СУҲБАТИ ОШКОРО БО ИМОМХАТИБОН

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини соҳа ва имомхатибони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ»  суҳбати ошкоро баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар мавзӯи «Заминаҳои рушди ифротгаройӣ ва роҳҳои пешгирии он»,  муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Солеҳзода «Иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Сурия ва тақдири онҳо», раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода  «Хатарҳои фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ», корманди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Саидзода «Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ»,  сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ризоён  «Таъсири  шабакаҳои моҳвораӣ ва интернетӣ дар гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  ва роҳҳои пешгирии он» ва сардори шуъбаи Пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Зокиров дар мавзӯи «Ифротгаройӣ ва таъсири он ба тафаккури динӣ» маърӯза карданд.

  Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»