Стратегияи муқовимат ба коррупсия чӣ гуна иҷро мешавад?

№23 (4129) 20.02.2020

Чанде пеш дар ҷаласаи кории назди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода масъалаи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 — уми январи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи МИМҲД вилоят ва масъулин, моҳи октябри соли 2018 аз ҷониби гурӯҳи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти таъмини иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент ва ба номи Ҷаббор Расулов мавриди санҷиш қарор гирифт. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар шаҳри Хуҷанд аз 27 банди нақшаи чорабинӣ 10 банд пурра, 4 банд қисман иҷро гардида, 13 банд аз иҷро дур мондааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз нақшаи чорабиниҳо 13 банд пурра, 5 банди дигар қисман иҷро шуда, 9 банд беиҷро мондааст. Дар шаҳри Панҷакент бошад, аз 27 банди нақшаи чорабинӣ ягон банд иҷро нашудааст.

Тибқи таҳлилҳо вазъи иҷрои бандҳои стратегия дар соли 2019 ва моҳи январи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ғайриқаноатбахш мебошад.

Санҷиши давоми ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров гузаронида нишон дод, ки фаъолияти шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов дар ин самт ғайриқаноатбахш аст, зеро аз 16 банди нақшаи чорабиниҳое, ки соли 2019 бояд татбиқ мешуданд, ягон банд иҷро нагардидааст.

Аз таҳлили вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеояд, ки соли 2019 505 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Содиршавии чунин ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (124), Панҷакент (74), Бобоҷон Ғафуров (54), Ҷаббор Расулов (45), Ашт (29), Истаравшан (27), Спитамен (21) ва Деваштич (20) ба назар мерасанд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, сохторҳои бонкӣ, Кумитаи идораи замин ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Аз ин рӯ, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо изҳори нигаронӣ таъкид дошт, ки муборизаи шадид бо коррупсия на танҳо барои солимгардонии муҳити ҷомеа хизмат мекунад, балки ба афзоиши обрӯю эътибори байналмилалии давлат мусоидат хоҳад намуд.

Ба ин хотир, раиси вилоят дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, таъкид кард, ки роҳҳои нави муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пайдо ва дар ҳамбастагӣ метавон ҳама гуна амалҳои ношоямро барҳам дод».

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»