Аз нишасти матбуотӣ

Табиати Ромит ба афзоиши оҳуи бухороӣ мусоидат мекунад

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

- Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ масоҳати умумии ҷангал 410000 гектарро ташкил дода бошад, алҳол ин рақам ба 421000 гектар расидааст, — дар ин хусус директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Мадиброн Саидов 26 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафоқул Султонов бошад, изҳор намуд, ки дар 6 моҳи соли равон дар масоҳати 844 гектар ҷангалзор бунёд шуда, дар 999 гектар корҳои барқароркунии ҷангалзор гузаронида шудааст. Ҳоло дар назди Агентӣ 5 ниҳолхона фаъолият мекунад. Илова бар ин, ҳар як хоҷагии ҷангал дорои ниҳолхонаҳои хурд мебошад, ки масоҳати умумии онҳо 43 гектарро ташкил медиҳад. Маҷмӯан, дар ниҳолхонаҳои тобеи Агентӣ алҳол 3,5 миллион бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ парвариш мешавад, ки ҳар сол 1,5 миллион бехи онро ба фурӯш мебароранд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба касоне, ки ба шикори ғайриқонунӣ машғул буданд, 31 санад тартиб дода шуд.

- Солҳои охир саршумори оҳуи бухороӣ, ки ҳайвони нодир ба шумор меравад, дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ба 340 сар расид, — гуфт Мадиброн Саидов. — Аз «Бешаи палангон» 5 сар оҳуи бухороиро бо мақсади зиёд кардани саршумор ба резервати биосферии «Ромит» овардем. Ромит табиати нодиру беҳамто дошта, барои афзоиши оҳуи бухороӣ мусоид аст. Боварӣ дорем, ки чун солҳои ҳаштодуми асри гузашта, теъдоди ин ҳайвони нодир афзоиш меёбад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал 782 санади вайронкунии қонунгузории ҷангал тартиб дода, зарари расонидашуда бо маблағи 284 ҳазор сомонӣ муайян ва 230 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

Мустафоқул Султонов аз он изҳори ташвиш кард, ки солҳои пеш қисми зиёди заминҳои фонди давлатии ҷангал (151,6 ҳазор гектар) бе мувофиқаи мақомоти соҳаи ҷангал ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (458 адад) табдил дода шудаанд. Маҳсулоти ҷангал дар ин заминҳо аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъоварӣ ва ба фоидаи шахсӣ истифода бурда мешавад. Аммо ҷангалзор бе назорату нигоҳубин монда, сол то сол хароб шуда истодааст. Ин ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолии хоҷагии ҷангал таъсири манфӣ мерасонад.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»