигиранд. Дар чорчӯбаи барномаи мазкур ихтисосҳои гуногун ҳастанд, ки донишҷӯёни тоҷик метавонанд яке аз онҳоро интихоб намоянд. Илова бар ин, мо курсҳои кӯтоҳмуддатро таҳти барномаи ҳамкории техникӣ-иқтисодӣ, ки бо номи ITEC машҳур аст, дорем. Барои кишвари шумо аз ҷониби Ҳиндус­тон ҳар сол 150 ҷой ҷудо карда мешавад. Инчунин, мо курсҳои омӯзишии рақсу мусиқии ҳиндӣ, дарсҳои йога, забони ҳиндӣ ва ғайраро дар Сафорати Ҳиндус­тон дар шаҳри Душанбе ба таври ройгон ташкил намудем.

-Баҳри густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба чӣ нақшаҳо пешбинӣ шудаанд?

- Ҳиндустон бо Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, захираҳои инсонӣ, мудофиа, мубориза бар зидди терроризм, илм ва технология, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳамкории хеле зич дорад. Ман диққати худ­ро бештар ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои номбаршуда ҷалб хоҳам кард. Тоҷикистон шарики калидии Ҳиндустон дар таъмини сулҳу субот, бартарафкунии фундаментализм ва радикализми ҷомеа ва инчунин мубориза бо терроризм мебошад.

Вақти он расидааст, ки соҳибкорони Тоҷикистон имкониятҳои тиҷоратии иқтисодиёти рушд­ёфтаи Ҳиндустонро мавриди истифода қарор диҳанд. Мо бо дӯстони тоҷикамон дар густариши ҳамкориҳои байни соҳибкорони ду кишвар барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ кӯшиш хоҳем кард.

- Қаблан ба нақша гирифта шуда буд, ки киносозони Ҳинд дар Тоҷикистон филмбардорӣ мекунанд. Ин нақша кай амалӣ мешавад?

-Тоҷикистон кишвари зебо, макони манзараҳои биҳиштосо мебошад. Дар он манзараҳои нотакрори табиӣ ва кӯҳҳои барф­пӯш зиёд ҳастанд, ки метавонанд барои филмбардорон ҷойи мувофиқ маҳсуб гарданд. Аллакай якчанд филми ҳиндӣ дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Саноати филмбардорӣ инфрасохтори заруриро барои ҷалби филмбардорон талаб мекунад. Умед дорам, ки дар ин самт низ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

 Мусоҳиб С. Суннатӣ,

«Садои мардум»