Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ — вазифаи асосӣ

№61 (3207) 10.06.2014

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тавассути Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян менамояд. Соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад, зери таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат қарор дорад. Бо чанд савол ба муовини вазири кишоварзии мамлакат Ҷамила Саидова муроҷиат намудем. Мавсуф минҷумла иброз дошт:

-Паёми имсолаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи муҳим ва таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар арзёбӣ шуд.

Дар радифи ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ низ яке аз вазифаҳои асосӣ ва таркибии давлат маҳсуб меёбад.

Ин раванд аз самаранокӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад.

Бинобар ин, тамоми кӯшишҳои Вазорати кишоварзӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз вобастагии воридоти маҳсулоти озуқа равона шуда, вазифаҳое, ки дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, сармашқи кори худ намуда, оид ба иҷрои саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Баҳри ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ ба мисли «Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015», «Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии рушд (СМР) то соли 2015», «Рушди Ҳадафҳои Ҳазорсола» ва зиёда аз 15 барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Ҳамчунин айни ҳол чор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар  соҳаи кишоварзии кишвар амалӣ гардида истодаанд.

-Бояд зикр намуд, ки ҳамасола аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ  барои барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, картошкапарварӣ, мубориза бар зидди малах ва ҳашароти зараррасони боғу токзор, тухмипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, паррандапарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, моҳипарварӣ, қутоспарварӣ, беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо ва асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои муайян ҷудо мегардад. Татбиқи барномаҳои мазкур зери назорат қарор дошта, мунтазам аз натиҷаи иҷрои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор ирсол мешавад.

Ҳамзамон дар Паёми имсола баҳри дастгирии соҳаи кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки доир ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бахшҳои коркарди маҳсулоти он ва ҳавасманд гардонидани кишоварзон барои истифодаи самараноки захираҳои обу замин тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамсуҳбатам доир ба ин масъала мегӯяд, ки масъулин вазифадор гардиданд, ки барои таъмини иҷрои барномаҳои рушди соҳа, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз механизми дастгирии молиявии давлатӣ ба масъалаҳои беҳтар гардонидани заминаи моддиву техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ,  аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои ҳамасола андешидашуда ва роҳандозӣ намудани барномаҳои соҳавӣ солҳои охир соҳаи кишоварзӣ рушд ёфта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ беҳтар гардида бошад ҳам, ин раванд қаноатбахш нест.

Баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чунин баён гардид: «Амалисозии маҷмӯи тадбирҳои  пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки талаботи аҳолиро бо молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилии кишвар ҳар- чи бештар таъмин созем ва ба ин васила ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиамон –ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ноил гардем».

Ҷиҳати тақвият бахшидани раванди амалигардонии ислоҳоти кишоварзӣ соли 2013 бо иштироки шарикони рушд панҷ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд оид ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи об, рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», ислоҳоти институтсионалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти идоракунӣ дар сатҳи маҳаллӣ, суғуртаи соҳаи кишоварзӣ, таҳияи низоми нави маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи Барномаи рушди иҷтимоии деҳот баррасӣ гардида, Вазорати кишоварзӣ ҳамчун ташаббускори «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» оид ба татбиқи барнома тариқи воситаҳои ахборӣ омма маълумот  интишор намудааст.

Иқлими Тоҷикистон барои бунёди боғу токзор мусоид аст. Бо дарназардошти ин омил Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бунёди боғу токзор агар аз як тараф ҷойҳои кории зиёдеро фароҳам оварад, аз ҷониби дигар иқтидори содиротии кишварро зиёд менамояд. Яке аз масъалаҳои  муҳими аз ҷониби Президенти кишвар дар  назди  кишоварзон вогузоргардида, бунёд намудани 50 ҳазор гектар боғҳои мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин таҳия  намудани «Барномаи давлатии бунёди боғу токзорҳои нав барои солҳои 2015-2020»  мебошад.

Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2009 таҳти №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» корҳо рафта истодаанд ва бояд дар муддати панҷ сол 46901 гектар  боғу токзори нав бунёд шавад.

Натиҷаи амалишавии  фармони мазкур  нишон дод, ки дар давоми чор сол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 46337 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардидааст, ки 98,8 фоизи иҷрои нақшаро таъмин менамояд. Айни замон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти кишвар, ки аз Паём бармеоянд, дар вазорат гурӯҳи корӣ аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа оид ба таҳияи «Барномаи давлатии бунёд ва барқарорсозии  боғу  токзор барои солҳои 2015-2021» ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Таҳияи  Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»