ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО — ИФОДАГАРИ ТАЛАБОТ ВА МАНФИАТҲОИ ҶОМЕА

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Мутафаккирон таъкид намудаанд, ки ҳама чӣ дар олам ҳолати тағйирёбанда дорад ва аз ин раванд ҷомеаи башарӣ низ истисно нест.  Дар ҷамъияти инсонӣ дигаргуниҳо бо суръати баландтар сурат мегиранд, зеро инсон мавҷуди фаъол буда, офарандаи тамоми арзишҳои ҳаётӣ ба шумор меравад ва пешрафтҳои ҷомеа маҳз аз ҳамин сифати офарандагии ӯ вобастагӣ дорад. Инсон офарандаи на танҳо ҳаёти моддию маънавии хеш, аз ҷумла тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ бо ҳама ашколу хусусиятҳояш, балки эҷодгари тамоми меъёру асноди ҳуқуқию сиёсии он муносибатҳоро батанзимдароранда низ мебошад.

Бояд  таъкид намуд, ки ақли инсониро то ҳол муяссар нашудааст, ки меъёру санадеро дар шакли ниҳоӣ мутлақ ва комил таҳия карда бошаду вай барои ҳама давру замон яксон хос бошад.

Метавон натиҷагирӣ намуд, ки барои мавҷудияти талабу манфиатҳои ҷомеа ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат ҳама гуна баҳс истисно мегардад. Баръакс, чанд омили дигаре  низ вуҷуд дорад, ки мавҷудияти талаботу манфиатҳоро ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат чун офтоб равшан месозанд. Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки тафаккуру тааммули ҷиддии муҳтавои моддаҳои Конститутсия (Сарқонун) такмили луғавию маъноии калимаву ибора ва ҷумлаҳои алоҳидаи онро тақозо менамояд, ки бешак, барои дурусттару дақиқтар фаҳмидани матлаб мусоидат менамояд. Сониян, тағйироти босуръати ҷаҳони имрӯза, хусусан вусъат пайдо намудани муборизаи абарқудратҳо барои тавсеаи нуфузи хеш ба ҳама раванди ҳаётии мамолики рӯ ба инкишоф таъсиррасон манфӣ  аст. Солисан, дигаргуниҳои назаррасе, ки дар ҳама самти ҳаёти ҷамъиятӣ дар дохили кишвар тӯли солҳои охир рух дода истодаанд, ниёз ба тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия (Сарқонун) дучанд афзун гардонидаанд.

Дар хусуси омили якум, яъне зарурату ҳадафҳои такмили луғавию маъноии нуктаҳои алоҳидаи  Конститутсия (Сарқонун) бояд таъкид намуд, ки нигоҳу диди нав имкон додаанд, ки матлаб дақиқтару фаҳмотар баён шавад. Ин дақиқӣ ва сареҳбаёнӣ махсусан дар иваз намудани калимаҳои «марзиву маъмурӣ» бо калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ», иваз намудани калимаи «Ташкилотҳои» бо калимаи «Иттиҳодияҳои», аз матн хориҷ намудани калимаи «Сарқонун» ва истифодаи васеи вожаи «Конститутсия»  ҳамчун вожаи байналмилалии аз тарафи умум эътирофшуда ва ғайра равшан ба назар мерасад. Воқеан ҳам, мафҳумҳои «конститутсия» ва «иттиҳодияҳо» нисбат ба мафҳумҳои «сарқонун» ва «ташкилотҳо» васеътар буда, мафҳуми «ҳудудӣ» нисбат ба мафҳуми «марзӣ» хеле дақиқтар мебошад.

Чуноне зикр гардид,  таъсири авзои сиёсии ҷаҳонӣ дар дигаргуниҳои ҷомеаҳои алоҳида низ яке аз омилҳои қавӣ дар тағйиру иловаҳо ба Конститутсия маҳсуб мешаванд. Ҳаводиси солҳои охири олами ислом таври бебаҳс собит месозанд, ки дар сурат гирифтани он нооромиҳо нақши омилҳои динӣ кам нест. Ин раванд махсусан зимни фаъолияти ҳизби хусусияти динӣ ва миллидошта ва ё маблағгузорӣ шудани онҳо аз тарафи давлатҳою созмонҳои хориҷӣ даҳчанд меафзояд. Ин нуктаро на танҳо ҳаводиси нангини солҳои навадуми асри гузашта ва рӯйдодҳои моҳи сентябри соли 2015, балки тамоми нооромиҳо дар иддае  аз кишварҳои исломӣ собит месозанд. Яъне, аз сиёсат ҷудо сохтани дин ҳам барои дин ва ҳам барои оромию суботи ҷомеа хеле муфид мебошад. Инчунин, аҳзоби хусусияти миллидошта низ барои амнияту оромии ҷомеа хатарзо ба ҳисоб мераванд, зеро чунин аҳзоб на танҳо ваҳдати миллиро зери хатар мегузоранд, балки барои парокандагӣ ва пора-пора гардидани кишвар замина омода месозанд.

Ба ин монанд яксон намудани синну соли шахси ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ба узвияти Маҷлиси миллӣ ва номзадӣ ба вазифаи президентӣ пешбаришаванда маҳз ба хотири таъмини талаботи ягона, яъне ба инобат гирифтани синну сол барои чунин вазифаҳои масъулиятнок, сурат  гирифтааст.

Аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дастгирӣ кардан на танҳо аз ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандии мардуми кишвар, балки аз мавқеи шаҳрвандии онҳо дар дигаргунию пешрафтҳои ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

Кароматуллоҳи  Абдухалил,

номзади илмҳои фалсафа