Таъмини волоияти Конститутсия яке аз вазифаҳои Суди конститутсионист,

№136 (4398) 04.11.2021

- мегӯяд раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода

MEXA0210- Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайдоиши ниҳодҳои нави ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ, заминаи ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Мехостем, ибтидо назаратонро дар ин хусус баён созед.

- Дар ҳақиқат, бо қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ рукни мус­тақили ҳоки­мияти давлатӣ ­эътироф шуда, дар сатҳи қонунгузории мамлакат муқаррар гардид, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ адолати судиро мустақилона ба амал бароварда, дар татбиқи салоҳият танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат мекунад. Ҳамчунин, бори аввал дар низоми судии мамлакат ниҳодҳои мустақили судӣ — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуданд ва давра ба давра фаъолияти касбии онҳо такмил дода шуд.

Дар таъсис ва ташаккули мақомоти назо­рати конститутсионии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд, зеро маҳз бо ташаббуси Роҳбари дав­лат солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ таъсис дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки назорати консти­тутсионӣ дар кишвар соли 1990 бо таъсис ёфтани Кумитаи назорати кон­ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад, ки таъсиси он аз та­лаботи ҷомеа ва давлат дар ни­зоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод. Он на­зо­рат, риоя ва татбиқи меъёр­ҳои Конститутсияро амалӣ менамуд ва баъ­дан дар таъ­сиси Суди конститутсионӣ нақ­ши му­ҳим бозид.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионӣ иброз доштанд, «Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ ма­­қоми мах­сус дорад ва яке аз вазифаҳои авва­лин­да­ра­ҷаи он таъмини волоияти Конс­титутсия дар низоми са­надҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад».

Ҳамин тариқ, таърихи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон бо таърихи навини давлатдории хал­қи тоҷик алоқаи ногу­састанӣ дошта, таъсиси он аз Ис­тиқ­лолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон ибтидо мегирад.

- Тӯли  26 соли фаъолият Суди конститутсионӣ дар доираи салоҳият кадом корҳоро ба анҷом расонд?

- Суди конститутсионӣ дар низоми судии кишвар бо салоҳияти махсус фарқ мекунад. Ҳамин аст, ки он дар 26 сол зиёда аз 140 санади гуногуни судӣ (қарору таъинот) қабул кард, ки онҳо дар рушди ни­зоми ҳуқуқи муосири Тоҷикистон, таъмини қону­нияти консти­тутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд саҳми назаррас гузоштанд.

Суди конститутсионӣ ягона мақоми низоми ҳо­ки­­мияти судӣ ме­­бошад, ки салоҳияти он чун салоҳияти ди­гар мақомоти олии ҳо­кими­яти давлатӣ (Маҷ­лиси Олӣ, Президент, Ҳукумат) бевосита дар мод­даи 89 Кон­с­ти­тут­сияи Ҷум­­ҳурии То­ҷи­кистон пешбинӣ гардидааст.

Бо дарназар­дошти моддаи 89 Кон­с­титутсияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон, салоҳияти Суди конститутсионӣ дар моддаҳои 34-35 Қону­ни конс­ти­тут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конс­титут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон» муайян гар­­­дидааст, ки аз муҳимияти он дар ни­зоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ дарак медиҳад.

Конститутсия эълон медорад, ки санадҳои қабул­на­­­мудаи Суди конститутсионӣ қатъӣ мебошанд. Қатъӣ будани санадҳои Суди конститутсионӣ мақом ва моҳияти санади судиро нишон медиҳанд.

- То ҳол номутобиқатии кадом меъёрҳои қонун ва қарорҳо ба Конститутсия муайян ва бартараф карда шуданд?

- Суди конститутсионӣ бо нахус­тин қарор аз 26 мар­ти соли 1996 фармони Раёсати Шӯ­рои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 15 ноябри соли 1993 №134 «Дар бораи боздош­тани амали моддаҳои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон»-ро, ки онҳо шикоят карданро аз бо­лои асоснокии ҳабс ё дароз намудани муҳ­­­лати нигаҳ­дорӣ дар ҳабс ба суд манъ мекарданд, ғайриконститут­си­онӣ дониста, онро беэътибор эътироф намуд.

Ин қарори Суди конститутсионӣ ба шаҳрвандон им­­­коният фа­ро­­ҳам овард, ки ҳуқуқҳои конститутсиониашонро оид ба ҳифзи судӣ амалӣ намуда, ба суд бемамониат муроҷиат на­мо­янд.

