Таҷрибаи Тоҷикистонро меомӯзанд

№136 (3282) 18.11.2014

Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ бо имзои раиси он В.П. Савченко роҷеъ ба омӯзиши таҷрибаи кори Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар қарор ба ташкилотҳои аъзои Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ тавсия дода мешавад, ки таҷрибаи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба корбарӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари аъзо ба ташкилоти иттифоқи касаба омӯзанд. Бо ин мақсад дар нашрияи махсуси «Бюллетени иттилоотӣ»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ ва маҷаллаи «Профсоюзы»  маводҳои зиёде аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст.  Аз ҷумла суханрониҳои  раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов ва  раиси Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.  Қаҳҳоров манзури хонандагони маҷалла гардонида шудааст.

-Албатта, ин боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи мо барои омӯхтану истифода бурдан тавсия мешавад. Воқеан борҳо зимни ҳамоишҳои байналмилалии ташкилотҳои иттифоқи касаба ба фаъолияти кумитаи мо баҳои баланд дода шуд.  Аз ҷумла Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷамъбасти  озмуни байналмилалии ташкилоти  беҳтарини иттифоқи касаба аз рӯи теъдоди аъзо ду маротиба ҷойи аввалро соҳиб гашта, бо «Диплом»-и Федератсия  қадрдонӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки имрӯз теъдоди   аъзои   иттифоқи  касабаи соҳавии мо ба беш аз 51 ҳазор нафар ва миқдори кумитаҳои  ибтидоӣ ба 1828 адад расидааст. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон бошад, ба  воситаи созишнома ва шартномаҳои  коллективӣ ба амал  оварда  мешаванд,-гуфт Д. Қаҳҳоров.

Б. Каримов, «Садои мардум»