Сулҳу ваҳдат меваҳои ширин бор оварданд

№71 (4177) 16.06.2020

Бо қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 авгус­ти соли 1990) ҷумҳурӣ ба марҳилаи нав — давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ ворид гардида, 9 сентябри соли 1991 соҳиб­ихтиёр эълон ва аз тарафи аксар кишварҳои дунё ҳамчун кишвари мустақил шинохта шуд.

Мутаассифона, баъди ноил шудан ба соҳибистиқлолӣ дар кишвар гурӯҳбозӣ ва майдоннишиниҳо оғоз ёфта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардида, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ зарари калон расид. Гурӯҳе аз мутахассисони варзида тарки Ватан намуданд. Ҳамватанони зиёд бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд. Қисме аз мардуми осоишта хонаву манзилро тарк намуда, дар кишварҳои ҳамсоя гуреза шуданд.

Хушбахтона, ақли солим дастболо шуду дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардида, фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданд.

Баъди ҳашт даври гуфушуниди байни тоҷикон (Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷониби мухолифин) 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ва он мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ ва рӯзи истироҳат табдил ёфта, яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб меёбад ва ҳар сол ба ин муносибат чорабиниҳои тантанавӣ доир мешаванд.

Дарвоқеъ, ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, асоси таҳкими давлат, наҷоти миллат дар ҳар замон аст. Алҳол ваҳдати мардуми тоҷик, иттифоқ ва ҳамдилии халқҳои муқими кишвар мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Воқеан ҳам, он дарахте, ки Президенти мамлакат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, ҳоло меваҳои ширин самар оварда истодааст.

Ҳақиқатан ҳам, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он гул-гул мешукуфад, рушд мекунад ва пеш меравад.

Айни ҳол аз файзу баракати соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми кишвар дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ ба фардои дурахшон қадам мезананд.

Сатҳи зиндагӣ боло рафта, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллӣ пайваста такомул ёфта, назария ва ­амалияи давлатдории озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоиста пайдо намудааст, ки боиси ифтихор мебошад. Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги сокинони кишвар маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, вазифадорем онро ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Парвиз МИРЗОЗОДА, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон