«Спитаменбонк дар хизмати мардум»

№125 (3426) 18 Сентябр, 2015 18.09.2015

21315379218_9f40f9efda_o

18 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ  ба фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк» оғоз бахшид.

Сохтмони иншооти мазкур, ки моҳи апрели соли 2013 шурӯъ гардида буд, бо харҷи зиёда аз панҷ миллион сомонӣ моҳи сентябри соли 2015 бо сифати баланд ба анҷом расид.

Бинои ҶСП «Спитаменбонк» аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳашт утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мебошад.

Ба мизоҷон шуъбаҳои муҳосибот, шуъбаи қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, шуъбаи интиқоли маблағҳо, хазина ва ҳуқуқшинос хизмат мерасонад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кории он ба корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои муосир баҳои баланд дода шуд.

То имрӯз кормандони филиали ҶСП «Спитаменбонк» дар бинои иҷоравӣ фаъолият мекарданд. Бо кушодашавии бинои нави филиали бонк шумораи умумии кормандон ба 29 нафар расонда шуд.

Филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк» ба 458 мизоҷ, аз ҷумла ба 276 соҳибкори хурду миёна, 48 хоҷагии деҳқонӣ ва 134 нафар қарз додааст.

Аз шумораи умумии муштариёни филиали бонк 174 нафарашро занони соҳибкор ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини филиали ҶСП «Спитаменбонк» барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

www.president.tj