Ҳамчунин, бо қарори Суди конститутсионӣ аз 16-уми октябри со­­­ли 2001 «Дар бораи муайян намудани му­тобиқати қисми 1 моддаи 303 ва қисми 1 моддаи 337 Ко­декси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии То­ҷи­кис­­тон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», моддаҳои зи­кр­­шу­даи Ко­­декс, ки ба тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда ҳуқуқи овар­дани шикояту эътирозро нисбат ба таъиноту ҳалномаҳои зинаи аввали Су­ди Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон маҳдуд карда буданд, ба Консти­тутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мухолиф дониста шуда, бе­эъ­ти­бор гардиданд. Қарори мазкур ба тарафҳо ва дигар ишти­рок­чиёни парванда ҳу­қуқ дод, ки онҳо аз болои таъи­ноту ҳал­номаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон ба тариқи кассатсионӣ шикояту эътироз пеш­­ниҳод намоянд.

Бо қарори Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон аз 20 январи соли 2005 «Дар бораи му­айян кардани мувофиқати моддаи 181 Кодекси муро­фи­авии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мод­да­ҳои 17, 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кистон», моддаи 181 кодекси мазкур, ки ҳуқуқи та­рафҳо ва дигар иштирокчиёни муро­фиаро оид ба овар­дани ши­ко­ят нисбат ба ҳалнома ва қарорҳои эъ­ти­бори қо­нунӣ па­йдокардаи судҳои иқтисодӣ маҳдуд ме­кард, ба ­Кон­ст­итут­сия номуво­фиқ дониста шуд.

Минбаъд, тарафҳо ва дигар иштирокчиёни муро­фи­а ҳуқуқ пайдо на­муданд, ки аз болои ҳалномаю қа­рор­ҳои эътибори қонунӣ пай­докар­даи судҳои иқтисодӣ шикоят намуда, ҳуқуқҳои конститутсио­ниашонро ҳифз намоянд.

- Суди конститутсионӣ ба ғайр аз қабули санадҳои судӣ боз бо кадом роҳҳо ҷиҳати таъмини қонунияти конститутсионӣ саҳм мегузорад?

- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол менамояд. Дар он фаъолияти солонаи Суди конститутсионӣ ва натиҷаи омӯзиши асноди ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатии ваколатдор оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат таҳлил гардида, диққати мақомоти мазкур ба ҳаллу фасли проблемаю масъалаҳои ҷойдошта равона мешавад. Пешниҳодҳои Суди конститутсионӣ минбаъд дар фаъолияти мақомоти қонунгузор ва иҷроияи мамлакат татбиқ шуда, ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.

Тайи даҳ соли охир дар номаҳои солонаи ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда зиёда аз 130 пешниҳод дар хусуси таҳкими қонунияти конститутсионӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, қабули санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, тағйири таҷрибаи мавҷуда бо дарназардошти амалияи ҷаҳонӣ ва ғайра ирсол карда шуданд, ки аксари онҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ татбиқ шуданд.

- Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ворид карда шуданд, ба фаъолияти Суди конститутсионӣ чӣ таъсир расонд?

- Албатта, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва ба танзим даровардани муносибатҳои нави дар ҷомеа пайдошударо тақозо менамояд. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо баҳри боз ҳам беҳтар таъмин намудани адолати судӣ, рушди мақомоти назорати конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд.

Ҳамчунин, тағйироти воридгардида, ҳуқуқ ва доираи субъектони муроҷиат ба Суди конститутсиониро васеътар намуд, ки ин тартиб дар аксар мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон дида намешавад.

Бо даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конс­ти­­­тутсионии Ҷум­­­­­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди ко­н­­­ститутсионии Ҷумҳурии То­ҷи­кистон», шумораи арзу шикоят ва пешниҳоду дархостҳои мақомот ва шаҳ­р­­ван­дон ба Суди конститутсионӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.

Санадҳои Суди конститутсионӣ дар таъмини во­ло­ияти Конс­ти­тут­сия, таҳкими қонунияти конститут­сионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақ­ши муҳим бозиданд.

- Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Бо зиёда аз 32 мақоми назорати конститутсионӣ ва якчанд ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем. Инчунин, узви Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи ҷавон, Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил мебошем.

Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ сол аз сол рушд намуда, дар байни мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон он ҷойгоҳи хос дорад. Зеро робитаҳо бо мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои Аврупо, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сол аз сол тавсеа ёфта, оид ба таҷрибаи судҳои конститутсионӣ, қабули санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мурофиаи назорати конститутсионӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.

Ҳоло Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳафт мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва мубодилаи таҷриба Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Инчунин, ба имзо расонидани боз якчанд Ёддошти тафоҳум бо судҳои конститутсионии дигар давлатҳо дар назар аст.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»