Таъмири роҳ ба ҷои сафари ҳаҷ

№115 (4065) 26.09.2019

Dushanbe - Kyrgyz Border Road Rehabilitation Project.Шунидам, ки дар ноҳияи Муъминобод сокини деҳаи Даштикалон Абдуҷаббор Нуров маблағҳои ҷамъовардаашро, ки мебоист модарашро ба тавофи Хонаи Каъба фиристад, сарфи таъмири 12 километр роҳ кардааст. Баъди ин хабари хуш роҳи манзили ӯро пеш гирифтам.

- Ман зодаи деҳаи Даштикалонам. Аз деҳа то маркази деҳот 12 километр ва то маркази ноҳия 30 километр роҳ аст. Дар фаслҳои зимистону баҳор роҳи Даштикалон то маркази деҳоти «Чилдухтарон» пурра хароб, омадурафти воситаҳои нақлиёт ва ҳатто одамон душвор мегардад. Аз ин хотир, бо модарам тасмим гирифтем, ки дар кори савоб шарик шавем, ки манфиаташ ба ҳама расад. Амале, ки савобаш ба дафтари аъмоли кас навишта мешавад.

Буданд ҳолатҳое, ки бо сабаби набудани роҳи дуруст модарон ба таваллудхонаи ноҳия нарасида фавтидаанд. Ба пиндори ман, ин ҳама мушкилро дидаву сарфи назар карда, «ҳаҷ» рафтанамон камоли хирад нест.

Модарам, ки аз оилаи зиёӣ аст, мақсадамро пай бурда гуфт:

- Э, бачаме, ин ҳамдеҳагон ин ҷо аз набудани роҳ азият кашанду мо ҳаҷ равем, Худоро хуш намеояд.

Аз ин лиҳоз, маб­лағҳои ҷамъкардаамонро барои таъмири роҳи аз Даштикалон то маркази деҳоти «Чилдухтарон», ки хеле харобу валангор буд, сарф кардем, — мегӯяд Абдуҷаббор Нуров.

Ҳангоми суҳбат бо Абдуҷаббор маълум гардид, ки ӯ як ҷавони бедордил аст. Аз суханони самимӣ ва шуниданиаш ҳисси баланди миллӣ доштанаш ба хубӣ эҳсос мегардад.

Амали хайраш панди озодвори зиндагист. Ӯ дар омади гап ривояти зерро ба ёд овард:

- Дар як гӯшаи деҳоти кӯҳистон Бобои ҳоҷии овозадор ва бодав­лате мезист, ки аз пушти бомаш роҳе мегузашт. Ҳар нафаре, ки аз он убур мекард, то ба зону дар лой меғутид ва албатта, аз як ё ду попӯшӣ маҳрум мегашт. Боре зане ҳамроҳи шавҳараш аз ин роҳ мегузаранд. Мард мебинад, ки попӯши занаш нест. Дасту остин барзада, ба кофтуков медарояд, вале ба ҷои кафши занаш як — ду мӯзаи бесоқи мардона ва пойафзол­ҳои хурду калон меёбад. «Пешина барои баъдина пул аст», — гуфта, мӯзаҳои резинии мардонаро ба пойҳои занаш пӯшонида, роҳашро давом медиҳад…

Ҳоло низ зиёданд ҳоҷиёни шуҳратпараст, ки камбудии аз мӯйи сар зиёдро нодида мегиранд. Дар ботини онҳо заррае аз муҳаббат ба Ватану миллат ба гумон аст, ки пайдо шавад. Худо кунад, ки сафи ҷавонони хайрхоҳ мисли Абдуҷаббор зиёд гардаду ҳар кадом баҳри ободии диёр саҳмгузор бошанд.

Рустам Сафаров, рӯзноманигор