Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028»

«Табиати Тоҷикистон сайёҳонро мафтун кардааст»

№67 (3861) 31.05.2018

DSCN2822Суҳбат бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии ­Тоҷикис­тон Хайрулло Ибодзода

- Бо оғози татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли ҷорӣ мехостам аз иқдомоти башардӯс­тонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об ёдовар шавед.

- Ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ва фаъолона ширкат варзида, дар 18 соли охир аксар қатъномаҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба об қабул гардиданд.

Тибқи маълумоти СММ, истеъмоли оби тозаи нӯшокӣ дар панҷоҳ соли охир се баробар зиёд гардида, дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврию судбахш то соли 2050 қариб 5 миллиард аҳолии сайёра метавонанд аз истифодаи оби тоза маҳрум гарданд. Гарчанде масъалаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хусусан камшавии захираҳои оби ошомидании сайёра дар гузаш­та аз ҷониби олимону коршиносон пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирифт, вале имрӯз он дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавию миллӣ баррасӣ гашта, роҳҳои ҳалли он ҷустуҷӯ мешавад.

Бегуфтугӯ, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба масоили об шинохта шудааст. Моҳи октябри соли 1999 аввалин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54 — уми Маҷмаи умумии СММ доир ба эълон намудани Соли 2003 — «Соли байналмилалии «Оби тоза» пешниҳод ва дар Иҷлосияи 55 — уми ин созмони бонуфуз қабул гардид. Сарвари давлат дар суханрониашон қайд намуданд, ки: «Ин ташаббуси мо ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд».

Қобили зикр аст, ки бори аввал дар доираи ташаббуси Пешвои миллат гузориши муфассали СММ дар бораи вазъи захираҳои обӣ дар миқёси ҷаҳон таҳия гардид. Барои омода намудани гузориш 23 муассисаи махсуси СММ бо котиботи конвенсияҳо ҳамкорӣ намуда, дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ (ҳавзаҳои Менам, Пейпси, Рухуна, Сен, Сенегал, Титикака ва Токиои бузург) тадқиқот гузаронида, 11 мушкилоти асосии вобаста ба об ошкор шуд.

Тадқиқоти олимону коршиносони кишварҳои гуногун нишон доданд, ки пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон арзиши баланди инсонпарваронаро доро мебошад. Масалан, натиҷаи таҳлили акс­ҳои маркази кайҳоншиносии NАSА нишон медиҳад, ки дар сатҳи Замин зери таъсири омилҳои табиӣ-техногенӣ дигаргуншавии босуръати муҳити зист ва талафёбии экосистемаҳои он мушоҳида мегардад. Хусусан, тағйирпазирӣ бештар дар захираҳои обӣ ба назар мерасад. ­Маълум гардид, ки суръати таназ­зул ёфтани захираҳои барфиву яхӣ дар панҷоҳ соли охир ба ҳисоби миёна аз 5 то 20 маротибаро ташкил медиҳад. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зиёда аз 1000 пирях комилан аз байн рафтааст. Ин омор нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама бештар мебошад.

Моҳи августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Оби тоза» баргузор гардид, ки барои боз ҳам ҷиддитар намудани иқдомҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, бахусус эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015» заминаи мусоид фароҳам овард. Ин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш дастгирӣ ёфта, ба Эъломияи Форуми Душанбе шомил карда шуд. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015» ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мувофиқ буд. Тибқи ин эъломия, бояд то соли 2015 теъдоди аҳолии аз истифодаи оби тоза маҳрум ва дар шароити бади санитарӣ зиндагикунанда то ду баробар кам мегардид. Конфронси байналмилалии «Ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ» бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015» аз 30 — юми май то 1 — уми июни соли 2005 зери унвони «Ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ» баргузор гардид, ки дар ташкилу баргузории он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ниҳодҳои СММ саҳми муносиб гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҳар чӣ бештари диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ марти соли 2009 дар Ҳамоиши 5 — уми байналмилалии об дар шаҳри Истанбул масъалаи ­эълон намудани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» — ро пешниҳод намуданд. Он низ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва бо Қатъномаи СММ таҳти рақами A/RES/65/154, аз 20 декабри соли 2010 оид ба эълон намудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул карда шуд.

Чорабинии дигари сатҳи ҷаҳонӣ — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015» низ бо иқдоми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки соли 2005 дар ҷаҳон зиёда аз 1,2 млрд. нафар аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ ва беш аз 2,6 млрд. нафар ба меъёрҳои одии беҳдоштӣ дастрасӣ надоштанд. Дар соли 2015, яъне зимни давраи амалӣ гардонидани Даҳсола ин нишондиҳанда мутаносибан ба 750 млн. ва 2,5 млрд. расонида шуд.

- Моҳи марти соли ҷорӣ татбиқи иқдоми нави Президенти мамлакат — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз ёфт. Дар ин бобат чӣ нақшаҳо доред?

- Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017 Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» қабул шуд. Он маҷмӯи чорабиниҳоро барои дар сатҳи баланд татбиқ намудани даҳсолаи мазкур, инчунин мусоидат барои татбиқи муваффақонаи он дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла баргузории конференсияи байналмилалии сатҳи баландро дар бар мегирад.

Илова бар ин, 20 октябри соли 2017 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодабарии оқилонаи об — кафолати таъмини рушди устувор», 18 марти соли 2018 суҳбати гирди миз бо иштироки ходимони илмӣ ва олимони соҳа баргузор гардид. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи май баргузории боз як ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуд.

Инчунин, аз ҷониби олимон ва коршиносони Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об гузаронидани семинар — ­тренингҳо ба нақша гирифта шудааст, ки моҳҳои июн ва ноябри соли ҷорӣ баргузор мегарданд.

Аз ҷониби ходимони илмӣ китоб­ҳои «Объектҳои обии Тоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиӣ ва фарҳангӣ», «Кӯлҳои Тоҷикис­тон: пайдоиш ва истифодабарии онҳо» ва «Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масъалаҳои обии сайёра» таҳия гардиданд, ки рӯзҳои наздик нашр хоҳанд шуд.

Барои ташвиқу тарғиби ташаб­бусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об натиҷаи корҳои илмӣ — тадқиқотии марбут ба об ва ҳамбастагии онҳо бо истеҳсолот, гузаронидани тадқиқот оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар минтақаҳои ­бавуҷудоии ҷараён, дар мисоли ҳавзаи дарёҳои Кофарниҳон, Қизилсу ва Ёхсу амалӣ шуда, дар доираи пажӯҳишҳо методологияи гузаронидани корҳои илмӣ — тадқиқотӣ таҳия гардид. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби мутахассисон китоби «Қоидаҳои ҳифзи обҳои рӯизаминии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои ҳифзи обҳои зеризаминии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикию русӣ нашр гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор дастрас карда шуд.

- Дар мавриди «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

- Манзараҳои дилфиреб, кӯҳу чашмасорони кишвар ҳар як бинандаро мафтун мекунад ва аз ин неъмати Худодод бояд самаранок истифода барем. Бинобар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмунҳои ҷумҳуриявии экологиро байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзӯи «Тозагии манбаъҳои обӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост» ва дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Табиати Тоҷикис­тон — ҳамчун макони сайёҳӣ» эълон кардем.

Сайёҳии экологӣ яке аз намудҳои туризми табиӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи асосии он муаррифии табиати бою рангини кишвар ба сайёҳон, ҳифзи табиат ва расондани таъсири мусбат ба комплексҳои табиӣ мебошад. Дар навбати аввал ташкили саёҳат бо теъдоди ками иштирокчиён ба минтақаҳои табиӣ ва бо зиёрати маконҳое, ки дорои аҳамияти ­таърихию фарҳангӣ ҳастанд, бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ гузаронида мешавад. Ҷиҳати рушди туризми шикор ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ 28 июли соли 2017 Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвонот барои соли 2017» ба тасвиб расид, ки тибқи он барои шикори 85 сар гӯсфанди кӯҳии Марко — Поло, 3 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал), 12 сар бузи пармашох (Морхӯр) квота ҷудо гардид. Бо мақсади шикор ва тамошои манзараҳои нотакрори кӯҳӣ 150 сайёҳи хориҷӣ, ки 54 нафарашон шаҳрвандони ИМА ва дигарон аз Россия, Мексика, Италия, Олмон, Чили, Норвегия, Канада, Қазоқистон, Белгия ва Эрон буданд, ба ҷумҳурӣ омаданд.

Бо дарназардошти он ки сайёҳӣ низ соҳаи муҳим ба шумор меравад, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳият барои рушди он аз имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.

- Чун суҳбат дар арафаи 30-солагии таъсиси Кумита ва Рӯзи байналмилалии муҳити зист (5 июн) сурат мегирад, мехостам дар ин бобат низ чанд сухан гӯед.

- Аз таъсисёбӣ (соли 1988) то ин давра, бо тақозои замон Кумита борҳо табдили ном карда, дар сохтори он низ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1992 Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Соли 2004 дар натиҷаи якҷоя шудани ду мақоми давлатӣ сохтор Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ном гирифт. Соли 2006 кумитаи зикршуда ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Дар ин давра барои ҳамоҳанг сохтани меъёрҳои кишоварзӣ ба талаботи ҳифзи табиат кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд ва дар сохтори Вазорати кишоварзӣ зерсох­тор бо номи Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат арзи вуҷуд кард. Соли 2008 бошад, хадамоти мазкур бо қаро­ри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Боло рафтани рейтинги экологии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ғамхорию таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба вазъи санитарию экологӣ, ободонию кабудизоркунӣ, тозаю озода нигоҳ доштани за­хираҳои об, атмосфера, муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии кишвар шаҳодат медиҳад. Мақоми давлатии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз сохторҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон табдил ёфта, рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуда истодааст.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»