Ҳамкорӣ

Табодули иттилоот ба нафъи ҳар ду кишвар аст

№107 (3901) 01.09.2018

Без имени-1Чанде пеш ҳайати Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни мулоқоте, ки 27 август дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, байни ду марказ Ёддошти тафоҳум имзо шуд.

Президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал- майори мустаъфӣ Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ баъд аз ошноӣ бо МТС- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи фаъолияти ниҳоде, ки ба он сарварӣ мекунад, ҳикоя кард. Ӯ ба фаъолияти ҳамтоёни тоҷикаш баҳои баланд дода, гуфт, ки «Шумо кори бузургеро анҷом медиҳед». Ҷаноби Ҷаъфарӣ, алалхусус, ба омӯзишу таҳлилҳои дар мавзӯъҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақа, ки муҳаққиқони тоҷик анҷом додаанд, мароқ зоҳир намуд.

Директори иҷроияи Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, подполковники мустаъфӣ Холид Акрам пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳо миёни ду марказ дар бахши илмӣ – таҳлилӣ ба роҳ монда шаванд.

- Мо мақсад дорем, сомонае кушода, дар он мавзӯъҳоеро, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад ба ҷомеаи Покистон пешкаш намояд, ҷой диҳем, — гуфт Холид Акрам. – Дар навбати худ, мо низ метавонем маълумоти барои тоҷикистониён зарурро барои чоп пешкаш кунем. Ба ин восита сокинони ду кишвари ҳамфарҳанг бо иттилооти саҳеҳ таъмин мешаванд.

Номбурда пешниҳод кард, ки соле якборӣ дар ҳар ду кишвар конфронс доир ва дар онҳо масоили ҳамкориҳо дар самтҳои туризму тиҷорат, илму ҳунар, фарҳангу маориф баррасӣ гардад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи мутахассисони ҷавони тоҷик ҷониби Покистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд давраҳои кӯтоҳи омӯзиши сармоягузорӣ ва барои 20 нафар корманди МТС- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони англисиро ба роҳ монад.

Сармуҳаррири рӯзномаи маъруфи Покистон «Daily Herald Tribune» Ғулом Акбар иброз дошт, ки мамолики ғарбӣ ва баъзе кишварҳои бадхоҳ Покистонро ҷойгоҳи террористон қаламдод мекунанд, ки ҳақиқат надорад. Ҳоло 95 дарсади Покистон аз террористон озод аст. Покистониҳо аз таҳаммулпазиртарин мардуми дунё ба шумор мераванд.

Ғулом Акбар ба ҳайси рӯзноманигори собиқадор тасмим гирифтааст, ки дар бораи таъриху фарҳанг ва иқтисодиёти Тоҷикистон китобе таҳия намояд, ки он ба забонҳои англисӣ, урду, тоҷикӣ ва русӣ нашр хоҳад шуд.

Меҳмонони покистонӣ, инчунин, дар бораи тоҷикони Покистон, интихоботи чанде пеш баргузоршуда, роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Покис­тон маълумот доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ба меҳмонони покистонӣ намунаи наққошиҳои ҳунармандони тоҷик, маълумотномаи сайёҳӣ ва СД – диски мавзеъҳои сайёҳии мамлакатро тақдим намуда, таъкид кард, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни марказҳои стратегӣ ба рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»