Таҳаммулпазирӣ муассиртарин роҳ ба сӯи ҳамдилист

№105 (4211) 29.08.2020

Замони муосир бо равандҳои мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, ҷаҳонишавӣ ва омезиши тамаддунҳо миллатҳоро водор менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ талош варзанд. Зеро саҳлангорӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонад муҳимтарин арзишҳои миллӣ, ҳатто миллатро ба нестӣ барад. Дар ин аср, ки асри гуфтугӯи тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ тавсиф мешавад, бархе қадам аз чорчӯбаи ахлоқу одоб берун мегузоранд, ки ин ба пайдоиши тундгароӣ замина мегузорад. Дар чунин вазъият, маҳз қабул доштани гуногунрангии олам, эътироф ва эҳтироми фарҳанги ғайр, вале, дар айни замон, устувор ва содиқ будан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мавҷудият ва суботи миллатҳоро таъмин месозад. Дар илми ҷомеашиносӣ чунин мавқеъгирӣ бо мафҳуми таҳаммулпазирӣ ифода меёбад. Вожаи таҳаммулпазирӣ сабр, тоқатро ифода мекунад.

Воқеан, дар ҷаҳон, ки бо гуногунии мафкуравӣ ва омезиши фарҳангиву ҷаҳонишавӣ майл дорад, таҳаммулпазирӣ калиди суботи ҷомеа ва омили асосии пешгирии бархӯрдҳои манфии иҷтимоӣ, ба мисли терроризму экстремизм аст.

Таҳаммулпазирии иҷтимоӣ, ки ҳамчун муносибати бидуни зӯроварӣ ва эҳтиромонаи байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ мегардад, мувозинати муносибатҳоро ба вуҷуд меорад. Мавриди зикр аст, ки таҳаммулпазирӣ ҷузъи таркибии ҳеҷ як идеология ё унсури ягон маданияти мушаххас нест. Афкори иҷтимоию маънавӣ, ки дар ҳама давру замон барои амалишавии ҳадафҳои олии инсонӣ равона гаштааст, таҳаммулпазириро беҳтарин арзиши иҷтимоии эътирофи умумгашта ва идеали ивазнашаванда — ҷавҳари ин гуна муносибатҳои гуманистӣ ва инсондӯстӣ қабул ва ҳамчун меъёри ахлоқӣ-ҳуқуқии омма арзёбӣ кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро зикр менамоянд, ки «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт донистааст. Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон, бахусус, дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонгирӣ, арзиши дучанд пайдо кардаанд. Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмиро таъминкунандаи осоиши зиндагӣ медонист:

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ӯ дар таълимоташ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузошта буд, ки имрӯз ба робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо мубаддал гаштааст».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала таълимот ва андешаҳои ҳакимонаи бузургонро омӯхта, нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст: «Алии Ҳамадонӣ баъди азият ва мушкилоти зиёде, ки дар зиндагияш рӯ ба рӯ шудааст, ба хулосае омадааст, ки барои ҷомеа ва инсоният сулҳ ва оромиш нақши арзанда дорад. Аз ин рӯ, вай фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйиву муттаҳидӣ мебошад.

Бо ин мақсад ӯ дар асарҳояш ҳикмати мадороро ташвиқ карда, таҳаммулгароиро воситаи муҳими бартараф намудани ҳар гуна низоъ медонад».

Таҳаммулпазирӣ дар соҳаҳое, ки муносибатҳои доимӣ ва мураккабу гуногунҷанбаи инсонҳоро тақозо менамоянд, муҳим бошад ҳам, бештар дар доираи муносибатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва миллию минтақавӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст.

Зимнан, воқеиятҳои таърихии наздик ба се даҳсолаи охири миллат, ки аз устувории низоми сиёсии давлатдорӣ, эҳё гардидани арзишҳои миллӣ, фарҳангиву маънавӣ, ҳамзистии иҷтимоӣ ва осоиштагии ҳаёти сокинон дар кишвар бозгӯӣ мекунанд, бевосита аз фаъолияти пурмаҳсулу мавқеи устувори Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро ва инсонпарвар шаҳодат медиҳанд.

Вале бо ин ҳама дастовард дар ҷомеа бархе аз мушкилоте дида мешаванд, ки пеш аз ҳама, аз надоштани фарҳанги таҳаммулпазирии баъзе афрод сарчашма мегиранд. Чунончӣ, рӯ овардани баъзе аз шаҳрвандони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию пайравӣ аз фарҳанги бегона, экстремизми динӣ ва хусумат бо намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷудошавии оилаҳои ҷавону низоъҳои оилавӣ ва ғайра зуҳуроти манфуреанд, ки аз набудани таҳаммулпазирии афрод дарак медиҳанд. Хусусан, набудани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар бештари андешаву гуфтори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баръало эҳсос мешавад. Бархе аз корбарон дар олами маҷозии интернет худро «гум карда», аз доираи инсонӣ гузашта, ҳар чӣ дар зеҳнашон ояд, менависанду мегӯянд, на падару модар ба ёдашон мерасаду на миллату ватан. Аз ин рӯ, ташаккул додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни мардум, хусусан ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд ва шабакаҳои иҷтимоиро бештар аз дигарон истифода мебаранд, ногузир мебошад.

Мақсад аз омӯзиши таҳаммулпазирӣ, ки муқобилмаънои экстремизм ва ҳама гуна фитнаангезист, эмин нигоҳ доштани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Бешак, миллати тоҷик алорағми ҳама гуна бархӯрду нишебу фарозҳои таърих маҳз бо таҳаммулпазириву таҳаммулгароӣ аз арзишҳои миллӣ дифоъ кардааст.

Фатҳуддин СОЛЕҲОВ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе